Сол то сол сохтмону таъмири муассисаҳои таълимӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон вусъат гирифта, дар даҳ моҳи охир 75 иншооти соҳаи маориф барои 14793 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шудааст.
Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва савияи донишандӯзии хонандагон, дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят роҳандозӣ шудани як қатор тадбирҳо аз қабили таъсиси Стипендияи раиси вилояти Хатлон барои 70 нафар хонандаи болаёқат, бо маблағи 3000 сомонӣ қадрдонӣ шудани як идда директорони муассисаи таълимӣ бо маблағи 10000 сомонӣ мукофотонидани хонандагоне, ки синфи 11-ро бо аттестати аълои универсалӣ (бо медали тилло ва нуқра) хатм менамоянд, дастгирии кормандони соҳаи маориф, ки ба унвони номзад ё доктори илм мушарраф гардидаанд (3-5 ҳазор сомонӣ), аз тадбирҳое мебошанд, ки ба рушди соҳа таъсири мусбат расониданд.
Соли ҷорӣ, ҳамчунин, 70 нафар хонандаи болаёқат ба Стипендияи раиси вилояти Хатлон сазовор гардиданд.
Ҳамзамон, дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.07.2021, №1034, дар соли таҳсили 2020-2021 5 нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо аттестати аълои равияҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медалҳои тилло ва нуқра мукофотонида шуданд.
Дар соли таҳсили 2021-2022 аз 44765 нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят, 479 нафар ба хориҷи кишвар, 25378 нафар тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1011 нафар ба 4 донишгоҳ, 534 нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар, 6027 нафар ба гурӯҳҳои мақсадноки коллеҷҳо (2842 нафар ба коллеҷи тиббӣ, 1499 нафар ба коллеҷи омӯзгорӣ, 1686 нафар ба дигар коллеҷҳо), 1535 нафар ба литсейҳои касбӣ-техникӣ ва 2409 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ (дӯзандагӣ, ресандагӣ, бофандагӣ) дохил шуданд, ки теъдоди умумиашон 37373 нафар (14989 нафар духтар)-ро ташкил мекунад.
Хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар соли таҳсили 2020-2021, дар даври ниҳоии олимпиадаҳо (ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ) соҳиби 606 ҷойи ифтихорӣ гардиданд, ки аз онҳо 106 медали тилло, 138 медали нуқра ва 362 медали биринҷӣ мебошад. Хонандагони синфҳои 11 сазовори 87 ҷойи ифтихорӣ гашта, соҳиби 10 медали тилло, 15 медали нуқра ва 62 медали биринҷӣ гардидаанд. Муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумии вилоят ба 24947 компютер ва 4190 принтер таъмин мебошанд.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» дар шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии вилоят тайи 15633 адад компютер ва 910 адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда мешуд. Мутаассифона, то ин дам 4017 адад компютер ва 309 тахтаи электронӣ харидорӣ шудаасту халос.
Дар нуҳ моҳи соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 125 ҳолати содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 ҳолат кам мебошад. Ҷиноятҳои содиршуда аз тарафи 89 нафар ноболиғ ба қайд гирифта шуданд, ки аз онҳо 46 нафарашон кӯдакони мактабхон буда, 43 нафари боқимонда дар мактаб намехонанд.
Нисбат ба 3447 нафар хонанда парванда тартиб дода шуда, 1666 падару модар ба маблағи 251721 сомонӣ ҷарима, 1115 нафар огоҳӣ ва парвандаи 666 нафар мавриди баррасӣ дар додгоҳҳо қарор дорад.
Раёсати маорифи вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва cамарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» тибқи нақшаи мушаххас зери назорат қарор дода, то ин дам дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят 11628 тонна ангишт ва 23195 м3 ҳезум, ва 46522 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр