Нашрияи Омӯзгор

Рисолати омӯзгорон бештар аст

Сана: 2022-01-14        Дида шуд: 102        Шарҳ: 0

 

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ (21.12.2021)  тамоми паҳлуҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд.

Дар Паёми вобаста ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дастовардҳои 30 соли мамлакат бозтоб гардиданд. Сарвари давлат ҳангоми ироаи Паём дар оғоз перомуни сулҳу ваҳдати миллӣ, ки дастоварди беназири замони соҳибстиқлолии кишвар мебошад, батафсил суханронӣ намуданд. Аз ин рӯ, ба мо, омӯзгорон, зарур аст,  ки минбаъд наслеро ба камол расонем, ки дар таҳкими   сулҳу субот саҳмгузор бошанд. Барои ин моро мебояд, ҳангоми ба роҳ мондани машғулиятҳо мунтазам расидан ба қадри сулҳу субот ва шукргузор буданро ба насли наврас талқин намоем. Дар ин масъала Пешвои миллат бамаврид таъкид карданд: «Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд». Дар замони муосир масъалаи таъмини амният ва сулҳу ваҳдат аҳамияти бештар пайдо кардааст. Амалиёти зиддибашарӣ ва тахрибкоронаи  гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ давра ба давра вусъат меёбад ва ин аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи имрӯза мебошад.

Ҳамчунин, дар замони соҳибистиқлоли кишвар се ҳадафи стратегии миллӣ татбиқи амалии худро ёфт.

Инак, ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар дар мамлакат амалӣ гардида истодааст ва аз ҷониби Пешвои миллат солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардид. Ин нукта  аҳли маорифро водор менамояд, ки дар ин ҷода қадамҳои устувор гузоранд ва насли донишманду соҳибтахассусро ба камол расонанд.

Шоистаи таъкид аст, ки дар Паёмҳои Пешвои миллат масъалаи рушди маорифи миллӣ ба таври ҳамешагӣ дар меҳвар қарор дорад. Инро метавон дар сохтмону бунёди мактабҳо ва дастовардҳои хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ мушоҳида намуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъали неруи зеҳнӣ ва тарбияи кадрҳои соҳибихтисосу донишманд таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи аҳли маориф мешуморад. Ин масъала дар Паём махсус таъкид гардидааст: «Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад».

Бояд гуфт, ки равобити дипломатии Тоҷикистон бо аксари  кишварҳои ҷаҳон ба роҳ монда шудааст ва ин омил мо - омӯзгоронро водор менамояд, ки ба масъалаи забономӯзии насли наврас диққати ҷиддӣ зоҳир намоем. Барои ин зарур аст, ки аз хурдсолӣ хонандагонро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ шавқманд гардонем, то тавонанд бо забонҳои хориҷӣ, махсусан, англисиву русӣ озодона такаллум намоянд: «…зарур аст, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад».

Дарвоқеъ, Паёми навбатии Пешвои миллат ба сифати роҳнамову ҳидоятгари имрӯзу фардои аҳли маорифи кишвар хидмат мекунад ва дар такя ба он мо – аҳли маорифро мебояд баҳри татбиқи амалии он бештар ҷаҳду талош намоем.

 

Туҳфа ХИСРАВБЕКОВА,

директори литсейи №1-и

 шаҳри Бӯстон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш