Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” пурзӯр кардани таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.
Зимнан бояд зикр намоем, ки дар ном, дебоча ва дар тамоми матни қонуни номбурда мазмуни асосиро калимаи масъулият ифода менамояд. Ин беасос намебошад, чунки масъулияти падару модар ду ҷабҳа дорад. Аввалан, падару модар уҳдадориҳои худро иҷро намуда, вазифаҳояшонро оид ба таълиму тарбияи фарзанд дар назди давлат ва ҷомеа иҷро менамоянд. Волидайн барои ба таври дахлдор иҷро намудани уҳдадориҳои ба зимма доштаашон бояд ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ин ки вазифаи падару модарӣ ва ҳамчунин инсонии худро ба анҷом расонанд. Ин масъулияте мебошад, ки аз азал ба зиммаи ҳар як падару модар гузошта шудааст ва онҳо онро ихтиёрӣ ҳамчун вазифа иҷро намоянд.
Сониян, вақте ки падару модар аз иҷрои уҳдадориҳои худ оид ба таълиму тарбияи фарзандон саркашӣ мекунанд, яъне уҳдадориҳои худро иҷро намекунанд ё ба таври дахлдор иҷро намекунанд, дар натиҷа рафтори фарзандони онҳо боиси вайрон гардидани ҳуқуқҳои дигарон ва тартиботи ҷамъиятӣ мегардад, ки дар чунин ҳолат иҷрои уҳдадориҳои онҳо зери масъулияти давлат маҷбурӣ амалӣ карда мешавад ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ ба миён меояд. Роҳи асосии таъсиррасонии калонсолон ба ташаккули шахсияти кӯдакон ба онҳо омӯзонидани меъёрҳои ахлоқист.
Лозим ба ёдоварист, ки вогузории масъулияти таълим ва тарбияи кӯдак ба зиммаи падару модар ва шахсони ивазкунандаи онҳо ҳуқуқ намедиҳад, ки онҳо нисбат ба кӯдак муносибати беэҳтиромона дошта, дағалона рафтор намоянд. Ҳамчунин, онҳо ҳуқуқ надоранд бо “мақсад”-и таълим ва тарбияи кӯдак ӯро мавриди латукӯб қарор диҳанд. Зеро тарбияи дурусти кӯдак эҳтироми шаъни инсонии кӯдакро аз ҷониби падару модар ва дигар аъзои оила дар назар дорад. Дар баробари ин, ҳангоми тарбия падару модар набояд ба иззати нафси кӯдак расанд, чунки эҳтироми шаъни инсонии кӯдак дар оила меъёри ҳалли баҳсҳо вобаста ба тарбияи кӯдак ба шумор меравад. Мавҷуд будани рафтори дағалона ва ғайриқонунии падару модар нисбат ба кӯдак шаҳодати халалдор гардидани тарбияи кӯдак буда, барои андешидани чораҳо нисбат ба падару модар асос мегардад.
Нақши падару модар дар баробари таълимгоҳҳо, дар шакл гирифтани афкор, рушди маънавӣ ва камол ёфтани шогирдон бузург аст. Агар дар зинаҳои аввали тарбия нақши волидайн мусбат бошад, фарзанд минбаъд ҳам хуб рушд меёбад. Масъалаи тарбияи маънавӣ баъдан аз оила бар дӯши муассисаҳои таълимӣ афтида, он тадриҷан мураккабтар мегардад. Дар ин марҳила волидайнро мебояд дар ҳамкории зич бо мактаб бошанд ва фарзандро ба омӯхтани илму маърифат ҳидоят намоянд. Мутаассифона, имрӯз аксарияти падару модарон ин вазифаи муқаддасро иҷро накарда, нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд, ки ин боиси майли хонданро гум кардан ва аз мактаб берун мондани хонандагон мегардад. Ҳатто худи волидайн садди роҳи таҳсили фарзандон мешаванд. Қисме аз падару модарон паст будани сатҳи зиндагиро сабаб нишон медиҳанд ва аз ин ҷиҳат фарзандони синни мактабии худро ба тиҷорат ва ё дигар кору хизматрасониҳо вобаста карда, боиси аз мактаб дур мондани онҳо мегарданд.
Дар ин ҳолат волидайнро зарур аст, ки сатҳи маърифатнокӣ ва ҷаҳонбинии худро бо баҳисобгирии арзишҳои миллӣ ва рушди ҷомеа бо роҳи худомӯзӣ тавассути воситаи ахбори омма, адабиёти зарурӣ, ҳамкорӣ бо коллективҳои омӯзгории соҳаи маориф, семинару курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии гуногун, ки имрӯзҳо хеле фаровонанд, баланд бардошта, ҳамқадами ҷомеа бошанд. Паст будани сатҳи дониши ҳуқуқӣ, надонистани қонунгузориҳо оид ба таълиму тарбияи фарзандон сабаб мегардад, ки кӯдакон берун аз мактаб монанд. Бояд қайд кард ки дар ҳамаи қонунгузориҳо, аз ҷумла, қонунҳои байналхалқӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сухан бобати таълиму табия меравад, падару модарон масъуланд. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар муқаррар намудааст, ки ҳар инсон ҳаққи таҳсил ва омӯзиш дорад. Дар ин самт, бешубҳа, волидайн дар бобати интихоби навъи таълим барои фарзандони хурдсол ҳаққи афзалиятнок доранд.
Д.Зоҳидова,
корманди Маркази миллии
қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр