Ҳаёти инсон ин худ фурсатҳост. Умри инсон аз вақти муайян иборат аст. Зинда будан вақт доштан аст, на вақт надоштан.
Мутаассифона, баъзе аз ашхос барои дуруст, самаранок ва дар вақти муайян анҷом надодани коре ибораҳои маъмулии «вақт надорам», «вақтам нашуд», «корам бисёр аст»-ро истифода мебаранд. Дар байни мо анъана шудааст, ки агар ягон вазифаи худро дар самту соҳаи муайян иҷро накардем, далели иҷро накардани онро дар набудани вақт асоснок менамоем. Қотеона ба роҳбари ташкилот, дӯстон, падару модар, хешу табор, устодон ҷавоб мегӯем, ки ман вақт надоштам, вақтам нашуд ва ғ. Мутаассифона, чунин одат дар байни донишҷӯён низ бисёр роиҷ шудааст. Вақте аз донишҷӯ мепурсем, ки чаро фалон вазифаро иҷро накардӣ? Зуд ҷавоб мегӯяд, ки ман вақт надоштам. Яъне бо ин суханонаш ӯ гуфтанӣ ҳаст, ки ӯ чанд кори муҳим ва зарурӣ дошт, аз ҳамин лиҳоз, барои фалон китобро хондан, иҷро кардани кори мустақилона вақташ нарасид. Агарчи вазифаи асосии донишҷӯ донишомӯзӣ аст, вале фарз кардем, агар боз ӯ ба ягон кори иловагӣ машғул бошад, пас ин маънии онро надорад, ки аз иҷрои вазифаи асосии худ, яъне донишомӯзӣ саркашӣ намояд ва бемасъулиятӣ зоҳир намояд.
Имрӯз вақти он расидааст, ки нисбат ба вақт ва истифодаи он таҷдиди назар намоем ва дар фикри сармоягузорӣ намудани вақти дар ихтиёрдоштаи хеш бошем. Зеро ҳар шахс, ки нисбат ба вақти худ бетаваҷҷуҳӣ, беэҳтиромӣ менамояд, бояд донад, ки вай сармояи худро аз даст медиҳад. Он сармояе, ки ки дигар барнамегардад. Вақт сармоя аст, вале он сармояи беохир нест. Ҳама чиз ҳад ва интиҳои худро дорад, аз ҷумла, фурсатҳои зиндагӣ. Чуноне инсон нақлиётро идора менамояд, вақтро низ мисли он идора кардан лозим аст, вагарна на мо вақтро, балки вақт моро соҳибӣ ва идора менамояд.
Барои вақтро самаранок истифода бурдан танҳо ба нақша гирифтани вақт кофӣ нест, балки лозим аст, ки қадам зад, амал намуд ва ҳар рӯз кореро ба анҷом расонид.
Дар ҷомеаи тоҷик ба масъалаи вақт ва чи гуна истифода бурдани он дар байни мардум андешаҳои зиёде мавҷуд ҳастанд. Мисоли он таъбирҳое, ба монанди «вақт рафт, нақд рафт», «кори имрӯзаро ба фардо магузор» мебошад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки шахсони алоҳида, ҷомеаи ҷудогона, кишварҳое, ки ба дастовардҳои баланд расидаанд, он шахсон, он ҷомеаҳо ва он давлатҳоеанд, ки вақтро самаранок истифода менамоянд. Тамоми он нафароне, ки имрӯз ба сарват, дастоварди илмӣ, мансабҳои баланд, дар ҷомеа ба ҷойгоҳи муносиб расидаанд, шахсоне ҳастанд, ки бо роҳи дуруст, аз рӯи нақша, мақсаднок ва ҳадафмандона истифода бурдани вақт ноил гардиданд.
Ҳар яки мо дар зиндагии хеш як ҳолатро мушоҳида намудаем, ки вақте дар иҷрои ин ё он кор, як ва ё якчанд дақиқаи муайян таъхир мекунем, дар иҷрои он танбалӣ, бетаваҷҷуҳӣ менамоем, он дар ниҳоят сабаби аз даст рафтани чанд рӯз, моҳҳо ва баъзан як сол мегардад. Аз ҳамин лиҳоз, диққат додан ба ҳар як дақиқаву соат, ботаваҷҷуҳ ва бодиққат будан нисбат ба ҳар як лаҳзаи зиндагӣ имкон медиҳад, ки шахс мунтазам ба тарафи муваффақият, зинаи нави рушд ва дастовардҳои назаррас равона гом бардорад.
Ҳамчунин, таъбири халқии «кори имрӯзаро ба фардо магузор» маънои басо баланд дошта, он ба пагоҳ, ба вақти дигар нагузоштани ягон кор ва ягон амалро таъкид менамояд. Воқеан, зиёд корҳое ҳастанд, ки агар имрӯз онро иҷро накардем, пагоҳ иҷрои он номумкин мегардад. Зиёд ҳолатҳое ҳастанд, ки мо аз амали иҷро накардаи хеш баъди гузашти моҳҳову солҳо андуҳгин мешавем, мегӯем, ки чаро фалон корро он вақт накардам, агар онро иҷро мекардам, имрӯз ба фалон вазифа, унвон, дараҷа, мансаб, сарват ва ё оромиву хушбахтӣ мерасидам. Албатта, аз як ҷониб, мо инсонҳо аз гузаштаи худ ёд мекунем ва дар лаҳзаҳои муайян бурду бохти хешро ба ёд меорем. Аз ҳамин лиҳоз, дар вақти наврасиву ҷавонӣ пеш аз пушаймонӣ, замоне ки вақт дар ихтиёри мо ҳаст, дуруст фикр кардан, нақшаи хуб тарҳрезӣ кардан ва барномаи худро омода намуда, аз рӯи он амал намудан яке аз роҳҳои оқилонаи расидан ба мақому ҷойгоҳи муносиб мебошад.
Дар ҷомеаи имрӯза, дар муассисаҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ то андозае истифодаи вақт аз рӯи тартиботи муайян роҳандозӣ мешавад. Маъмулан, дар тамоми корхонаву муассисаҳо вақти оғози кор ва анҷоми он аз рӯи реҷаи муайян пеш меравад, ки ин як навъ низоми муайян ва талаботи кодекси меҳнат низ мебошад.
Ҳар як нафар вобаста ба самти фаъолият ва тахассуснокии хеш метавонад шинохт, қадру қиммати вақт ва аҳамияту ҷойгоҳи вақтро ба таври гуногун арзёбӣ намояд. Аммо як донишҷӯ ва як дастаи варзишгарон аҳамияти вақтро ба осонӣ дарк карда метавонанд. Мисол, вақте донишҷӯ имтиҳони худро саривақт намесупорад ва ба як курси поён меафтад, як сол барояш чи қадар маъно пайдо мекунад. Ё барои дастаи футболбозоне, ки дар вақти иловагии ҷудошуда ба дарвозаи ҳариф гол мезанад, дақиқа ва ҳатто сония шароити ғалаба карданро фароҳам меорад.
Дар раванди зиндагӣ ҳолатҳое мешавад, ки мо мехоҳем ба ягон дастовард ва ё мақсади худ бирасем, вале мехоҳем, ки ин кор дар як рӯз дар як вақти бисёр кӯтоҳ рух бидиҳад ва анҷом бипазирад. Вале ғофил аз онем, ки бидуни самаранок истифода бурдани ҳар як дақиқаву соат ба мақсадҳои баланд расидан номумкин аст. Мутаассифона, дар бештари ҳолат баъзе шахсон ба раванд ва дақиқаҳое, ки моро ба мақсад мерасонад, ҷиддӣ муносибат намекунанд. Дар ҳоле ки барои ба ин ё он муваффақият расидан, пеш аз ҳама, чигунагии раванд, босамар истифода бурдани вақт муҳим аст. Ин масъала ба мутахассисони тамоми соҳаҳо дахл дорад, аз ҷумла, ба донишҷӯёне, ки мехоҳанд дар оянда мутахассиси ин ё он соҳа бошанд. Донишҷӯе ки дар оянда ба ягон муассиса кор пайдо кардан хоҳад ва ё ба ягон мақсадҳои баланд расидан хоҳад, ӯро мебояд дар тӯли 4-5 соли хонише, ки дар донишгоҳ сипарӣ менамояд, бисёр бодиқкат, ҷиддӣ ва барномаи рушди хешро тарҳрезӣ карда бошад. Ба таври дигар гӯем, ӯ ҳар як дақиқа, ҳар як соат, ҳар як рӯзи худро самаранок истифода барад ва ҳар рӯзро бо мутолиаи китоб, омӯзиш, иштирок дар чорабиниҳои илмиву фарҳанг ва он корҳое, ки ӯро ба мақсади ниҳоӣ мерасонад, машғул бишавад. Пас, дар чунин ҳолат эҳтимоли бештари ба мақсад расидан фароҳам мегардад.
Шуҳрат Саидзода,
номзади илми сиёсатшиносӣ дотсент, раиси Шӯрои
олимони ҷавони вилояти Суғд
Иловакунӣ
Иловакунии фикр