Нашрияи Омӯзгор

Коркарди «Интернети сафед»

Сана: 2022-01-13        Дида шуд: 91        Шарҳ: 0

 

 

Дар Федератсияи Россия барои истифодаи кӯдакону наврасон «Интернети сафед» коркард мешавад. Ба иттилои вазири маорифи Федератсияи Россия Сергей Кравтсов, дар он ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, мессенҷерҳо фаъолият мекунанд.

-Мо истифодаи интернетро ба кӯдакону наврасон манъ намекунем ва бо роҳи имкониятҳое, ки муҳити таълими рақамӣ фароҳам меорад, меравем, аммо мазмуну муҳтавои маводи интернетие, ки бачаҳо мебинанд, бояд санҷида ва тасдиқшуда бошанд. Ҳамзамон, вазир таъкид кард, ки технологияҳои онлайнӣ танҳо системаи анъанавии таҳсилотро пурра мекунанд, вале ҷои онро комилан гирифта наметавонанд.

Бояд зикр намуд, ки роҳандозии «Интернети сафед» кӯдакону наврасонро аз дарёфти иттилооти манфӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет муҳофизат мекунад, зеро аз тариқи он тамоми маълумоти ба синну соли бачаҳо номувофиқ «филтр» гардида, сомонаҳои дорои мазмуну мундариҷаи номатлуб ба таври худкор баста мешаванд.

 

Мактаби «Киберспорт»

дар Ҷопон

«Киберспорт»  солҳои охир миёни дӯстдорони бозиҳои видеоӣ маъмулу машҳур буда, дар саросари олам ҳазорон нафар бо истифода аз компютери худ аз хона набаромада, дар мусобиқаҳои гуногун иштирок мекунанд. Барои боз ҳам такмил додани лаёқатҳои киберспортсменҳо дар Ҷопон тасмим гирифтанд, ки мактаби махсуси омӯзиши маҳоратҳои ин навъи варзиши маҷозиро роҳандозӣ намоянд. Бо ин мақсад дар шаҳри Шибуя мактаби «Киберспорт» бунёд гардида истодааст, ки моҳи апрели соли 2022  ифтитоҳ мешавад. Сомонаи расмии муассисаи таълимӣ аллакай ба кор даромада, дар он аксҳои зиёде аз дохилу беруни бинои мактаб ҷой дода шудааст. Мактаби мазкур бо дастгирӣ ва маблағгузории шуъбаи варзиши бузургтарин ширкати мухобиротии Ҷопон - «NTT» ва бошгоҳи футболи «Токио Верди» рӯйи кор меояд. Ба хонандагон на омӯзгорони одии мактабҳои миёна, балки варзишгарони маъруфу ҳирфаӣ ва кормандони ширкати «NTT» таълим хоҳанд дод.

Ба донишомӯзон 40 компютери бозигарии баландтехнологии «Galleria XA7C-R37» бо протсессори «Intel Core i7-11700» ва видеокорти «Nvidia GeForce RTX 3070» дода мешавад. Илова ба омӯзиши варзиши электронӣ, ҳамчунин, донишомӯзон барномаи таълимии мактабҳои миёнаи умумии Ҷопонро аз худ мекунанд.

 

Дар Қазоқистон филиалҳо боз мешаванд

Федератсияи Россия тасмим гирифтааст, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон филиалҳои нави донишгоҳҳои бонуфузи худро таъсис диҳад. Сараввал, ин иқдом дар суҳбати телефонии вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия Валерий Фалков бо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон Асхат Аймагамбетов баррасӣ гардид. Баъдан ҳайати намояндагони Қазоқистон бо роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон Канаш Ергалиев дар шаҳри Москва сафар карда, ҷиҳати татбиқи ин иқдом бо роҳбарони Институти физикаю техникии Москва, Донишгоҳи миллии тадқиқоти ядроии MИФИ ва Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов вохӯрда, музокирот анҷом доданд.

Дилафрӯзи Аваз, «Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш