Ҷашни Меҳргон таърихи беш аз чорҳазорсола дорад. Мардуми эрониасл онро аз ҳазораи II п. аз. м. инҷониб таҷлил менамоянд. Он дар моҳи Меҳр, рӯзи Меҳр, ки рӯзи 16-уми моҳ аст, баргузор мегардид.
Гоҳо онро як рӯз ё ду рӯз пеш ё баъд аз 10-уми моҳи Меҳр низ таҷлил мекарданд. Дар асл оғози моҳи Меҳр, яъне 1-уми Меҳр ба рӯзи эътидоли тирамоҳӣ рост меомад ва ниёгони мо ба хотири ҳамин эътидол ин рӯзро ҷашн мегирифтанд. Фасли тирамоҳ низ аз ин рӯз оғоз меёбад. Бинобар ин, барқарор намудани таърихи дақиқ ва воқеии ин ҷашн яке аз масъалаҳои муҳим бояд бошад.
Баъд аз Наврӯз Меҳргон бузургтарин ҷашн миёни мардуми ориёӣ ба ҳисоб мерафт ва ба монанди Наврӯз оини ягона ва одобу русуми вижа дошт. Ин ҷашн 6 рӯз, яъне то Ромрӯз давом меёфт. Рӯзи аввали ид Меҳргони омма ва рӯзи охираш Меҳргони хосса буд. Мисли Наврӯз ин ҷашнро низ метавон то 6 рӯз таҷлил намуд ва ба Меҳргони оммаву хосса ҷудо кард. Устураҳо ва ривоёт чунин мегӯянд, ки гӯё Аҳурамаздо ёқутро дар Наврӯз, забарҷадро дар рӯзи Меҳргон офаридааст. Дар ин рӯз Кова бар зидди Заҳҳок бархост ва Фаридун Заҳҳокро шикаст дод. Маънои Меҳр (Митро) – фурӯғ, рӯшноӣ, дӯстӣ, пайвастагӣ, пайванд, муҳаббат кардан, зидди дурӯғу дурӯғгӯӣ, паймоншиканӣ, номеҳрубонӣ аст. Хуршед (Хур, Хорс) – маънои дуюмдараҷаи Меҳр аст. Мегӯянд, дар ибтидо номи Меҳргон Бағоядӣ буд, ки маънояш ситоиши Худо ё худоён аст. Ба гуфтаи дигар, Бағ – лақаби Митро буд ва яд – ҷашн, яъне «ҷашни Митро». То давраи Ҳахоманишӣ чунин номида мешудааст. Дар «Авесто» яшти махсусе бо номи «Меҳряшт» омадааст. Банди 116-и он Меҳрро тавсиф медиҳад.
Тақвими эрониён то давраи Ҳахоманишӣ ба ду фасл: тобис-тону зимистон тақсим мешуд. Наврӯз оғози баҳору тобистон, Меҳргон оғози тирамоҳу зимис-тон ба ҳисоб мерафт. Ҳарду эътидоли шабурӯзӣ буданд. Ҳамчунин, дар аввалҳо ва дар замони Ҳахоманишиҳо низ оғози сол дар тирамоҳ ва моҳи Меҳр моҳи аввали сол будааст. Солшумории кишоварзӣ аз ин вақт оғоз мешуд ва шояд оғози соли таҳсил (хониш, митроӣ) аз сентябр боқимондаи ҳамин анъана аст.
Меҳргон се буъди табиӣ, устураӣ ва динӣ дорад:
а) табиӣ – эътидоли кайҳонӣ. Шабу рӯз баробар мешавад. Меҳр эзиди доварӣ, адолат ва додгустарист. Баробарии шабу рӯз далолат ба баробарӣ ва адолат дар умури гуногуни зиндагӣ мебошад. Дар ин моҳ ҷамъоварии ҳосил поён меёбад. Кишоварзон фурсати истироҳат пайдо мекунанд. Ҷамъоварии молиёт дар ин вақт оғоз мешуд.
б) устураӣ – Фаридун, Кова, Заҳҳок. Асли таърихияш шояд аз ғалабаи Дориюши бузург бар Гаюмоти муғ бошад, ки дар катибаҳои Бесутун ҳаст ва ӯро ситамгар тасвир кардаанд.
в) динӣ – дар Рими Қадим ҷашнгирии онро то 25 декабр бурда расониданд ва рӯзи тавлиди Хуршед донистанд ва пас аз қабули масеҳият онро бо таваллуди Масеҳ созгор намуданд, ки он дар фарҳанги гузаштагони мо аслан бо номи Ялдо маълум буд. Дар «Авесто», дар «Меҳряшт» ҷанбаи динии он нишон дода шудааст.
Оинҳои Меҳргон: пӯшидани либос ё камарбанди сурх, дар даст гирифтани навиштаҷоти табрикотӣ, ки ба он хушбӯиҳо пошидаанд (онро дар лифофаи зебо ва хушбӯ ҷойгир мекарданд).
Хони сурхранги меҳргонӣ: дар миёнаи он гули ҳамешабаҳор (шукуфта) ва дар атрофаш дигар гулҳо, шохаҳои ороишӣ аз дарахтони газ ва муруд мениҳоданд, меваҳои тирамоҳии махсус сурхранг, чун санҷид, ангур, анор, себ, биҳӣ, турунҷ (болнаг), анҷир, бодом, писта, фундуқ, чормағз, дӯлона, хурмо, хурмолу, донагиҳои бирёншуда ва ғ. мегузоштанд.
Хӯрданиҳо: аз орди 7 навъ ғалладонагӣ нони махсус омода мекарданд, нӯшокиҳои гуногун, аз ҷумла, нӯшокии ҳаомаро бо шир ё об ҳамроҳ карда истеъмол менамуданд. Рӯи хон ҳамчунин шамъ, шакар, ширинӣ, хӯрокҳои маҳаллӣ, хушбӯиҳо ва гулоб мегузоштанд. Имрӯзҳо дар Исфара чунин расм, яъне аз орди чанд намуд ғалладонагӣ омода кардани нони махсус боқӣ мондааст. Растании хома, ки хусусияти карахткунандагӣ дорад ва ба истилоҳи имрӯзаи табибон аз он моддаи эфедрин ҳосил мекунанд, дар Тоҷикистон зиёд аст ва мардуми деҳот барои даво аз он истифода мекунанд, махсусан, дар водии Зарафшон. Дар қатори маҳсулоти кишоварзӣ ба намоиш гузоштани растаниҳои дорувории Тоҷикистон низ дар ҷашни Меҳргон мувофиқи мақсад аст.
Пас аз тановули ғизо ромишгарон мусиқӣ менавохтанд ва рақсҳои гурӯҳӣ баргузор мешуданд. Оташ афрӯхта мешуд ва дар оташ сипанд, заъфарон ва анбар меандохтанд. Маълум аст, ки митроизм дар Осиёи Хурд (Анатолия) густариш дошт ва эҳтимоли идомаи ҳамон суруду рақсҳои меҳргонӣ будани самоъҳои орифонаи мавлавия дар Қуния ва ҳудудҳои Туркияи имрӯза тахмин зада мешавад. Дар водии Зарафшон рақси мардона ва гурӯҳии «Ҳу-ҳу якка» ҳамон манзараҳоро ба ёд меорад. Ин қабил рақсҳо ва рақсҳои суфиёнаи мавлавияро метавон дар намоишҳои ҷашни Меҳргон истифода намуд. Дар охири маросим мардум назди оташ даст ба дасти ҳам дода, аҳду паймони худро таҷдид мекарданд.
Гуфта мешавад, мусиқии хоси меҳргонӣ вуҷуд доштааст, ки ҳоло маълум нест. Аз «Дувоздаҳмақом» номи мақоми 11-ум Меҳргон буд, ки Абӯнасри Форобӣ дар китоби «Мусиқии кабир»-аш аз он ёд кардааст. Низомии Ганҷавӣ низ дар достони «Хусрав ва Ширин» номи лаҳни 21-ум аз 30 лаҳни Борбадро «Меҳргонӣ» мегӯяд. Бо истифода аз ғановат ва таърихи мусиқии классикии тоҷик бас-такорон ва мусиқидонон бояд мусиқии хоси меҳргониро пайдо кунанд ё эҷод намоянд. Мутаассифона, то имрӯз ҳатто Наврӯз чунин мусиқии хоси худро надорад. Наврӯз ва Меҳргон бояд мусиқии хоси худро дошта бошанд, ки онҳо ҳамчун гимни ин ду ҷашн шинохта шаванд.
Виркан Музаффарпур,
ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр