Нашрияи Омӯзгор

Соли пурбарор ва натиҷабахш

Сана: 2022-01-13        Дида шуд: 85        Шарҳ: 0

 

Дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон ҷаласаи таҳлилӣ ва натиҷагирӣ аз бурду бохти соли 2021-ум ва дастурҳо барои соли 2022 баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, сардори раёсати маорифи вилоят Ашӯралӣ Олимӣ ва дигар кормандони раёсати маорифи вилоят, мудирони шуъбаҳои маориф ширкат доштанд.

Фирӯза Шарифӣ оид ба нақши соҳаи маориф дар пешрафти ҷомеа, таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, бахусус, Роҳбари давлат ба ин соҳаи муҳим, дастовардҳои солҳои охир ва шароиту имкониятҳо барои таълиму тарбияи насли оянда дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳӣ изҳори назар намуд. Гуфта шуд, ки имсол дар озмунҳои “Илм фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – ватани азизи ман” омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои намоён ва ифтихорӣ  шуданд. Имсол низ ғолибони озмунҳо аз тарафи раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо Диплом ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Сипас, сардори раёсати маорифи вилоят Ашӯралӣ Олимӣ дар хусуси дастоварду муваффақиятҳои соҳа ибрози андеша намуд. Изҳор дошт, ки дар муассисаҳои таълимии вилоят 817 ҳазору 27 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 2020 - 2021-ум 37 ҳазору 411 нафар хонанда зиёд аст.

 Муовинон ва дигар мутахассисони Раёсати маорифи вилоят дар бораи самтҳои алоҳидаи фаъолият, иштироку натиҷаи олимпиадаҳои мактабӣ, таҳсил дар хориҷи кишвар, сохтмони биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ, имтиёз барои омӯзгорон ва ҳавасмандгардонии онҳо, дастгирии кадрҳои ҷавон, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ ва амсоли ин масоил табодули афкор анҷом доданд.

С. АЗИЗӢ,

“Омӯзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш