Нашрияи Омӯзгор

Ҷавонон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ

Сана: 2022-01-13        Дида шуд: 94        Шарҳ: 0

 

Мо, ҷавонон, набояд фаромӯш созем, ки мардуми Тоҷикистон масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва ободиву пешрафти мамлакатро асосан ба зиммаи мо вогузор намудаанд.

Дар хотир дошта бошем, ки барои мо  аз ҳама муҳим арзишҳое ҳастанд, ки манфиатҳои миллӣ ва давлатиамонро воқеъбинона инъикос менамоянд. Имрӯз шоҳид мешавем, ки зери шиори демократия, озодии сухан, матбуот, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, дастгирии башардӯстона ва ғайраҳо бисёре аз давлатҳои соҳибиқтидор ва созмону ташкилотҳои гуногун манфиатҳои миллии халқу миллатҳо ва давлатҳоро зери по карда, мақсаду ҳадафҳои нопоку ғаразноки худро амалӣ менамоянд. Дар ин ҷода мо, ҷавонон, бояд ҳушёр ва зирак бошем. Манфиат ва зарари худро зуд дарк кунем, фирефта нашавем. Мо ба демократияе ниёз дорем, ки манфиатҳои миллии моро дар худ пурра инъикос намояд. Мо ба озодии сухан ва матбуоте арҷ мегузорем, ки бар зидди манфиатҳои миллии мо тарғибот набарад. Мо бояд ба васоити ахборе такя кунем, ки бо мақсадҳои ғаразнок ва иғвогарию ҷудоиандозӣ таъсис наёфта бошанд ва аз ҷониби гурӯҳҳо ва давлатҳои махсус маблағгузорию пуштибонӣ наёбанд. Мо ба ҳамкорон ва шарикони стратегие эҳтиром мегузорем, ки манфиатҳои миллии худро бо манфиатҳои миллии мо дар як сатҳ гузоранд ва якрӯя бошанд. Чунки мо низ баробари тамоми давлатҳои дигар қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастем ва субъекти комилҳуқуқу мустақили муносибатҳои байналмилалӣ мебошем ва шарикони давлати мо бояд ҳамаҷониба ба ин арҷгузорӣ намоянд, чунки дар паси ин, манфиатҳои миллии мо меистанд. Инро мо бояд хуб дарк кунем.

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвари мо ба майдони бархӯрди манфиатҳои давлатҳои алоҳида ва гурӯҳҳои махсуси сиёсӣ табдил ёфт. Онҳо манфиатҳои худро боло гузошта, манфиатҳои миллии моро зери по карданд. Нангинтар он аст, ки онҳо ин корро бо дасти худи фарзандони миллатамон анҷом доданд. Вале оқибат кӣ зарар дид? Хонаи мо сӯхт. Фарзандони миллати мо сарсону саргардон ва гуреза шуданд. Ватани мо валангор шуд. Ҷавонписарони модарони мо ба ҳалокат расиданд. Азоби ин ҳамаро кӣ кашид? Танҳо худи мо. Кӣ Ватани моро обод кард? Танҳо худи мо. Фарзандони модари моро бо ҳам ҷанг андохтанд ва худ тамошобин шуданд. Ба ҳоли мо механдиданд. Интизори он буданд, ки мо дигар ба мувофиқа ва сулҳу ваҳдат намерасем ва онҳо кишвари моро пора сохта, байни худ тақсим менамоянд ва ё ба таври мехостаи худ давлат бунёд месозанд. Ин сабақи ҳаётӣ аст барои мо - ҷавонон.

Мо, ҷавонон, бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки Ватани моро ба ғайр аз худамон дигар ҳеҷ кас обод намекунад. Аз ҷониби дигар, мо бояд шукргузор бошем, ки пурифтихортарин ва пуршарафтарин рисолат – обод кардани Ватан бар дӯши мо аст. Ватани мо танҳо барои мо Ватан аст, азизу муқаддас аст. Барои дигарон  - ҷои ба даст овардани манфиат.

Имрӯз тибқи низоми давлатдорӣ кишвари мо сиёсати «Дарҳои кушода»-ро роҳандозӣ намудааст ва бо тамоми давлатҳо, ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамкориҳои густурда  ба роҳ мондааст. Дар ин замина фаъолияти озоди иқтисодӣ  роҳандозӣ шуда, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат бештар мегардад. Бо дарназардошти ин масъала, моро зарур аст, ки манфиатҳои миллӣ – иқтисодии худро хуб донем, иқтисоди миллиро рушд диҳем, ҳамзамон дар раванди ҷаҳонишавии иқтисодиёт рақобатпазирии истеҳсолоти миллиро таъмин намуда, манфиатҳои умумимиллиамонро ҳифз намоем. «Ҳар ҷомеа ба ҳадаф ва қутбнамое ниёз дорад, ки роҳи рушди худро мутобиқи он муайян созад. Чунин ҳадаф бояд дар заминаи таърих, арзишҳо ва ҳувияти миллӣ ташаккул ёфта, ба воқеият, ниёзҳо ва дархостҳои имрӯзаи ҷомеа ҷавобгӯ бошад, аксари афрод ва табақаҳои ҷомеаро дар атрофи худ муттаҳид сохта, мардумро ба сӯи рушду созандагӣ роҳнамоӣ кунад». (Эмомалӣ Раҳмон) Бисёр шоҳид мешавем, ки зери ҳамкориҳо ва сармоягузориҳои иқтисодӣ ҳадафҳои сиёсӣ нуҳуфтаанд. Ин яке аз равандҳои махсуси сиёсӣ дар ҷаҳони муосир маҳсуб меёбад, ки давлатҳои алоҳида, баъзе созмону ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ ва гурӯҳҳои махсус онро барои расидан ба манфиатҳои стратегии худ истифода менамоянд.

Ғайр аз ин, имрӯз мушоҳида мегардад, ки давлатҳои алоҳида барои идомаи тараққиёти соҳаҳои иқтисодии худ дар бисёри ҳолатҳо ба захираҳо ва сарватҳои табии давлатҳои рӯ ба тараққӣ ва нисбатан хурд дастдарозӣ менамоянд ва манфиатҳои миллии онҳоро нодида мегиранд. Мо низ аз ин раванд фориғ нестем. Бо дарназардошти ин, мо - ҷавононро зарур аст, ки роҳу воситаҳои ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯи истифодаи захираҳо ва сарватҳои табиии худро ба манфиати миллиямон донем ва бо истифода аз онҳо давлати соҳибистиқлоли худро тараққӣ диҳем ва зиндагии шоистаю арзандаро барои сокинони кишвар муҳайё намоем.

Манфиатҳои миллии мо, пеш аз ҳама, ҳифзи сохти давлатӣ, истиқлол, ваҳдат, ягонагӣ, истифодаи ҳамаҷонибаи захираҳои табиии кишвар, махсусан, захираҳои обӣ, рушди иқтисоди миллӣ, нигоҳдошт ва баланд бардоштани мақоми байналмилалии кишвар, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, арзишҳои миллӣ, таърих, фарҳанг, расму оин ва ҳувияти миллӣ мебошад.

Имрӯз мушкилтарин кору амал барои мо - ҷавонон дар раванди бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, ҳифз карда тавонистани манфиатҳои миллӣ мебошад. Барои ин сатҳи баланди донишҳои замонавӣ, тафаккури муосири сиёсӣ, таҳлили дақиқи равонӣ, ақидавӣ ва сиёсӣ ба мо зарур аст.

«Дар ин ҷаҳони пур аз тазоду рақобатҳои шадиди глобалӣ тақдири имрӯзу ояндаи худро дар даст доштан, истиқлолияти комилу давлатдории миллиро ҳифз кардан ва дар ин замина таъмин намудани амнияти кишвару ҷомеа, пуштибонӣ аз манфиатҳои давлату миллат аз мову шумо иҷрои корҳои боз ҳам бузургро тақозо мекунад».

Ин гуфтаҳои ҳикматбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ба боз ҳам ҳушёру зирак ва ҳомиии воқеии манфиатҳои миллӣ будан даъват менамоянд.

Файзуллозода Ҳусейн Файзулло,

декани факултети

тарбияи ҷисмонии ДТҶТ

ба номи С. Раҳимов,

номзади илмҳои педагогӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш