Маркази омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашри адабиёти ҷаҳон ҳамбаста бо паҳлуҳои дигари пурсамари фаъолияташ чандест, ки нашри силсилаи китобҳоро таҳти унвони умумии «Шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳон» роҳандозӣ намудааст, ки иқдомест шоистаи таҳсин ва хеле судманду маърифатбахш. Аввали соли гузашта хонандагони ҷумҳурӣ аз ин силсила тарҷумаи тоҷикии асари адиби маъруфи турк, барандаи Ҷоизаи Нобел Орхан Памукро бо номи «Номи ман Сурх аст» дастрас карда буданд. Инак, дар охири соли сипаригашта таҳти силсилаи мазкур китоби дигари пурарзише пешкаши хонандагон гарданд, ки «Маҳкуми бегуноҳ» ном дорад ва баргардони намунаҳо аз осори ҷаҳонгири нависандаи маъруфи рус Л.Н.Толстойро дар бар мегирад. Китоб аз чор бахш («Ҳикояҳо», «Афсона, масал, ривоят, иншо ва ҳикояҳо барои бачаҳо», «Аз дафтари хотирот. Номаҳо», «Ҳикматномаи Толстой») иборат буда, тарҷумаҳо аз ҷониби тарҷумонҳои хушсалиқа Шодӣ Шокирзода, Рауф Азиз, Алишери Замон, Муллошукури Абдуҷаббор, Назар Одинаев, Абдулқодир Шакурӣ, Саъдуллоҷон Неъматов, Диловар Нурматов, Шикебои Шодӣ, Муҳаммадҷони Шодӣ ва Муҳаммадиқболи Нуъмониён анҷом дода шудаанд. Китоби «Маҳкуми бегуноҳ» бо «Сипаҳсолори насри ҷаҳонӣ» ном мақолаи муфассалу муҳаққиқонаи раиси «Маркази омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашри адабиёти ҷаҳон» Шодӣ Шокирзода оғоз меёбад, ки ҳукми сарсухани китобро дорад. Ин мақолаи фарогир аз қисмҳои «Зиндагиномаи Толстой», «Осори Толстой», «Фаъолияти иҷтимоӣ», «Толстой ва Ҷоизаи Нобел», «Толстой ва Шарқ», «Осори Толстой бо забони тоҷикӣ» ва «Дар хусуси китоби «Маҳкуми бегуноҳ» иборат мебошад ва иттилову далелҳои ҷолиберо оид ба ҷанбаҳои ҳаёт ва эҷодиёти ин адиби барҷаста дар бар мегирад. Дар оғоз таъкид мешавад, ки «Бузургтарин нависандаи рус ва яке аз нобиғаҳои тамаддуни башар Лев Николаевич Толстой дар таърихи Русия як падидаи истисноӣ (феномен) буд». Романи пурғунҷоиш ва беназири ӯ «Ҷанг ва сулҳ», ки таълифаш ҳафт сол идома ёфт, дар таърихи адабиёти ҷаҳон ҳодисаи муҳимтарин гардид ва ин асар ҳатто мумтозтарину муваффақтарин адибони ҷаҳонро ба ҳайрат овард. Китоби «Маҳкуми бегуноҳ» бо ҳикояи «Ду пирамард» оғоз меёбад. Ин ва дигар ҳикояҳое, ки дар китоби мазкур омадаанд, дар эҷодиёти Лев Толстой мавқеи шоиста доранд ва татбиқгари онанд, ки нависандаи бузург дар эҷоди шакли хурди эпикӣ - ҳикоя низ комёбу чирадаст будааст. Барои бо сифати хуб омодаи чоп шудани китоб ҳуруфчини он Сайрам Аловатшоева хидмати шоиста бахшидааст. Омӯзгорони муҳтарам метавонанд аз китоби «Маҳкуми бегуноҳ» дар раванди таълиму тарбияи шогирдон ба таври васеъ истифода намоянд.
Баҳор ИНОЯТОВА,
омӯзгори забони русӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр