Нашрияи Омӯзгор

Мушкилоти як мактаб

Сана: 2022-01-13        Дида шуд: 104        Шарҳ: 0

 

Дар муассисаи таълимии №17-и ноҳияи Ҷайҳун ду мушкилӣ боиси нигаронии омӯзгорон гардидааст. Ҳолати садамавии яке аз биноҳои муассиса мушкилоти аввал ва ҷамъшавии ғарами партовҳо дар назди таълимгоҳ мушкилоти дигар мебошад.

Ба бинои садамавӣ эътибор бояд дод

Дар пайи заминларзаи соли 2007-ум муассисаи таълимии №17-и ноҳияи Ҷайҳун зарар дид. Бинои дуошёнае, ки дар он толорҳои варзишию маҷлисӣ ҷойгир буданд, ба садама дучор шуданд. Истифодаи бинои мазкур ғайриимкон гардид. Дар ин муассиса барои гузаштани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ мушкилӣ ба вуҷуд омад. Инчунин, муассиса дар баргузории ҷамъомаду чорабиниҳо дигар ҷойи махсус надошт.

- Имкони сохтмони бинои навро надорем. Маротибае чанд ба сохторҳои марбута муроҷиат кардем. Бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ин биноро таъмир кардан мехоҳем, - гуфт директори мактаб Зуҳро Абдолова. – Аллакай барои таъмири ҷорӣ беруни бино омода гардидааст. Ҳоло бо устоҳо мувофиқа намуда, таъмирро идома додан мехоҳем.

Дар таълимгоҳ 1538 хонанда таълим мегирад ва ба онҳо 4 нафар омӯзгор дарси тарбияи ҷисмонӣ медиҳад. Набудани ҷой ва тибқи талабот нагузаштани дарс дар фасли сармо мегардад.

Нигаронӣ аз хатари партовҳо

Ғарами партовҳои назди анбори муассисаи таълимӣ табъи касро хира мекунад. Роҳбарияти муассиса сабаби ҷамъ шудани партовҳои зиёдро бетаваҷҷуҳии Идораи хоҷагии манзилию коммунали ноҳия унвон карданд.

Роҳбари муассисаи таълимии №17 Зуҳро Абдолова дар бораи шартномаашон бо Идораи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳарф зада, изҳор дошт, ки ҳамасола тибқи шартнома партовҳои муассиса кашонида мешаванд. Аммо бо сабаби номаълум, ҳамаи партовҳоро аз муассиса берун накардаанд.

Директори Идораи давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳия Хайриддин Азимов худи роҳбарияти муассисаи таълимиро гунаҳкор донист. Тавре ӯ таъкид кард, тибқи шартнома барои кашонидани партов ба ҳар як мошини боркаш маблағи муайян пардохт карда мешавад. Вале муассисаи номбурда ба сабаби сари вақт пардохт накардани маблағҳои хизматрасонӣ қарздор мебошад. Дар ҳолати пардохт гардидани маблағҳои қарзиву хизматрасонии навбатӣ партовҳои боқимонда кашонида хоҳанд шуд.

Ин гуфтаро мудири хоҷагии мактаби №17 Ҷумъабек Норбеков инкор намуд. Дар асоси шартнома ба суратҳисоби идораи номбурда 780 сомонӣ пардохт намудем. Аммо як қисми ками партовҳоро моҳи сентябр кашониданду халос.

-Воқеан, 780 сомонӣ аз ҳисоби муассисаи таълимии мазкур ворид гардидааст, аммо ин маблағ танҳо барои кашонидани як қисми партовҳо буд. Вале дар муассиса партовҳои зиёд ҷамъ гардидааст. Як маротиба маблағ гузарониданд, ин маънои онро надорад, ки то охири сол мо бо ин маблағ партовҳои зиёди мактабро кашонем. Зеро мо харҷҳои худро дорем. Масалан, нархи сӯзишворӣ гарон аст. Ин маблағҳо лоақал барои сӯзишворӣ пурра намерасанд. Бо вуҷуди ин, мо омодаи ҳамкорӣ ҳастем ва кӯшиш мекунем, ки бо пардохт шудани як қисми маблағҳои қарзӣ корро шуруъ намоем, - гуфт Х.Азимов.

Ҳолати зиёдшавии партовҳо ва сари вақт накашонидани онҳо боиси нигаронии волидон низ мебошад. Онҳо умедворанд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат партовҳо кашонида мешаванд ва чунин ҳолат дигар рух намедиҳад.

С. АЗИЗӢ,

 “Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш