Нашрияи Омӯзгор

Шоҳ Ҳабибов: Варзиш ҳаёти ман аст

Сана: 2022-01-13        Дида шуд: 93        Шарҳ: 0

 

Дар зиндагӣ одамонеро вохӯрдан мумкин аст, ки бо завқу салиқа ва рағбату истеъдоде, ки доранд, дар  ин ё он соҳа ба василаи заҳмату талоши ҳамвора ва омӯзишу ҷаҳду саъй ба қуллаҳои баланди  мурод расидаанд. Ин нафарон на танҳо худ аз пешаи интихобкардаашон қаноатманду сарфароз ва хушбахтанд, балки бо амалҳои шоёни таҳсинашон ба рушду пешрафти ҷомеа ва кишвар сабабгор шудаанд.

Устоди варзиш, Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллиму  тарбиятгари садҳо варзишгар, бахусус, дар намуди бозии футбол Шоҳ Ҳабибов аз қабили ҳамин гуна ашхоси соҳибнуфузу шинохта, заҳматкаш, қобилиятманд ва дар айни ҳол хоксору фурӯтану ташаббускор маҳсуб меёбад, ки кайҳост мактаби таҷрибаи пешқадами хешро ташкил намуда, дар ҳар ҷое, ки фаъолият намудааст, аз қавли шоир, «зиндагиро бо зарби хеш озмудааст» ва ҳароина, ба муваффақияту пешрафтҳо ноил гардидааст. Гӯянд, ки «сухан аз даҳони Луқмон хуш аст», аз ин рӯ, беҳтару воқеитар аз суханони худи Шоҳ Ҳабибов чӣ чизе болотару бартар буда метавонад.

«Қариб 40 сол аст, ки ба варзиш ва тарбияи насли наврас машғулам. Варзишгар шудан аз айёми хурдсолӣ дар дилам маъво гирифта буд. Ҳангоми мактабхонӣ ба варзиши сабук машғул шуда, ҳатто соли 1974 чемпиони собиқ вилояти Кӯлоб ҳам шудам. Маҳз талошу саъйи рӯзафзуни маро ба мушоҳида гирифта, мураббии вақти дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор маро ба ин даста даъват кард. Дар идома  варзишгари  шинохтаи ҷумҳурӣ афзуд, ки дар тими «Ҳосилот» бо шавқу шӯр ва неруи ҷавонӣ иштирок намудааст. Соле пас даста дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ғолиб омада, барои иштирок дар мусобиқаи умумииттифоқии «Хӯшаи тиллоӣ», ки дар Украина баргузор гардид, роҳхат гирифта иштирок намуд… Меҳру муҳаббати варзиш, хоса футбол, чунонки футболбозони машҳури ҷаҳонро, Пеле, Марадона, Бекенбауэр, Блохин, Месси, Роналдо ва садҳои дигарро чун ҷон дар бадан фаро гирифта буд, Шоҳи ҷавонро низ амиқан домангир гардида буд. Мактаби рақами 5-и зодгоҳашро хатм намуда, ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии кишвар дохил гардида, онро соли 1983 бомуваффақият ба итмом мерасонад. Ба зодгоҳаш баргашта, нахуст ҳамчун мураббии мактаби варзиши наврасони Ҷамоати деҳоти Ватан, баъдан ба сифати директори мактаби мазкур ифои вазифа менамояд. Устод Ш.Ҳабибов бо  шавқу меҳри беандоза дар ин вазифаҳо фаъолият карда, бо талошу иқдомҳои хеш баҳри пешрафту нуфузманд гардидани мактаби варзишии ҷамоат басо ранҷ кашиду такопӯ кард. Хоҷагӣ дорои варзишгоҳи замонавӣ буда, дар қаламрави он дастаи футболбозон бо номи «Пахтакор» амал мекард ва дар озмуну мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ дар лигаи якум баромад мекард. Ба тасдиқи рӯзноманигорони шинохта Мирзо Рустамзода ва Самариддин Асозода, бо дастгирии ин дилбохтаи варзиш дар мактаб гурӯҳҳои футбол, гӯштини дзю-до, шоҳмот амал менамуданд. Дар давоми ду сол мактаби варзишӣ дар озмуну мусобиқаҳои гуногун ширкат варзида, ба гирифтани ҷоизаҳою  ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гардида, шарафи ноҳия ва вилоятро дар ҷумҳурӣ баланд бардоштанд. Соли 1989 дастаи футболи «Меҳнат» (он вақт «Умед») дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид… Хуллас, ба қавли Ш.Ҳабибов, дар ин муддат, ки мактаби варзишӣ фаъолият мекард, зиёда аз 100 нафар варзишгар аз рӯйи намудҳои гӯштини дзю-до, шоҳмот ва футбол соҳиби меъёрҳои дараҷаҳои якуму дуюм ва саввум гардиданд». Ш.Ҳабибов  солҳои навадум ба пойтахт омада, солҳои 1995-2000-ум ба ҳайси сармураббии мактаби варзишии назди ҳукумати шаҳри Душанбе фаъолияти худро ба роҳ мемонад. Аммо дар қалбу шарёнҳои ин футболбози моҳир оташи иштиёқи мустақиман дар майдон маҳорату қувваи худро дар намуди футбол ба намоиши мухлисон  гузоштан аланга мезад. Аз ин хотир, соли 2002 ба дастаи футболи ССКА-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҳамчун сардори он  (капитан) пазируфта шуд. Оре, сармураббии даста устоди варзиш собиқ ИҶШС, Мураббии хизматнишондодаи Тоҷикистон Леонид Кирилленко ва мураббии  даста Раҳмат Ҳасанов дар интихоби Шоҳ Ҳабибов ҳамчун сардори  тими футбол хато накарда буданд. Ш.Ҳабибов ҳамчун сардори даста пайваста аъзои онро ба машқу тамринҳо ҷалб менамуд. Ва талошу заҳматҳои сардори даста барабас намерафт. Дар шароити он солҳо аз натиҷаҳое, ки даста дар даври аввали мусобиқоти шаҳри Душанбе оид ба футбол ноил гардид, ҳама дар ҳайрат монда буданд. Бачаҳо (аъзои тим) дар ҳар як вохурӣ шавқу рағбати зиёд доштани худро ба бозии футбол нишон медоданд. Маҳорати баланд, мубориза барои дар ҳар лаҳзаи бозӣ ба даст овардани тӯб ва устуворӣ дар хатти ҳимоя хоси бозии ҳайати даста ба шумор мерафт… Солҳои баъдӣ устод  Шоҳ Ҳабибов дар вазифаҳои сармураббии дастаи «Захираҳои олимпӣ»-и назди ҳукумати шаҳри Душанбе, муаллими тарбияи ҷисмонии Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон, сармураббии  мактаби варзиши наврасон ва кӯдакони назди ҳукумати шаҳри Душанбе, директори варзишгоҳи «Бофанда», муаллими тарбияи ҷисмонии  ДМТ ва аз соли 2013 то ин дам ҳамчун директори варзишгоҳи «Истиқлол»-и ДМТ ва сармураббии дастаи яккачини футбол фаъолият мекунад. Таҳти роҳбарии мураббӣ Ш.Ҳабибов дастаи яккачини футболи ДМТ аз ҳисоби бонувон дар мусобиқаҳои байни донишгоҳу донишкада ва коллеҷу литсейҳои ҷумҳурӣ маҳорати баланд нишон дода, ҳамасола пирӯзӣ ба даст меорад. Ба таъкиди Ш.Ҳабибов, дастаи футболи донишҷӯдухтарони ДМТ аз соли 2016 фаъолият дошта, дар ҳайати он Устоди варзишии ҷумҳурӣ Рафоат Қувватова, Парвина Каримова, Нурия Наимова, Мафтуна Каримова, Мижгона Давлатзода, Ситора Умарова, Фарома Шодмонбекова, Моҳчеҳра Аҳадова ва дигарон маҳорати баланд нишон медиҳанд. Чунонки мураббӣ ва варзишгари соҳибмактаб, устод Шоҳ Ҳабибов мегӯяд, бе варзиш ҳаёти худро билкул тасаввур карда наметавонад. Варзиш заминаи боэътимод ва асоси солимию бардамии аҳли ҷомеа мебошад. Мутаассифона, на ҳама  ба таври амиқу ҳаматарафа моҳияти ин бахши муҳимро дар ҳаёти кишвар дарк мекунанд. Ҳангоми дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов кор кардани Ш. Ҳабибов,  муаллим (бонуи русзабоне)  ошкоро зидди таълими тарбияи ҷисмонӣ мебарояд ва ҳатто пешниҳод мекунад, ки ин фан аз ҷадвали дарсҳо бароварда шавад. Хайрият, ректори вақти донишгоҳ дар ҷаласае ба имдоди устод расида, ба он бону посух дод, ки «саломатӣ бароямон ҳар рӯз, ҳар лаҳзаю соат лозим аст».

Дар назди ман, рӯйи миз бастае мехобад, ки дар он сурату ифтихорномаҳо, маълумотномаҳои биографию дастовардҳои варзишӣ, матолибу мақолаҳои зиёди дар солҳои гуногун иншошуда дар бораи корномаи меҳнатии Ш. Ҳабибов  ҷамъ оварда шудааст. Хусусан, чаҳор маҷмуаи барномавӣ, ки бо ибтикори рӯзноманигор С. Асозода дар боби ташкил ва баргузор намудани мусобиқаи футбол бо дастгирии устод Шоҳ Ҳабибов дар солҳои 2006, 2008, 2013, 2017 таҳия ва чоп  шудааст, аз он шаҳодат медиҳад, ки Ш. Ҳабибов чун варзишгари шинохтаву маъруф дар сартосари ҷумҳурӣ дар масъалаи ташкил ва ба роҳ мондани чорабиниҳои варзишӣ, хусусан, мусобиқаи футбол дар минтақаҳо саҳми намоён мегузорад. Дар суҳбате Ш. Ҳабибов изҳор намудааст, ки «агар ба ман савол диҳанд, ки ҳаётро аз нав бо чӣ сар мекардӣ, дар посух мегуфтам, ки аз варзиш. Зеро пас аз хатми донишкада то кунун дар соҳаи варзиш фаъолият мекунам. Шогирдони бисёреро дар риштаи варзиш тарбия карда, ба камол расондаам. Шумори зиёди онҳо пайраҳаи маро интихоб кардаанд».

Оре, варзиш дар зиндагӣ сарнавишт ва роҳи зиндагии устод Ш. Ҳабибов мебошад.

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш