Нашрияи Омӯзгор

Некном

Сана: 2022-01-13        Дида шуд: 113        Шарҳ: 0

 

Аз хотираҳои Мелибой Қодиров: Ману Вайдулло Бобоев аз соли 1953 то хатми мактаби миёна ва баъдан то хатми донишгоҳ бо ҳам будем. Ҳам дар мактаби миёна ва ҳам дар донишгоҳ паси як миз менишастему дар хобгоҳ ҳам панҷ сол дар як  ҳуҷра зиндагӣ кардем. Ман зодаи деҳаи Ворухаму азбаски дар деҳаи мо танҳо мактаби ҳафтсола буд,  маълумоти миёнаро дар деҳаи Кӯлканди ноҳияи Исфара, яъне зодгоҳи Вайдулло Бобоев гирифтам. Баъди хатми мактаби миёна соли 1955 мо ҳуҷҷатҳоямонро ба Донишгоҳи педагогии шаҳри Сталинобод ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) супорида, ба факултети физика-математика, ба ихтисоси физика ва асосҳои истеҳсолот дохил шудем. Азбаски Вайдулло Бобоев дониши бисёр қавӣ ва ба радиотехника шавқи зиёд доштанд, дере нагузашта дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон эътибори зиёд пайдо карданд.

Бисёр инсони оқилу соҳибмаърифат ва хирадманд буданд. Як луқма нонро бе рафиқон намехӯрданд. Он вақтҳо мо чор нафар дар як ҳуҷраи хобгоҳ зиндагӣ мекардем. Охири моҳ буду маблағе, ки бо худ доштем, тамом шуд. То гирифтани стипендия ҳанӯз 4-5 рӯзи дигар монда буд. Саҳарӣ гурусна ба дарс рафтем. Баъди машғулиятҳо боз ба хона омадему дар фикри он будем, ки чӣ кор кунем, то каме маблағ пайдо намоем. Ҳамин вақт дари ҳуҷра кӯфта шуд. Вақте дарро боз кардем, падари Вайдулло Бобоевро дидем. Хурсандии мо ҳадду канор надошт. Рӯзи дигар он кас ҳамаи донишҷӯёни исфарагиро ҷамъ намуда, дар соҳили дарёи Варзоб оши палав ташкил карданд. Дар сари дастархон дар бораи одаму одамгарӣ, дӯстиву бародарӣ ва дар лаҳзаҳои душвор дастгири якдигар будан панду андарзҳо карданд. Бо гузашти солҳо ман фаҳмидам, ки Вайдулло Бобоев хислатҳои неку наҷиби худро аз падари бузургворашон мерос гирифтаанд.

Баъди хатми донишгоҳ ҳарчанд Вайдулло Бобоев дар пойтахт монданду мо ба деҳаи худ баргашта бошем ҳам, рафтуомаду дидорбинии мо давом дошт. Соли 1988 ман бо аҳли оилаам ба дидорбинии Вайдулло Бобоев ба шаҳри Душанбе омадем. Давоми як ҳафта меҳмони хонадони онҳо будем.

Шодравон Вайдулло Бобоев ба илму дониш он қадар дода шуда буданд, ки дигар корҳо аз хотирашон фаромӯш мешуд. Баробари марди донишманду босавод буданашон, ташкилотчӣ ҳам буданд.

Чуноне ки гуфтам, дар бораи ин марди наҷиб, нексиришту некхирад, донишманди бузургу некном ҳар қадар ки  сухан гӯем, кам аст.

Аз хотираҳои Тӯйчӣ Қамаров:

Шодравон Вайдулло Бобоев дар давоми 5 соли донишомӯзӣ донишҷӯи қобилиятноки гурӯҳамон, аз ҷумла, дар соҳаи радиотехника ба шумор мерафтанду эҳсоси баланди инсондӯстию маърифатпарварӣ ва  худшиносӣ доштанд. Ҳатто яке аз муаллимони фанни радиотехника Шербаков ӯро шогирди беҳтарин шуморида, ба он кас ҳуқуқи дастурдиҳиро дода буд.  Ба ғайр аз ин, Вайдулло Бобоев ба мо ба тариқи ихтиёрӣ аз фанни радиотехника дарсҳои иловагӣ ҳам медоданд.

Баъди хатми Донишгоҳи педагогии шаҳри Душанбе  (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) ману ҳамгурӯҳамон Ҷалолиддин Пӯлодовро ба нашриёти давлатии Тоҷикистон (дар он давра ягона нашриёти чопи китобҳои дарсӣ ва маводҳои методӣ ба шумор мерафт) ба кор фиристоданду Вайдуллоро дар худи донишгоҳ дар кафедраи физикаи назариявӣ ба ҳайси омӯзгори радиотехника таъйин карданд. Маро баъд аз як соли кор дар нашриёт ба факултети физика, ба кафедраи методикаи таълими физика ба кор даъват намуданд. Ман дар факултети физика  ҳамроҳи Вайдулло Бобоев зиёда аз 20 сол фаъолият намудам. Ҳис намудам, ки дар шахсияти Вайдулло инсони ҳақиқӣ, меҳнатдӯст ва одамдӯстро мебинам. Дар донишгоҳ Вайдуллоро чӣ донишҷӯён ва чӣ омӯзгорони хурду бузург дӯст медоштанд. Дар давоми кори педагогиашон Вайдулло Бобоев ва ҷиҳати амалии фанни радиотехника бештар таваҷӯҳ зоҳир мекарданд. Аз ин лиҳоз, дар баробари кори педагогӣ дар донишгоҳ, дар якчанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе бобати ташкил кардани маҳфилҳои дӯстдорони радио кӯшиш ба харҷ доданд. Аз рӯйи тадқиқотҳояшон дар муассисаҳои таълимии шаҳр Вайдулло Бобоев рисолаи номзадии худро дар соҳаи педагогика ба анҷом расониданд ва унвони номзади илми педагогикаро соҳиб гардиданд.

Вайдулло Бобоев инсондӯст буданд. Кӯшиш мекарданд, ки ҳамеша бо ёру дӯстон ва ҳамкорон бошанду аз суҳбатҳои ҳамдигарӣ баҳраманд шаванд. Мехоҳам боз як лаҳзаи хотирмон бо Вайдулло Бобоевро ба ёд биёрам.

Ман  ҳамроҳи завҷаам дар осоишгоҳи «Зумрад» истироҳат доштем. Ин солҳои ба деҳаи Кӯлканд баргаштани Вайдулло Бобоев буд. Як рӯз нохост дар осоишгоҳ пайдо шудани Вайдуллоро дидем. Баъди пурсупоси хеле зиёд Вайдулло моро ба хонаашон таклиф намуданд. Баъди пурсиданҳои зиёде ҳавлии Вайдулло Бобоевро ёфтам. Ба ҳавлӣ ворид гаштам. Вайдулло пешвозам баромаданд. Баробари ба хона даромадан дидам, ки аз як тарафи хона то тарафи дигараш қисму ҷузъиёти радио овехта шудааст. Ба Вайдулло гуфтам, ки ин деталҳо барои чӣ лозиманд? Вайдулло гуфтанд, ки бачагони маҳалла барои омӯхтани радио ба наздам меоянд ва ба ҳар яке аз онҳо асбобҳои зарурӣ дар ин ҷо бударо медиҳам. Мо ҳарду хандидем. Вайдулло ба набераашон фармуданд, ки чой биёрад…

То имрӯз аз ин суҳбатҳои хотирмон бо аҳли хонаводаи  ҳамкурсонамон ёдовар мешавам. Худ ба худ мегӯям, ки кош, ҳама мардумон, алалхусус, ҷавонони даврони имрӯза монанди Вайдулло Бобоев дар хизмати Ватан бошанд.

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи «Методикаи таълими физика»-и факултети  физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Вайдулло Бобоев агар зинда мебуданд, 85-сола мешуданд. Дареғу сад дареғ, ки Вайдулло Бобоев дар байни мо нест, вале кори неку номи неки устод дар қалби мо ҳамсабақону дӯстон ва шогирдон ба таври  абадӣ ҷой гирифтааст.

Ёдашон ба хайр бод!

Тӯрақул Ҷумъаев,

Мелибой Қодиров,

Тӯйчӣ Қамаров,

Ниёзмуҳаммад Камолов,

собиқадорони соҳаи маориф

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш