Нашрияи Омӯзгор

Каҷамалӣ аз кинаварист

Сана: 2022-01-13        Дида шуд: 92        Шарҳ: 0

 

Дар доираи илмҳои сиёсӣ мафҳуми оппозитсияи сиёсӣ яке аз категорияҳои калидӣ ба шумор меравад. Сиёсатшиносон мавҷудияти оппозитсияро дар ҷомеаи демократӣ яке аз шартҳои асосии рушд арзёбӣ менамоянд. Оппозитсияи сиёсӣ, ки дорои мавқеъ ва барномаи худ аст, ҳангоми фаъолияти худ бо пешниҳоди барномаҳои мушаххас кӯшиш менамояд, то дар ҳалли мушкилоти мавҷуда дар баробари ҳукумат саҳми худро гузорад. Албатта, дар мавриди оппозитсияи сиёсӣ дар байни муҳаққиқон андешаҳои гуногун вуҷуд дорад, вале як нуқтаи умумӣ ва эътирофшуда ҳамин аст, ки оппозитсияи сиёсӣ дар доираи қонуни давлат ва низоми конститутсионӣ бояд фаъолият намояд. Дар чаҳорчуби қонунгузорӣ фаъолият намудани оппозитсияи сиёсӣ яке аз шартҳои асосии мавҷудияти он ба ҳисоб меравад.

Дар ҷаҳони муосир дар баробари ташаккули оппозитсияи сиёсӣ, ҳамчунин, дигар созмону ташкилотҳои радикалӣ ва экстремистиву тундгарое падид омадаанд, ки монеаи рушди давлатҳо мегарданд. Агар мақсад ва ҳадафи оппозитсияи сиёсӣ ошкор намудани муаммоҳо ва нишон додани роҳҳои ҳалли мушкилот бошад, пас, мақсади созмону ташкилотҳои ифротгаро, радикал ва тундгаро ба вуҷуд овардани мушкилот ва монеа гардидан ба рушди устувори давлат, инчунин, ташкили бетартибиҳо аст. Аз ин рӯ, имрӯз дар доираи илмҳои сиёсӣ барои шинохт, тафовут ва ҷудо намудани оппозитсияи сиёсӣ аз дигар созмону ташкилотҳои тундгарову ифротӣ таҳлиҳо гузаронида мешаванд, ки ҷомеа фарқияти оппозитсияи сиёсиро аз як ташкилоти террористӣ ё ифротгаро муайян карда тавонанд. Вобаста ба ин дар ин ду фарқияти оппозитсияи сиёсиро аз дигар ташкилотҳо баён менамоем, ки дарки масъаларо осон менамояд.

Яке аз фарқияти асосии оппозитсияи сиёсӣ аз созмонҳои ифротӣ ё тундгаро ин аст, ки оппозитсияи сиёсӣ дар ҳолате вуҷуд дошта метавонад, ки сабти расмӣ ё қонунӣ дар ҳудуди кишвар дошта бошад. Масалан, агар барнома ва мавқеъу дидгоҳи оппозитсияи сиёсӣ зиддият бо низоми конститутсионӣ ё арзишии давлат надошта бошад, он метавонад худро сабти қонунӣ намояд ва фаъолияти сиёсӣ барад. Мавҷудияти ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон, ки аксари онҳо дар парлумони кишвар курсӣ доранд, далели мавҷудияти оппозитсияи сиёсӣ дар мамлакат аст. Яъне аввалин фарқияти оппозитсия аз созмонҳои ифротӣ ё тундгаро ин дар чаҳорчуби қонунгузорӣ фаъолият намудан аст.

Фарқияти дигари оппозитсияи сиёсӣ аз ташкилотҳои экстремистиву тундгаро дар ин аст, ки оппозитсияи сиёсӣ мавқеи мушаххас ва барномаи муайян дорад. Барномаи мушаххас ва муайяни оппозитсия бояд бо арзишҳои умумии давлатдорӣ ва низоми сиёсӣ мувофиқат намояд. Ҳадафҳои оппозитсияи сиёсӣ характери осоишта дорад ва он барои рушди ҷомеа ва ҳифзи суботи сиёсӣ фаъолият менамояд.

Яъне, асоси мавҷудияти оппозитсияи сиёсӣ ин сабти қонунӣ, доштани барномаи мушаххас ва мавқеи муайян, ки дорои ҳадафҳои осоиштаи рушд мебошад, ба ҳисоб меравад. Маҳз чунин ҷиҳатҳо оппозитсияи сиёсиро аз дигар созмонҳои террористиву экстремистӣ ҷудо менамояд.

Падидаи терроризму ифротгароӣ се даҳсола аст, ки кулли ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст. Созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ баъди пайдо гардидану оғоз намудани фаъолияти тахрибкорӣ худ ба ноором сохтани ҷомеаҳо ва қатлу куштор, ташкили низоъҳо машғул гардиданд. Таҳлилҳо собит намудаанд, ки гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ ҳамеша ба муқобили манфиатҳои ҷомеаи башаранд ва барои нобуд сохтани ин ё он ҷомеа ё фарҳангу тамаддун ё давлате фаъолият мебаранд. Бояд қайд намуд, ки ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ низ дорои ақида ва мақсадҳои муайян мебошанд. Аммо ба фарқ аз оппозитсияи сиёсӣ, ки ҳадафҳои осоишта дорад, созмонҳои ифротгарову террористӣ ғаразҳои нопок доранд. Имрӯз дар ҷаҳон шумораи бисёри ташкилотҳои террористӣ ва экстремистие мавҷуданд, ки дар рӯйхати сиёҳи созмонҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳо қарор доранд. Масалан, “ДИИШ”, “Ал-Қоида”, “Толибон”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “ТТЭ ҲНИ” ва ғайра аз ҷумлаи чунин ташкилотҳои террористӣ мебошанд.

“ТТЭ ҲНИ”, “Гурӯҳи 24” ва “Паймони миллии Тоҷикистон” созмонҳои террористӣ ва ифротгароянд.

Бояд қайд намуд, ки дар сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бо терроризм ва экстремизм яке аз ҳадафҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии хатари созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ дар кишвар қонун, стратегия ва консепсияҳое қабул намудааст, ки самти муборизаро мушаххас самарнок намудаанд. Вобаста ба ин то имрӯз аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ мазмун ва муҳтавои фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ мушаххас гардида, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ мебошанд, ба монанди “ДИИШ”, “Ал-Қоида”, “Толибон”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “ТТЭ ҲНИ”, “Гурӯҳи 24”, “Паймони миллии Тоҷикистон” ва ғайра. Инчунин, фаъолияти сомона, матбуот, мавод ва шабакаҳои марбут ба чунин ташкилотҳо дар ҳудуди кишвар мамнуъ карда шудааст. Яъне, тибқи қонун ва низоми судии кишвар ташкилотҳои номбаргардида созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошанд. Яъне, “ТТЭ ҲНИ”, “Гурӯҳи 24” ва “Паймони миллии Тоҷикистон” ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошанд. Ин ташкилотҳо мухолифи сиёсӣ нестанд, балки созмонҳои хатарноки террористӣ ва экстремистӣ мебошанд.

Комрон Фозилов,

устоди ДМТ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш