Нашрияи Омӯзгор

45 сол дар хизмати мардум

Сана: 2022-01-13        Дида шуд: 91        Шарҳ: 0

 

20 феврали соли 1986 нахустин «Музейи китоб» дар шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) ба фаъолият шуруъ намуда буд. Ба хотири шиносоӣ бо «Музейи китоб» аз ҷумҳуриҳои Чехословакия (ҳоло Чехия), Полша, Ӯзбекистону Озарбойҷон ва Россия адибон, ходимони давлатӣ ва сиёсӣ ва бештар адибони тоҷик ташриф меоварданд. Ҳар яке дар дафтари қайдҳо андешаҳояшонро менавиштанд.

Шоири халқии Тоҷикисон, муаллифи Суруди Миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ 23 апрели соли 1986 чунин навишта буданд: «Ҳамду сано бод ба онҳое, ки ақлу фаросати миллати худро маҳфуз медоранд ва барои дардошноён армуғон мекунанд». Сабти дигари таассурот ин гуна аст:

«Дар ин ҷо, «Музейи китоб» мо аз хурдтарин то бузургтарин ва аз навтарин то қадимтарин китобро тамошо кардем ва ба ваҳд омадем».

Офарин бод ба ту, Сайфулло,

Хона додӣ бо кутубат оро.

Нури дониш биравад аз хона,

Равшаниҳо бидиҳад бар дилҳо.

Н. Ниёзӣ, М. Бобоҷонов, С. Шоҳзода, 14.05.1987». Гурӯҳи дигари адибони шинохтаи тоҷик андешаҳои хешро ин тавр иброз доштаанд: «Тамошои музейи китоб»-и Ӯротеппа ба мо таассуроти нек боқӣ гузошт. Чунин музей дар республика ягона аст, ташаккур ба ташкилкунандагон.

Масъуд Муллоҷонов, Саидалӣ Маъмур, Камол Насрулло, Ҷамолиддин Тошматов, 15.03.1989».

Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло боре бо Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева ва шоири маҳбуб Озод Аминзода, корманди масъули ҷамъияти китобдӯстони вилоят Дадоҷон Юсуфов ба Ӯротеппа меоянд. Мақсади сафар барои вохӯрӣ ва дидани «Музейи китоб» ва дорандагони китобхонаҳои шахсии Акбар Бобохоҷаев «Кошонаи Саъдӣ», Тоҷинисо Абдуҷалилова «Кошонаи Дилшоди Барно» ва Набиҷон Назаров «Панди Сино» мебошад.   Баъди аз автобус фаромадан ба ронандаи таксие муроҷиат мекунанд, ки моро ба хонаи Акбар Бобохоҷаев баред. Таксӣ онҳоро то таги дари ҳавлии он кас мебарад. Ҳангоми аз мошин фаромадан Озод Аминзода ба ронанда роҳкироро дароз мекунад. Ронанда маблағро нагирифта мегӯяд: «Мо аз меҳмононе, ки ба китобхонаи «Кошонаи Саъдӣ» меоянд, маблағ намегирем». Аз ин гуфтаи ронанда зиёда аз 45 сол шуда бошад ҳам, мардум ин суханони ронандаро фаромӯш накардаанд. Он ронанда кӣ буд, то ҳол  касе намедонад.

Баъди тамошо ва шинос шудан бо китобхонаи шахсии «Кошонаи Саъдӣ» бо роҳнамоии Акбар Бобохоҷаев ба «Музейи китоб» меоянд, ки он дар паси бинои Кумитаи шаҳрии партияи коммунистӣ дар толори рӯзномаи шаҳрии «Роҳи коммунизм» (ҳоло «Паёми Истаравшан») ҷойгир шуда буд.

 Дар ин ҷо мухлисони адибон ҷамъ омада буданд. Шоирон Гулрухсор Сафиева, Озод Аминзода ва Камол Насруллоро мухлисон ва котиби кумитаи ҳизбии шаҳрӣ Саврӣ Бердишукурова пешвоз мегиранд. Баъди шиносоӣ суҳбати самимӣ бо шеърхонӣ ба поён мерасад. Боиси хушист, ки ҳамон лаҳзаҳои нотакрор аккосӣ шуда буданд.

Дар акси якум: Камол Насрулло яке аз китобҳои худро ба сомеонаш муаррифӣ карда истодаанд. Баъд Озод Аминзода ва дар охир Гулрухсор Сафиева шеърҳои ба тозагӣ эҷоднамудаи худро ба мухлисон қироат карданд. Дар акси дуюм: дар назди даромадгоҳи «Музейи китоб» адибони тоҷик Гулрухсор Сафиева, Озод Аминзода ва Камол Насруллоро бо мухлисон аксбардорӣ намуданд. Дар акси сеюм: таваҷҷуҳ ба шеърхонии меҳмонон.

Ҳамин аксҳои таърихӣ хотираҳои нек аз ташрифи шоирон ба Ӯротеппа мебошанд. Онҳо ҳоло ҳам як гӯшаи «Музейи китоб»-ро оро дода, аз китобдӯсту маорифпарвар будани ташаббускорони ин ганҷина дарак медиҳад.

Сайфулло МАҲКАМОВ,

 рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш