11-уми январи соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён бо директори минтақавии Internews дар Осиёи Марказӣ Марат Бегалиев доир гардид, ки дар он ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкориҳо мубодилаи афкор намуданд.
Марат Бегалиев, директори минтақавии Internews дар Осиёи Марказӣ, иброз дошт, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ташкилоти Internews ва лоиҳаи минтақавии MediaCAMP, баланд бардоштани савияи саводнокии расонаии аҳолӣ мебошад. Дар ин самт мо як қатор лоиҳаҳои омӯзиширо дастгирӣ кардаем, ки ин ташкили Маркази саводнокии расонаии назди факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ифтитоҳи ду Хонаи саводнокии ВАО дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Хоруғ мебошад. Маркази саводнокии расонаӣ ҳоло фаъолияти босамар дошта, дар баланд бардоштани саводнокии расонаии устодону донишҷӯён саҳми арзанда мегузорад.
Инчунин, зикр гардид, ки дар доираи фаъолияти ин ташкилот чандин дастурамали таълимӣ аз ҷониби мутахассисони ташкилот омода шудааст, ки яке аз он “Дастурамали таълимӣ оид ба саводнокии расонаӣ барои устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон” мебошад.
Муовини якуми вазири маориф ва илм М. Саломиён изҳор дошт, ки дар доираи ҳамкориҳои ҷойдошта вобаста ба татбиқи пешниҳодҳои ироашуда чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Бояд гуфт, ки филиали Интернюс Нетворк дар Тоҷикистон зиёда аз 20 сол аст, ки рӯзноманигоронро таълим медиҳад ва дастгирӣ мекунад. Лоиҳаи MediaCAMP соли 2018 оғоз ёфта, дар се самт рушд меёбад: дастгирии рӯзноманигорон дар эҷоди маводи касбӣ, рушди саводнокии ВАО ва дастгирии кор оид ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр