Нашрияи Омӯзгор

Ҳадафи мо: пайваста афзудани сифати таҳсилот

Сана: 2022-01-13        Дида шуд: 115        Шарҳ: 0

 

Мусоҳиба бо ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур

- Устоди муҳтарам, хуб мешуд, ки нахуст аз фаъолияти донишгоҳ, ҳадафи омодасозии кадрҳо дар ин ҷо ва умуман, самтҳои фаъолият дар ДТТ ибрози назар менамудед.

- Раёсати донишгоҳ  ва тамоми сохторҳои он ба иҷрои супоришҳои мақомоти болоӣ ва ба сатҳу сифати дониши шогирдон ба таври ҳамешагӣ масъул буда, барои тайёр кардани кадрҳои ба ҷомеа даркорӣ ҷидду ҷаҳд доранд. Бо ин мақсад имрӯз дар сохтори донишгоҳ ҳашт факултет, нуздаҳ кафедра, ду марказ, инчунин, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, филиали донишгоҳ дар шаҳри Исфара,  гимназия дар шаҳри Кӯлоб ва литсейи инноватсионии «Душанбе» амал мекунанд. Теъдоди умумии донишҷӯёни таълимгоҳ 5140 нафарро ташкил медиҳад, ки тибқи низоми кредитӣ таълим гирифта истодаанд.

Бар замми ин, донишгоҳ аз рӯйи 49 ихтисос, дар  зинаи бакалавр, аз рӯйи 36 ихтисос  дар зинаи магистратура, аз рӯйи 9 самти илмӣ аспирантура ва аз рӯйи 8 самти илмӣ докторантура аз рӯйи ихтисос РhD  мутахассис тайёр мекунад.

- Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои дарпешгузошта маълум, ки шароити таълим ва таъмин будан бо кадрҳои педагогӣ аз масъалаҳои умда ба ҳисоб меравад. Ин масъала дар донишгоҳ чӣ гуна ҳалли худро ёфтааст?

-Таҳлилҳои коршиносони соҳа нишон медиҳанд, ки имрӯз дар донишгоҳамон масоҳати таълимӣ, ҷойи нишаст, миқдори донишҷӯёни бо хобгоҳ таъмингардида  афзудааст. Ҳайати устодонро 257 нафар ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 142 нафарашон дорои дараҷа ва унвони илмианд. Аз ҷумлаи  инҳо, чордаҳ нафар доктор ва 128 нафар номзадҳои илманд.  Имрӯз дар ДТТ таълим тариқи шартномавӣ, буҷавӣ, тавассути  квота ва бурсияҳо ба роҳ монда шудааст.

- Барои ба таври пурра азхуд кардани донишҳои соҳавии муосир, албатта, пояи моддиву техникии таълим таъсири дигар дорад ва ин тақозои замон ҳам ҳаст, ҳамин тавр не?

-  Бо мақсади мукаммал  гардидани донишу таҷрибаи шогирдон дар донишгоҳ бисту чор синфхонаи компютерӣ, бисту нуҳ синфхонаи махсусгардонидашуда, шасту чор тахтаи электронӣ, чор минбари электронӣ, як саду ҳашт проектор ва дигар таҷҳизоти мултимедиву аккустикӣ мавриди истифода қарор дода  шуда, дар ҷараёни таълим 898 адад компютер истифода бурда мешавад.

Баланд бардоштани сифати таълим дар донишгоҳ ҳамчун яке аз омилҳои стратегии донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, ҷавобгӯ будани он ба стандартҳои байналмилалии таҳсилоти олии касбӣ мо нақша – чорабиниҳои зиёде андешида, онҳоро тадриҷан амалӣ менамоем. Барои муқоиса агар дар соли 2018 Донишгоҳи мо дар рейтинги байни чил муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ҷойи дувоздаҳумро ишғол намуда бошад, пас дар соли гузашта ҷойи ҳаштумро ишғол кард. Дар айни замон се барномаи таълимии донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби шаҳодатнома шуд. Акнун дипломҳои хатмкардагони ин барномаҳои таълимӣ дар кишварҳои Аврупо пазируфта  мешаванд. Дар баробари ҳамаи ин, бо назардошти таъмини рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати донишгоҳ барои кушодани ихтисоси  «Системаҳои зеҳнии компютерӣ» тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро омода сохтааст.

- Яке аз самтҳои фаъолияти ҳар як муассисаи таълимӣ корҳои илмии устодону шогирдон, иштироки онҳо дар олимпиадаҳои минтақавӣ  ба ҳисоб меравад. Дар ин самт чӣ пешравиҳо ба назар мерасанд?

- Соли гузашта аз тарафи Шӯрои диссертатсионии КОА панҷ рисолаи диссертатсионии унвонҷӯён барои ҳимоя қабул шуд. Аз онҳо се нафарашон аз рӯйи ихтисоси 05. 19. 02 ва ду нафари дигар барои дарёфти дараҷаи доктори фалсафа - Phd   дифоъ карданд. Ҳамчунин, соли гузашта ҳайати омӯзгорон  соҳиби се  патент оид ба ихтирооти ҶТ ва  чор натиҷаи мусбат оид ба гирифтани патент ноил гардиданд. Ҳоло бошад, барои дарёфти се патенти дигар ба ММПИ дархост  ирсол гардидааст, ки аз он дутояш барои гирифтани патенти  АвруОсиёгӣ мебошад. Натиҷаи корҳои тадқиқотии олимони донишгоҳ дар ҳафт корхона  татбиқи худро ёфтанд.

Донишҷӯёни мо дар олимпиадаҳои фаннӣ низ иштироки фаъолона доранд. Барои дарёфти ҷоизаи «Ҷоми Академияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни донишҷӯёни мактабҳои олии ҷумҳурӣ толибилмони донишгоҳ дониш ва маҳорати мукаммал нишон дода, аз физика ҷойи дуюм  ва аз фанни химия бошад, сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

- ДТТ аз ҷумлаи муассисаҳои таҳсилоти  олиест, ки истифодаи воситаҳои техникӣ дар он ҳатмист, зеро кулли ихтисосҳоятон бо ин роҳ омӯзонда мешаванд. Дар ин самт чӣ навигариҳо ба чашм мерасанд?

- Оид ба ин масъала, дар доираи Лоиҳаи  грантии «Таҳсилоти духтарон ва рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат» даҳ адад компютер харидорӣ гардида, дар факултети иқтисодиёт ва молия барои донишҷӯдухтарон як синфхонаи компютерӣ ташкил карда шуд. Бо истифода аз ин таҷҳизоти компютерӣ харида, як маркази таълимии «Технолог» ташкил карда шуд, ки барои баланд бардоштани касбияти донишҷӯдухтарон дар самти технологияҳои муосир истифода бурда мешавад. Бо мақсади  баланд бардоштани дараҷаи касбияти омӯзгорону кормандон якчанд курси бозомӯзии касбӣ низ ташкил кардем. Имрӯз дар самти мустаҳкам намудани алоқа бо истеҳсолот ва фароҳам овардани шароит барои таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён бо корхонаю муассисаҳо  бештар аз 15 шартномаи ҳамкорӣ  имзо гардид. 

- Фаъолият дар самти робитаҳои байналмилалӣ бо дигар макотиби таҳсилоти олии хориҷӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

- ДТТ бо 23 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, созмону ширкатҳои хориҷӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ  шартнома ва созишномаҳои тарафайн ба имзо расонидааст. Донишгоҳ дар амалӣ шудани ҳашт лоиҳаи Барномаи ЭРАЗМУС + Иттиҳоди Аврупо, фаъолона ширкат намуд, ки амалишавии бештари онҳо дар солҳои оянда низ идома хоҳанд ёфт. Ҳамкорӣ бо Созмони ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) ва барномаи «Маълумоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ»  дар марҳилаи сеюм идома дорад. Дар доираи барномаи (GIZ), дар базаи ДТТ Маркази интиқоли технология, таҳсилот ва соҳибкорӣ кушода шуд. 

Мусоҳиб Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш