Яке аз роҳҳои санҷиши донишу маҳорат ва малакаҳои хонандагон гузаронидани корҳои хаттӣ мебошад. Мувофиқи барномаи таълимии фанни физика дар синфи 8-ум 5 кори санҷишӣ бояд гирифта шавад. Вобаста ба шароитҳои мавҷуда омӯзгор метавонад миқдор, мавзуъ ва вақти гузаронидани кори санҷишӣ, ҳамчунин, тарзи самаранок гузаронидани онро ба нақша гирад. Дар синфи 8-ум корҳои санҷишӣ баъди гузаштани 9-15 соати мавзуи дарсӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар боби «Ҳодисаҳои ҳароратӣ» ва «Ҳодисаҳои электрикӣ» дутогӣ ва дар боби «Ҳодисаҳои магнитӣ» як кори санҷишӣ ба нақша гирифта шудааст. Хуб мешуд, ки омӯзгор як ё ду соат пеш аз кори санҷишӣ ҳамроҳи хонандагон доир ба мавзуъҳои гузашта масъала ҳал намоянд. Дар ҳар ҳар як кори санҷишӣ 25 намуна гирифта шудааст. Дар ҳар як намуна се масъала ба тариқи тестӣ интихоб карда шудааст. Омӯзгор ҳар як намунаро ба воситаи компютер дар варақчаҳои алоҳида чоп карда, ба дасти хонандагон доданаш лозим аст. Ба чунин тарзи гирифтани корҳои санҷишӣ мо метавонем хонандагонро барои ба донишкадаҳо дохил шудан тайёр намоем. Чунки ҳамаи донишкадаҳои мактабҳои олӣ имтиҳонҳои дохилшавӣ ба таври тестӣ гирифта мешавад.
6 намунаи кори санҷишӣ пешниҳод карда мешавад:
Намунаи 1
1. Волтметр муқовимати 1200 Ом дорад ва шиддати 120 В-ро нишон медиҳад. Ҷараёни аз волтметр ҷоришаванда чӣ қадар қувва дорад?
А. 0,01 А; Б. 10 А; В. 0,1А.
2. Реостате, ки аз сими нихромии дарозиаш 5 м ва масоҳати буриши арзиаш 0,8мм2 сохта шудааст, чӣ қадар муқовимат дорад.
А. 0,68 Ом; Б. 6,8 Ом; В. 7,4 Ом.
Намунаи 2
1. Ҳангоми 400В будани шиддат қувваи ҷараён дар муҳаррики электрикӣ 92 А аст. Тавоноии чараёни аз печакҳои муҳаррик ҷоришавандаро муайян кунед.
А.36,8 Вт; Б. 368 Вт; В.3,68 Вт.
Намунаи 3
2. Тафслампаи электрикӣ дар шабака шиддати 127 В пайваст аст ва аз он ҷараёни қувваи 0,5 А ҷорист. Ин тафслампа дар муддати 10 дақ. чӣ қадар корро иҷро мекунад.
А.3810 Ҷ; Б. 38,1 кҶ; В.3,81 Ҷ.
Ш. Тағоев,
омӯзгори литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотун-и ноҳияи Данғара
Иловакунӣ
Иловакунии фикр