Нашрияи Омӯзгор

Кабинети методӣ – қалби муассисаи таълимӣ

Сана: 2022-01-13        Дида шуд: 128        Шарҳ: 0

 

Дар семинар-машварати «Нақши кабинети методӣ, Шӯро ва иттиҳодияҳои методӣ дар такмили маҳорати касбии омӯзгор», ки чанде    пеш  онро   Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ бо ширкати мудирони кабинетҳои методӣ,  роҳбарони Шӯроҳои методӣ ва иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва баъзе навоҳии тобеи ҷумҳурӣ доир намуд, таклифу пешниҳодҳо  дар бораи боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани кори  таълиму тарбия, истифода аз методҳои муосири таълим ва ба ин васила, баланд    бардоштани сатҳи дониши хонандагон сурат гирифт. Директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию  методӣ Ш. Ёрмуҳаммадзода  зимни таҳлили дастоварду нишондодҳо  хотирнишон сохт, ки  кабинетҳои методии  баъзе шуъбаҳои маориф  ҳанӯз натавонистаанд   фаъолияти Шӯроҳои методӣ ва иттиҳодияҳои методиро дар табодули таҷрибаи омӯзгорони ботаҷриба, баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон пурра истифода намоянд.   Шӯроҳои методӣ ва иттиҳодияҳои методӣ, гуфт Ш. Ёрмуҳаммадзода, метавонанд    ба раванди таълиму тарбия бо фаъолиятҳои густурда  саҳм  гузошта,  завқу шавқи хонандагонро ба омӯзиш   бедор карда, дар ширкат ба дарсу машғулиятҳои иловагӣ, саҳм гирифтан дар олимпиадаҳои фаннӣ ва ба даст овардани муваффақиятҳо  таъсири амиқ гузоранд. 

Сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қутбиддин Муҳиддинзода  қайд кард, ки имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолияти кабинетҳои методӣ, Шӯро ва иттиҳодияҳои методӣ бояд хеле густурда бошад. Донишандӯзии хонандагон ба маҳорати касбии омӯзгорон вобаста аст, агар омӯзгор кумаки методӣ надид,  ба шогирдон донишҳои зарурӣ дода наметавонад. Дар ин раванд, хотиррасон кард Қ. Муҳиддинзода, зарур аст, ки кори хадамоти методӣ ба таври бояду шояд ба роҳ монда шавад.

Мутахассиси пешбари шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти умумии МҶТМ Б.   Ҳайдаров оид ба вазифа ва шаклҳои асосии фаъолияти Шӯро ва иттиҳодияҳои методӣ дар муассисаҳои таълимӣ андешаронӣ кард. Вай қайд кард, ки   Шӯрои методии ҳар як муассисаи таълимӣ, пеш аз ҳама, барои ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимми методӣ, такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот, ки  ба   баланд бардоштани таълиму тарбия нигаронида шудааст, ташкил ёфта, ҳамзамон ба омӯзгорону мутахассисони ҷавон кумаки амалии таълимию методӣ мерасонад. Б. Ҳайдаров бо таассуф иброз дошт, ки    ҳанӯз ҳам баъзеҳо намедонанд, ки ин ду ниҳоде, ки барои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ таъсис дода мешаванд, ба кӣ итоат мекунад. Албатта, ин ду ниҳод ба мудири  муассисаи таълимӣ итоат карда, мудир фаъолияти онҳоро роҳбарӣ менамояд. Бояд дар хотир дошт, ки ба зиммаи Шӯрои методӣ масъалаҳои расонидани ёрии амалии методӣ, такмил додани сифати хадамоти методӣ, беҳтар намудани низоми таълиму тарбия, тайёрии касбии омӯзгорон, баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ, илмию методӣ, фаннӣ, психологӣ ва худомӯзии худи омӯзгорон   гузошта шудааст.

Бурҳон САЛМОН,                                           

муҳаррири маҷаллаи  «Масъалаҳои методикаи таълим»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш