Нашрияи Омӯзгор

Озмуни “Ҷомихонӣ” ҷамъбаст гардид

Сана: 2022-01-13        Дида шуд: 88        Шарҳ: 0

 

Тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар давраи таътили зимистонаи толибилмон дар МТМУ №5 озмуни шаҳрии “Ҷомихонӣ” бо мақсади дастгирӣ намудани ташаббусҳои эҷодӣ, баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ дар қироати шеъру ғазал, дарёфти истеъдодҳои нав аз ҳисоби ҷавонону наврасон, ки маҳорати хуби ровигӣ доранд,  баргузор гардид.

Дар озмун аз муассисаҳои таълимии шаҳр беш аз 50 нафар хонанда иштирок намуда, бо қироати ашъори Абдураҳмони Ҷомӣ маҳорати ровигӣ ва истеъдоди худро намоиш доданд. Ҳайати ҳакамон ба ҳар як баромади иштирокчиён баҳои сазовор дода, ғолибонро муайян намуданд.  Дар натиҷа, ҷойи аввал насиби Меҳрангез Набиева аз мактаби хусусии “Ганҷ” гардид. Мақоми дуюмро Билолиддин Остонаев аз МТМУ №31 ва Диловар Тоҳирзода аз МТМУ №17 сазовор гардиданд.  Мақоми сеюм ба Озода Ғафурова аз литсейи №1, Мухлиса Исобоева аз мактаби хусусии ба номи Ю. Рустамов ва Сафия Обидова аз МТМУ №3 муносиб дониста шуд.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш