Гоҳе ба байте ё ҷумлае дучор меоем, ки бо вуҷуди пурмазмун буданаш ба сабаби нофаҳмо будани ягон калимаи таркибаш таваҷҷуҳамонро чандон ҷалб намекунад.
Гирем, як байти Шайх Саъдиро, ки дар мавриди дар кори таълиму тарбия ва сайқали ҳунару тақвияти малака хеле муҳим будани қувваи пазирандагии сиришт фармудааст:
Чун бувад асли ҷавҳаре қобил,
Тарбиятро дар ӯ асар бошад.
Ба мазмуни фарогири ин байти кӯтоҳ кӣ амиқан сарфаҳм рафта метавонад?
Барои фаҳмидани моҳият ва кушодани дари ҳикмати ин байти олӣ донистани маънои ба фикри мо, се калимаи калидӣ –гавҳар, қобил ва асар ниҳоят муҳим аст. Ба назар чунин мерасад, ки дар байни ин се калидкалима ба донистани маъно ва мафҳуми ифодакардаи калимаи қобил таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан мебояд.
Дар байт калимаи қобил ба маънои пазиранда омадааст. Дар гуфтори худ мардум калимаро ба маънои чусту чолок ва корбудкун низ мефаҳманд ва истеъмол мекунанд... Ана ҳамин чанд тобиши маъноии нозук доштани калима, он тобишҳоро дарк кардану маърифат намудан касро на танҳо ба ҷустуҷӯ ва сайди маъниҳои шунидаву хонда раҳнамун месозад, инчунин худи раванди кофтукоб, ки натиҷааш дарки маънӣ ва расидан ба моҳияти чизҳост (ин чиз касро ба санҷидагӯйиву донистакорӣ ҳидоят менамояд), ба нафари ҷӯянда аҷаб ҳаловати маънавӣ мебахшад.
Қисса кӯтоҳ, қобил кист? Қобил касест, ки дар иҷрои коре қобилият дорад.
Аммо қобилият чист? Калимаи мазкур дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” чунин маънидод карда шудааст: “истеъдод, қариҳа, хусусияти аз худ намудан дар табиати инсон”. Дар шарҳи муродифи он –калимаи қариҳа мехонем: “мизоҷ, табъ; қудрати табиӣ, истеъдод”. Дар ин фарҳанг ба дигар муродифи калимаи қобилият – истеъдод ду шарҳ додаанд: “1. омода шудан, тайёр будан, омодагӣ, муҳайёӣ. 2. қобилият, лаёқат, тавоноӣ ва қудрати кардани коре”.
Агар фарҳангро варақ зада, калимаҳои лаёқат, қудрат, қувва, тавоноӣ, малака, маҳорат, ҳунар ва ғайраро, ки ё муродифанд, ё наздикмаъно, ё мафҳуми ифодакардаи яке натиҷаи мафҳуми дарбаргирифтаи дигаре мебошад, як-як таҳлил кунем, масъалаи баҳс бароямон равшантар шудан мегирад. Ҳама маъниҳои аз шарҳи калимаҳои ишорашуда бардоштаро бо мазмунҳои дар дарсҳои забон, адабиёт, фалсафа, мантиқ ва психология аз устодон шунида ба ёд гирифтаам омезиш дода, натиҷаро бо як сухан хулоса намоем, чунин таъриф мебарояд: қобилият қувваи дарк кардан, пазируфтан, аз худ намудан мебошад. Яъне қобилият маҷмӯи махсусиятҳои равонии фард аст, ки пиндор, гуфтор ва кирдори ӯро идора карда, чигунагии фаъолияти ҳаётии ӯро муайян месозад, малакаи ӯро ба иҷрои коре ташаккул медиҳад. Дар фаъолияти шахси қобилиятнок ҳар як малакаи ташаккулёфта дар навбати худ барои пайдо шудан ва ривоҷ ёфтани малакаи нави сатҳи баландтар мусоидат мекунад...
Қобилият чунин қувваи фитрӣ, чунин махсусияти равонӣ ва имконияти зеҳнии инсон аст, ки ба он муваффақияти фаро гирифтани дониш, пайдо кардан ва сайқал додани малакаю маҳорати барои фаъолияти муайяне зарур вобаста мебошад...
Ҳамон тавр ки раванди ҷустуҷӯй, тааммул, расидан ба моҳияти муаммо ва натиҷарасӣ чунон бояд сурат гирад, ки касро ба маърифати чизе ё донистани моҳияти ҳодисе расонда тавонад. Шахси ба чунин роҳ воридгашта дар идомаи пажӯҳишоти худ, фарз кардем, баъд аз донистани маъно ва муҳтавои калимаҳои қобил ва қобилият ба донистану фаҳм кардани маънӣ ва мафҳуми ифодакардаи калимаи пазируфтан хоҳад пардохт, ки он низ дар навбати худ ҳамчунон ӯро ба сайди маъниҳои дигар раҳнамун хоҳад сохт. Албатта, пажӯҳишгар (хонанда)-и хурдсол ба он натиҷаю хулоса, ки мо аз кофтукоби маънои калимаи қобил зина ба зина расидем, дастёб шуда наметавонистагист, чунки барои ба чунин натиҷа расидан вай ҳанӯз заминаи андешаронӣ, хулосабарорӣ ва маърифатии мусоиду қавӣ надорад, яъне ба чунин кор омода нест (ӯро бо шарҳу маънидод ва тавзеҳоти ҷолибу зебо ба омӯзишу пазириши саҳеҳу дурусти ҳама чизҳову ҳаводиси олам тайёр бояд кард!). Аммо омӯзгоре, ки ба ӯ дарс мегӯяд, худ бояд дар сатҳи диду биниш ва малакаю маҳорати зикршуда ё баландтар аз он қарор дошта бошад, то ки порае аз малакаю маҳорати худро беосебу газанде ба замиру сиришти вай интиқол дода тавонад.
Абдуғанӣ Муҳаммадиев,
омӯзгори мактаби № 29,
ноҳияи Деваштич
Иловакунӣ
Иловакунии фикр