Нашрияи Омӯзгор

«Маорифи Тоҷикистон» 30-сола шуд

Сана: 2022-01-13        Дида шуд: 128        Шарҳ: 0

 

10-уми январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бахшида ба 30-солагии таъсиси маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода, сардорони раёсату шуъбаи дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарон ва кормандони муассисаҳои тобеи вазорат, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён зимни сухани ифтитоҳӣ қайд намуд, ки маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” ҳамсоли истиқлоли кишвар буда, аз лиҳози шаклу мазмун сол то сол рушд меёбад. Шумораи нахустини он бо номи “Адаб” моҳи июли соли 1991, ду моҳ пештар аз қабули Эъломияи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расид. Маҷалла дар натиҷаи талоши рӯшанфикрони тоҷики солҳои 80-90 - уми қарни 20 дар шароити соҳибистиқлолии комили давлати Тоҷикистон бо мақсади рушди илму маориф ва фарҳанги ҷумҳурӣ арзи ҳастӣ кард. Аввалин сардабири он номзади илмҳои педагогӣ, донишманди шинохта, маорифпарвар ва мактабшиноси маъруф Шамсуллоҳ Исломов  мебошад.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода вобаста ба низоми рушди маориф ва матбуоти соҳавӣ сухан ронда, қайд намуд, ки маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” имрӯзҳо  дар байни шабакаҳои иҷтимоӣ низ мавқеи хос пайдо кардааст.

Декани факултети журналистикаи ДМТ Бахтиёр Қутбиддинов дар мавзуи “Нақши маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” дар бедорӣ ва худшиносии миллӣ” маърӯза карда, аз ҷумла, иброз дошт, ки матбуоти соҳавӣ, хусусан, нашрияҳои Вазорати маориф ва илм ба рушду инкишофи кишвар ва ташаккули маърифати мардум аз ибтидо таъсири махсус расонида, имрӯз серхонандатарин нашрияҳои соҳавии ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд.

Академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Муҳаммаддуло Лутфуллоев, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Омӯзгор” Ноилшоҳ Нурализода, сармуҳаррири маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” Шодӣ Шокирзода, мушовири директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм Латофат Назирӣ, сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм Аҳлиддин Саиднуриддинзода, сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм Эҳсон Сафарзода ва сармутахассиси шуъбаи робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозанин Мирзоева хотироту андешаҳои худро иброз дошта, аҳли эҷоди маҷалларо ба ифтихори 30-юмин солгарди он таҳният гуфтанд.

Дар доираи таҷлили 30-солагии маҷалла ба як қатор кормандон ва муаллифони фаъоли он аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм нишонҳои “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии матбуоти Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”, “Ифтихорнома” ва “Сипоснома” тақдим карда шуд.

Маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” бахшида ба 30- солагии Истиқлоли давлатӣ озмуни мақолаҳои беҳтаринро миёни хонандагону алоқамандони соҳа зери унвони “Маориф ва истиқлол” баргузор намуд, ки он аз чор бахш – “Сиёсат, маориф, илм”, “Таҳсилот ва замон”, “Мулоҳиза ва пешниҳод” ва “Таҷриба ва эҷод” иборат буд. Барои иштирок дар озмун аз ҷониби муаллифон беш аз 200 мақола пешниҳод гардид, ки беҳтарини онҳо дар шумораҳои маҷалла ва ду ҷилд китоб нашр гардид.

Ҳамоиши тантанавӣ боз як далели нақши шоистаи маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» дар пешрафту такомули соҳаи маорифи кишвар гардид.

 

Зайнаб Ҳусейнова

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш