Нашрияи Омӯзгор

Саноати кӯҳӣ – омили муҳими пешрафти кишвар

Сана: 2022-01-13        Дида шуд: 108        Шарҳ: 0

 

Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо мушкилиҳои зиёди иқтисодӣ нигоҳ накарда, барои рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи давлат беш аз пеш зиёд гардида, асоси онро тақвияти истеҳсолот, коркард ва содироти маҳсулоти тайёр тавассути ворид намудани технологияҳои нав ташкил медод.

Бо мақсади рушди иқтисодии кишвар, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ва аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноатию аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид. Фароҳам овардани заминаву шароит барои рушди саноати кӯҳию металлургӣ яке аз омилҳои муҳимтарини саноаткунонии кишвар маҳсуб меёбад. Зеро Тоҷикистон дорои захираҳои бойи сарватҳои зеризаминӣ, маъдан – металлургияи сиёҳ, ранга, қимматбаҳову нодир мебошад.

Тибқи маълумоти геологӣ ва корҳои иктишофӣ, айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 600 кон кашф ва омӯхта шудааст, ки дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданиву ғайримаъданӣ мебошад.

Пешвои миллат дар ҳама суханрониҳо ва Паёмҳояшон ба рушди саноати кӯҳию металлургӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Сарвари давлат дар ин маврид қайд намуданд, ки «ҳоло ҳамагӣ 27 фоизи захираҳои мавҷуда истихроҷ ва коркард шуда истодааст, ки чунин ҳолат барои расидан ба ҳадафи чоруми миллии мо қонеъкунанда нест». Дар ҷумҳурӣ баҳри тақвияти ин самт «Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021 – 2030» таҳия гардидааст. Мавриди зикр аст, ки татбиқ намудани барномаи мазкур дар ояндаи наздик барои саноати кӯҳию маъдан шароити мусоидро фароҳам меорад.

Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки саноати кӯҳию металлургӣ яке аз соҳаҳои фоиданоки хоҷагии халқ буда, барои ғанӣ гардонидани буҷаи давлат мусоидат менамояд. Барои минбаъда рушд додани саноати кӯҳӣ ҳамчун қисми таркибии саноаткунонии кишвар, пеш аз ҳама, сохтану ба истифода додани корхонаҳои нави саноатӣ, ки бо коркард ва маҳсулоти тайёр нигаронида шудаанд, дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, сохтан ва ба истифода додани корхонаи маъдан дар мавзеи Канчочи ноҳияи Айнӣ, корхонаи металлургӣ дар ноҳияи Ҳисор аз ҷумлаи ҳамин корхонаҳои саноатӣ маҳсуб меёбад. Омили дигаре, ки барои рушди саноати кӯҳӣ мусоидат менамояд, ворид намудани техника ва технологияҳои нави муосири соҳавӣ мебошад. Тавассути ҷорӣ намудани технологияи муосир коркарди пурраи ашёи хом ва то ба маҳсулоти ниҳоӣ табдил додани он имконпазир мегардад. Рушди саноаткунонии босуръати кишвар тақозо менамояд, ки мутахассисони болаёқат ва дорои тафаккури баланди техникӣ ватанӣ омода карда шаванд. Дар омода намудани мутахассисони варзидаи саноати кӯҳӣ нақши Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон назаррас аст. Дар донишкада аз рӯи 15 ихтисос мутахассисони саноати кӯҳӣ омода карда мешаванд.

Ҳамин тавр, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки рушди ҳамаҷонибаи саноати кӯҳӣ ва омилҳои муҳими саноаткунонии кишвар ва омодасозии мутахассисони соҳа вобастагии амиқ дорад.

 

Савриддин БОБОҶОНОВ,

омӯзгори Донишкадаи кӯҳию

металлургии Тоҷикистон 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш