Нашрияи Омӯзгор

Волидон ва тарбияи фарзанд

Сана: 2022-01-13        Дида шуд: 78        Шарҳ: 0

 

Тарбия ҳанӯз аз батни модар сарчашма гирифта, аз рӯзҳои нахустин волидайн вазифадоранд масъулиятро бар дӯш гирифта, фарзандро бо одобу ахлоқи ҳамида тарбия намоянд. Аммо афсӯс, ки баъзе падару модарон ба рафтору кирдори фарзандонашон беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд, ки дар натиҷа фарзандон саркашу бадхӯ калон мешаванд, дар мактаб ва ҷойҳои ҷамъиятӣ тартибу интизомро риоя намекунанд, ба гапи омӯзгорон ва калонсолон гӯш намедиҳанд, бо бачаҳои гузар ва ҳамсабақонашон ҷангу хархаша мекунанд. Волидайни ин гуна наврасон ба ҷойи тарбияву насиҳат ва бо омӯзгорони фаннӣ робитаи зич барқарор кардан, баръакс, ба муассиса омада, ба муаллимон дӯғу пӯписа карда, бо тарафгириҳо боиси эркаю нозпарвард, якраву худхоҳ шудани онҳо мегарданд. Албатта, чунин фарзандон дар оянда зарари худро ҳам дар ҷомеа ва ҳам ба наздикони худ мерасонанд.

Сабаби асосии бетарбия ба воя расидани фарзанд аз оила оғоз  меёбад. Ва сароғози заминаҳои тарбияти инсон дар замони фаротар аз ин, дар замони интихоби дурусти ҳамсар маҳсуб меёбад. Яъне барои ба дунё овардани насли солим издивоҷи хешутаборӣ зиён дорад. Оила қадимтарин муассисаест, ки аз замони инсоният арзи вуҷуд дорад ва агарчи умри чандҳазорсрларо дорост, ҳарчиз куҳна намегардад. Оила  даргоҳи муқаддасест, ки хушиву офияти инсонро таъмин менамояд, барои тарбияи фарзанд шароиту имконияти мусоид фароҳам меорад. Тарбия се зинаро дар бар мегирад: 1.Оила. 2. Мактаб. 3.Муҳит ва ҷомеа.

Падару модарони босавод ба хубӣ медонанд, ки фарзандашонро на барои хурсандии худ, балки ба он мақсад тарбия менамоянд, ки ҳамчун вориси сазовор ба воя расанд ва ба халқу Ватан содиқона хизмат намоянд. Дар баробари ин, хуб медонем, ки агар фарзанд тарбияи бад бигирад, таъсири он ба оила ва ҷомеа низ мерасад. Оила арзиши муқаддас аст. Дар оила аъзои он ба қадри якдигар бояд бирасанд. Ва якдигарро иззату эҳтиром бикунанд. Агар волидон нисбат ба якдигар беэҳтиромӣ зоҳир намоянд, ҳамдигарфаҳмӣ дар оила набошад, рафтору кирдори падару модар дар оила хуб набошад, ба тарбияи фарзанд (психикаи фарзанд) таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳар як падару модар бояд дарк намоянд, ки фарзанд дар боғи зиндагӣ ниҳол асту бе обу ҳаво, бе рӯшноии офтоб, бе нигоҳубини боғбон хуб намесабзад. Бояд ба ниҳол шароити хуб фароҳам оварем, то ки сабз гардаду самар диҳад.

Алоҳида БОЛТАЕВА,

мураббии мактаб-интернати №2,

шаҳри  Душанбе

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш