Нашрияи Омӯзгор

Неруи тавонои тарбиятгар

Сана: 2022-01-13        Дида шуд: 75        Шарҳ: 0

 

Дар зинаҳои аввали таҳсилот дар мактаб шогирдон ба моҳияти зебоӣ бештару хубтар сарфаҳм мераванд, завқи зебоишиносиашон ташаккул меёбад, зебоии аслиро аз зебоии сохта фарқ мекунанд, ба навъҳои гуногуни фарҳангу мусиқӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Хонандагон дар бораи санъати меъморӣ, кандакорӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ тасаввурот ҳосил мекунанд ва мувофиқи шавқу завқашон дар ягон соҳа қобилияти худро  месанҷанд, ҳунар меомӯзанд. Хонандагон ба маҳфилҳои гуногун ҷалб мешаванд ва тасаввуроти хешро дар бораи навъҳои гуногуни санъат ғанӣ мегардонанд. Толибилмон суруду таронаҳои мардумиро ҷамъ меоранд, нозукиҳои ҳунари чӯбкорӣ, гилкорӣ, кашидадӯзӣ, гаҷкориро меомӯзанд. Онҳо таронаҳои қадим, зарбулмасалу мақол, афсонаю ривоят, қавоиди расму оинҳоро гирд оварда, барои эҳёи ҳунарҳои халқӣ мекӯшанд. Шогирдон дар ин синну сол бештар ба оғӯши табиат мераванд, зебоии табиат, замин, корҳои деҳқониро амиқтар дарк менамоянд.

Дар мактаб маҳфилҳои эҷодиёти халқ, озмунҳои «Ҳунар беҳтар аз мулку моли падар» созмон дода мешаванд. Хонандагон дар озмуни «Ғунчаҳои санъат», тантанаҳои ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Меҳргон иштирок мекунанд. Дар озмуни «Сарояндагони ҷавон» шогирдон оҳангҳо менавозанд, таронаҳо мехонанд.

Дар ин зина шогирдон бо навъҳои гуногун рақсу оҳангҳои мардумӣ, бадеҳаҳо ва бузургтарин мероси миллӣ - «Шашмақом», «Фалак» ва шуъбаҳои онҳо шинос мешаванд, таронаю оҳангҳо мешунаванд, худ сурудҳои сабуки классикиро замзама мекунанд, навохтани баъзе оҳангҳои шӯхро ёд мегиранд.

Адабиёти бадеӣ дар тарбияи ҳисси зебоишиносии шогирдон мавқеи бузург ишғол менамояд. Хонандагон бояд ҳар чӣ  зиёдтар китоби бадеӣ хонанд, онро таҳлил кунанд ва зебоии  асари бадеиро дарк намоянд. Асари бадеӣ ба хонандагон таъсири бағоят калон расонда, ҳиссиёт ва тахайюли онҳоро ташаккул медиҳад. Шогирдон бояд ба театр оянд ва ба муҳтавои спектаклҳову сатҳи бозии ҳунармандон сарфаҳм раванд. Дар мавзуъҳои «Фалак», «Шашмақом» -мероси гаронбаҳои миллӣ», «Ҳунарҳои машшоқӣ, ҳунёгарӣ ва хаттотӣ», «Навъҳои писандида» ва ғайра суҳбатҳо бояд орост, бо шоирону нависандагон ва ҳунармандони маъруф мулоқотҳо баргузор ва аз рӯи асарҳои бадеӣ конфронсҳо ташкил бояд кард.

Барои зинаҳои аввали таҳсилот, бо ҳадафи тақвияти тарбияи зебоишиносӣ чорабиниҳои зерин пешниҳод мешаванд:

-тарбияи муносибати дуруст ба табиат, меҳнат, варзиш, ҳаёти ҷамъиятӣ, санъат, адабиёт ва ҳаёти фарҳангӣ;

-шиносоӣ бо олимон, бастакорон ва ходимони варзидаи санъату адабиёт;

-ҷашн гирифтани санаҳои таърихӣ ва анъанаҳои миллӣ;

-ҳимояи зебоии табиат, ҷомеа ва муҳити зист;

-омӯхтани тарзи муомила ва суханронӣ;

-ташкили саёҳатҳо ба табиат ва ҷойҳои таърихӣ;

-мустақилона баррасӣ карда тавонистани зебоии табиат ва ҳаёт;

-ташкили саёҳат вобаста ба мавзуи «Ватанам - Тоҷикистон»;

-шиносоӣ бо қонунҳо оид ба ҳимояи осори таърихӣ ва мавзеъҳои махсус;

-ташкил ва гузаронидани саёҳатҳо ба осорхонаҳо, намоишгоҳҳо, таҳияи гӯшаҳои зебоӣ, албомҳо доир ба санъат, ҳаёти адабию фарҳангии мамлакат, ноҳия, деҳа, маҳалла;

-иштирок дар яке аз маҳфилҳои санъат, адабиёт, рассомӣ ва ғайра.

Зебои неруи тавонои тарбиявист. Истифодаи ин неру ба омӯзгорон ва раҳбарони синфҳо барои ҳар чи бештар фарогиру самарбор гаштани фаъолияташон мадад мерасанад.

Розия Қурбонбекова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №87-и ноҳияи Сино

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш