Нашрияи Омӯзгор

Каломи модарӣ

Сана: 2022-01-13        Дида шуд: 92        Шарҳ: 0

 

Каломи модарӣ василаест, ки  даричаеро  барои роҳ ёфтан ёфтан ба ҷаҳони назму наср, осори  адибони гузаштаю муосир барои хонандагон боз карда, ба онҳо муҳокимаронии мантиқиро меомӯзад.

Нақши забони модарӣ дар инкишофи тафаккур  ва нутқ  басо  муҳим буда,  тарбияи эҳcосот ва майли забонономӯзӣ аз табиати худи забон бармеояд, ки он воситаи баёни афкор ва эҳсосоти мо мебошад. Забон муассиртарин  омилест, ки ҷаҳони андеша ва дунёи ботини моро ба ҷаҳони берун марбут мегардонад.

Бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хушбахтона, забони адабии тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар пайваста рушду такмил меёбад.

Дар яке аз суханрониҳояшон  Сарвари давлат гуфтаанд: «Забони тоҷикӣ на фақат ҷавҳари ҳастии мо, балки нишонаи барҷастаи қадимӣ будани фарҳанги мост. Таърих гувоҳ аст,  ки  аҷдоди тоҷикон борҳо бо нерумандтарин истилогарон рӯ ба рӯ шудаанд, вале бо бартарии фарҳанг,  асолати ойину суннатҳо ва андешаи милли худ бар онҳо ғолиб омада, ҳувияти миллии худро нигоҳ доштаанд».

Чи тавре ки таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, забон бе пуштибони сиёсиву ҳуқуқӣ наметавонад рушд кунад, инкишоф ёбад ва вазифаи таърихии худро иҷро намояд. Танҳо пас аз давлати Сомониён каломи модарии мо дар даврони Истиқлол дар мақоми забони давлатӣ қарор ёфт.

Пойдории ваҳдату амнияти миллӣ бо омӯхтану донистани асосҳои таърихии чандҳазорсолае, ки дар осори гузаштагонамон бо забони шевои тоҷикӣ офарида шудаанд ва беҳтарин дурдонаҳо ва асолати суханро  дар худ таҷассум кардаанд, даст медиҳад.  

Эҳтиром гузоштан  ба забони модарӣ эҳтиром гузоштан ба Ватан, ба модар, ба миллат, ба фарҳанг ва тамаддуни хеш аст.

Марҷона ҚОДИРОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби  №14-и  ноҳияи Айнӣ

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш