Нашрияи Омӯзгор

Низоми кредитии таҳсил: бозёфт, мушкилот, воқеият

Сана: 2022-01-13        Дида шуд: 119        Шарҳ: 0

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди маорифи ватанӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро аз ҳадафҳои муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор додааст. Чунонки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумони кишвар рӯзи 21 декабри соли 2021 изҳор доштанд, «бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад. Барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад».

Таъкиду супоришҳои Пешвои миллат дар назди аҳли илму маориф, донишмандон, мутахассисон ва муҳаққиқони соҳа вазифаҳои мушаххас гузошта, водор месозад, ки баҳри амалишавии дастуру вазифаҳои ин самт чораҳо ва тадбирҳои мушаххас андешида шавад ва дар иҷрои онҳо саҳми арзанда бояд гузошт.

Дастур ва супоришоти Сарвари мамлакат дар мавриди комилан беҳтар шудани сатҳи донишандӯзии насли наврас ва ҷавонони муҳассил муносибат ва ҷустуҷӯи роҳу равиши самараноки раванди таҳсилотро ба маърази муҳокима ва иҷро мегузорад. Пӯшида нест, ки дар замони муосир масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тадрис ва ташаккули қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон дар шароити кунунии низоми кредитии таҳсил аз муҳимтарин омилҳои тайёр кардани мутахассисони варзида ва рақобатпазир дар бозори ҷаҳонии меҳнат пазируфта шудааст.

Суол пайдо мешавад: оё мо гуфта метавонем, ки сифати таълим дар макотиби олӣ ва муассисаҳои миёнаи махсус (коллеҷҳо) баъди роҳандозии низоми кредитии таҳсил хуб ва баланд гардид; оё фаъолияти мустақили донишҷӯ (аз талаботи асосии низоми кредитӣ) ва бозёфте, ки ӯ дар шароити ин шакли нави таҳсил ба даст меорад, ба сатҳи ҳақиқии донишу қудрат ва қобилияту тавоноии донишҷӯ мувофиқати комил дорад; оё дониши муҳассилин дар таҷрибаи амалӣ бо ҳам созгор ва мутаносиб шуда метавонад; оё механизмҳои ҷории имтиҳонсупорӣ ва баҳогузорӣ пурра ҷавобгӯйи талаботи стандартҳои фаннӣ ва барномаҳои таълим шуда метавонад; оё қобилияти фикрронӣ, доираи тафаккури мантиқӣ ва эҷодии муҳассилин инъикоси донишҳои ҳосилшуда буда метавонад; нақши омӯзгор ва истифодаи оқилонаи технологияҳои иттилоотӣ (барномаҳои компютерӣ) дар арзёбии сатҳи донишу салоҳиятмандии шогирдон то чӣ андоза саҳмгузор аст? Табиист, ки чунин суолҳо хеле зиёданд ва ҳатто аксари устодони макотиби олӣ на ҳамеша аз бозёфт ва дониши баланду қобилияти шогирдон изҳори қаноатмандӣ мекунанд. Пас сабаб дар чист?

Замони ҷорӣ шудани низоми кредитӣ дар зинаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даврони навини истиқлоли кишварамон мувофиқ омад ва алъон зиёда аз 10 сол аст, ки он шакли асосии таълиму тадрис маҳсуб меёбад. Зарурат ва сабаби асосии дар фазои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ҷорӣ шудани низоми кредитии таҳсил бо ҳамгироӣ дар соҳаи маориф ва ба ҷараёни ҷаҳонишавӣ ворид шудани ҶТ (раванди Болония) робитаи қавӣ дорад.

Барои аҳли илм ва маорифи Тоҷикистон қабули раванди Болония падидаи комилан нав ва ҷадид буд. Дар бобати интихоби шаклу усулҳои таълими низоми кредитӣ то ҳол фикру андешаҳои мухталиф мавҷуд аст ва алъон низ натиҷаҳои дилхоҳ чандон ба чашм намерасад, то мутмаин бошем, ки ин тартиби аврупоӣ босамар ва манфиатбахш аст. Ба ҳар ҳол ин низом қабул гардид ва кулли макотиби олӣ ва муассисаҳои миёнаи махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи он фаъолият мебаранд.

Дар асл оғози раванди Болония ҳамчун низоми ягонаи кредитии таҳсил ба нимаи аввали солҳои 70-уми асри сипаришуда рост меояд: Шӯрои вазирони Иттиҳоди Аврупо доир ба барномаи нахусти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф қарори махсус қабул кард. Аммо санаи расмии саршавии раванди мазкур 19 июни соли 1999 эътироф шуда, вазирони маорифи 29 кишвари Аврупо дар конфронси махсус декларатсия оид ба “Минтақаи таҳсилоти олии Аврупо”-ро қабул карданд ва он декларатсияи Болония номгузорӣ шуд. Яке аз нуктаҳои муҳимми қарори қабулшуда имконияти ба он шомил шудани кишварҳои гуногуни дунёро эълон кард.

Дар аввали солҳои асри ХХ1 Тоҷикистон низ шомили раванди Болония гардид ва алъон низоми кредитӣ ба фазои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси кишвар бе дарназардошти вижагиҳо ва хусусиятҳои фарқкунандааш, ҳадафҳо ва методҳои таълим тибқи роҳу равиши он ворид гардид.

Изҳор гардид, ки ҳинни татбиқи низоми кредитӣ афзалиятҳои гуногун фароҳам меояд, амсоли аз байн рафтани вазъи пуршиддати психологӣ ва ҷисмонӣ дар вақти санҷишу назорати дониши хонандагону муҳассилин, фаъолияти устодону омӯзгорон; тамоюли инфиродӣ ва зеҳнӣ-маърифатӣ пайдо кардани таҳсил; роҳ надодан ба ҳолатҳои ҳақиру нотавонии шахсияти омӯзанда; вусъат бахшидан ба фаъолияти доманадори хонандагону муҳассилин дар раванди таълиму омӯзиш ва ҳоказо.

Аммо дар аксари кишварҳои нав воридгашта пас аз роҳандозӣ шудани низоми кредитии таҳсил мушкилоти зиёд дар мавриди таҳия ва корбаст нашудани механизмҳои татбиқи он, омодагии комил надоштани ҳайати устодону омӯзгорон, бегона ва ғайримуқаррарӣ будани модели таълиму тадрис, кифоят накардани вақт (50 дақиқа ба ҷои якуним соат) ба амал омад.

Ба андешаи мо, низоми кредитӣ хусусиятҳои мусбатии худро метавонад дошта бошад, хосса дар мавриди муносибати оқилона ва салоҳиятмандона, нигоҳи касбӣ ва тафаккури интиқодиву эҷодӣ, ки кори таълиму тарбияро осонтар мегардонад, масъулияти донишҷӯро афзун мегардонад ва ба кору таҳқиқ ва хосса барои ба фаъолияти мустақилона рӯй овардани ҷавонони муҳассил кумаки беназир мерасонад. Маҳз ба кор ва омӯзиши мустақил таваҷҷуҳ кардани донишҷӯ аз шартҳои асосии низоми кредитии таҳсил мебошад.

Чунончи, дар риштаи филология (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва амсоли он), ки омӯзгорони забон ва адабиёт дар муассисаҳои таҳсилоти гуногунзина омода карда мешаванд, низоми кредитӣ як силсила мушкилот ва проблемаҳоро мегузорад. Махсусан, мавриди ба мустақилона омӯхтан ва азбар кардани асарҳои забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, хондани адабиёти бадеӣ, омӯзиши масъалаҳои методикаи таълими забонҳо ҳамчун забони модарӣ, ғайримодарӣ ва хориҷӣ рӯй наовардани донишҷӯён.

Дар низоми кредитии таҳсил одатан санҷишу имтиҳонот аз тариқи тест ва компютер сурат мегирад. Донишҷӯён имтиҳонотро ба қавле осонакак бо роҳу усули гуногуни дарёфти сарриштаи кор ҷамъбаст мекунанд. Дониш, маҳорат ва малакаи гуфтор, баён ва суханварии онҳо пинҳон мемонад ва маълум нест, ки чиро медонанд ва дар кадом ҳаҷму мазмуну сифат. Адабиёти бадеиро онҳое мехонанд, ки завқи филолог шудан доранд, аммо тоифаи зиёди муҳассилин аз китобхонӣ дуранд, зеро мушкилкушои онҳо ҳамон компютер ва баллҳои осмонӣ аст.

Бо дарназардошти хусусият ва нозукиҳои таҳсил дар риштаҳои гуманитарӣ, хусусан, суханшиносӣ (филология), ки дар ҷараёни дузабонӣ ва бисёрзабонӣ қарор дорад, санҷиши дониш ва маҳорату малакаи донишҷӯён тавассути санҷиш ва имтиҳоноти тестӣ нею, балки ба тарзи шифоҳӣ, ки роҳи ягона ва асосии арзёбии сифати донишандӯзӣ, қобилият ва маҳорати суханварӣ, саволу ҷавоб, суҳбату муколама, иштирок дар озмунҳою конфронсҳои илмию амалӣ бо маърӯзаҳои рӯйбардоршуда нею бо бозёфтҳои худи донишҷӯ аст, ба роҳ монда шавад.

Таҳлили масъала собит месозад, ки дар татбиқи оқилонаи низоми кредитии таҳсил ҳиммату азамати бузурги инфиродӣ ва мустақиломӯзӣ лозим аст. Таҳлили ҷанбаҳои мухталиф ва умуман моҳияти низоми кредитӣ фаъол ва пурзӯр гардонидани омӯзиш ва кори мустақилонаи донишҷӯро ба маърази иҷро ва татбиқ мегузорад. Донишҷӯ пас аз шунидани лексияи устод тавассути адабиёти илмии пешниҳодшуда ба дарк ва вусъати масъалаҳои матраҳшуда замоне муваффақ пайдо мекунад, ки агар мустақилона ба афзун намудани дониши худ камар бандад. Чунин муносибати донишҷӯ роҳи васеъро дар мавриди эҷодкории ӯ мекушояд.

Албатта, ҳар як низом, аз ҷумла, низоми кредитии таҳсил барои собит намудани асолат ва вазифаҳои хеш муддати муайяни рушд ва устувории хешро тақозо мекунад. Барои ин ҳама – аз омӯзгор сар карда, то муҳассилин, падару модар, ҷомеа бояд иштирок ва саҳм гузоранд.

Таҷрибаи шахсии мо аз он шаҳодат медиҳад, ки аз низоми кредитӣ бештар шакли зоҳирии он ба назар мерасаду халос. Ин нуқтаи назар чунин маъно дорад, ки шаклу усулҳои таълим тибқи барномаҳои кредитӣ тарҳрезӣ шудаанд ва гӯё мо интизорем, ки он худ ба худ ба баландшавии сатҳи донишу маҳорати амалии муҳассилин мусоидат менамояд. Аммо чӣ кор бояд кард, то ба гуфти бузургони сухан: “Илмат ба амал чу ёр гардад, Қадри ту яке ҳазор гардад”.

Бале, ҳама гуна донишомӯзӣ татбиқи амалиро дар назар дорад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки санҷиши дониш ва маҳорату малакаи донишҷӯён дар шароити низоми кредитии таҳсил на танҳо тавассути саволҳои тестӣ, балки бо роҳи такмил ва рушди фаъолияти мустақилонаи муҳассилин (фаъолияти таҳқиқӣ), саволу ҷавобҳои шифоҳӣ, суҳбату муколамаҳо, иштирок дар озмунҳою конфронсҳои илмию амалӣ бо маърӯзаҳои рӯйбардоршуда нею бо бозёфтҳои хеш бояд арзёбӣ карда шавад. Чунин робитаи мутақобила байни азбаркунии дониш, ташаккули маҳорат, фаъолгардии мутахассиси оянда тавассути мустақилона амал кардан ва тавсеаи маҳорату малака ба баландшавии сифати таълим ва сатҳи тайёрии мутахассисон мусоидат хоҳад кард.

Дар замони муосири рушди таҳсилоти олии касбӣ, ки низоми кредитӣ доман паҳн кардааст, проблемаи фаъолияти мустақилона ва саъйу ҷаҳди шахсияти муҳассил (донишҷӯ) ба сатҳи баланди расидан ба ҳадаф ва матлабҳои омӯзиш қарор меёбад. Гап дар сари он аст, ки фаъолияти мустақилона на танҳо масъалаи муҳимми раванди таҳсил аст, балки яке аз роҳҳо ва шаклҳои рушди маърифатӣ-зеҳнии мутахассиси оянда мебошад.

Ин ҷо сухан, аслан, аз боби худмаърифатӣ, худомӯзӣ, худташаккулёбӣ дар шароити фаъолмандии мустақил ва ҷустуҷӯии донишҷӯ меравад. Аслан, технологияи кредитии таълим ҳамчун низоми таҳсилоти навгонӣ ба вусъати сатҳи худомӯзӣ ва худмаърифатии муҳассилин нигаронида шудааст. Дар ин раванд устод (омӯзгор) ташкилдиҳандаи фаъолияти маърифатӣ-зеҳнии шогирдон маҳсуб ёфта, пешрафти таҳсил аз ташкили мунтазам ва арзёбии кори мустақилонаи онҳо сарчашма мегирад.

Иштироки фаъоли хонандагон ва донишҷӯён дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» маҳз туфайли мустақилона омӯхтани адабиёти бадеӣ, азбар кардани шеър ва осори адабии шоирону нависандагони барҷаста на танҳо ба вусъати завқу салиқа, балки дар тақвияти ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии наврасону ҷавонон, ташаккули завқи зебоипарастии онҳо, пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз гардид. Яъне, сухан доир ба ҳимат ва азамати хондан ва омӯхтан, хифз кардан ва собит намудани дониш ва маҳорату малака меравад.

Маҳз дарки донишу маърифат бо роҳи фаъолияти мустақилона ба ташаккули комили муносибати эҷодии донишҷӯ – омӯзгори оянда роҳ мекушояд. Ба ибораи дигар, раванди таълим ва омӯзиш ягонагӣ ва маҷмӯи роҳу василаи дарк кардан, фаҳмидан, дар ёд нигоҳ доштан ва мустаҳкам кардану ҳосил шудани маҷмӯи донишҳоро таъмин месозад. Дар ин самт фаъолияти эҷодӣ ва эҷодкорӣ дар заминаи мустаҳкам ва амиқи дониш, фаҳмиш ва амалкард густариш меёбад.

Дар шароити низоми кредитии таҳсил талабот ба донишҷӯёни ташаббускор ва мустақил, ки ба шароити нави таълиму омӯзиш аз тариқи нав ворид мешаванд, мутобиқшавии мувофиқи онҳоро ба миён мегузорад. Талабот ба омодасозии назариявии донишҷӯён ҳамчун мутахассисони ояндаи салоҳиятманд, махсусан, дар самти ташаккули маҳорат ва малакаҳои фикрию эҷодӣ масъулияти онҳоро афзун мегардонад ва имкониятро барои мустақилона азхудкунии касби пешакардаи худ, ташаккули тафаккури интиқодӣ, изҳор ва дифои ақидаҳо, эътиқод ва итминон ва амсоли онро дар раванди низоми кредитии таҳсилот таҳким мебахшад.

Саъдуллоҷон Неъматов,

профессор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш