Нуктаҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди босуръати саноати кишвар (21.12.2021)
Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст.
***
Дар Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки амали он аз якуми январи соли 2022 оғоз мегардад, бо мақсади саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва ба ин васила, ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ, аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо имтиёзу сабукиҳои зикргардида нигоҳ дошта шуданд, балки бо вуҷуди таъсири манфии онҳо ба қисми даромади буҷети давлатӣ боз иловатан сабукиҳои зиёд пешниҳод гардидаанд.
Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда ва дастовардҳои зикргардида, ҳамчунин, ҷиҳати ҳалли пурраи мушкилоти мавҷуда Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди неруи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд.
Бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла, раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд.
Амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад. Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2360 расонида шуд. Танҳо соли 2021-ум 256 коргоҳу корхонаи нав бо 2500 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намуд. Аммо бо вуҷуди имтиёзу сабукиҳои зиёди пешниҳодгардида имконияту иқтидорҳои истифоданашуда барои боз ҳам тезонидани суръати саноатикунонӣ ҳанӯз зиёданд.
Захираҳои бузурги ашёи хоми ватанӣ имкон медиҳанд, ки тавассути коркарди пурраи маъдан, аз ҷумла, металлҳои рангаву қиматбаҳо, инчунин, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш соҳаҳои саноати металлургия, сабуку хӯрокворӣ ва дорусозӣ рушд намуда, дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот афзоиш ёбад ва саноатикунонии босуръати мамлакат таъмин карда шавад.
Барои ташкили корхонаҳо бо технологияҳои муосир, паркҳои инноватсиониву технологӣ, марказҳои коркарди иттилоот ва ба ин васила, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда бояд тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Дар давоми панҷ соли оянда, яъне дар доираи «Солҳои рушди саноат» тавассути таъсиси корхонаҳои нав, барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда, афзоиш додани ҳаҷми истихроҷи канданиҳои фоиданок ва коркарди маъдан ба фаъолият оғоз кардани боз якчанд корхонаи бузурги соҳаи маъдан оид ба коркарди ниҳоии ашёи хом бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ имконпазир мебошад.
Ҳамчунин, дар 5 соли минбаъда барои таъмин кардани рушди саноати сабук доир ба таъсиси 5 маҷмааи коркарди ниҳоии нахи пахта бо ҷалби беш аз 11 миллиард сомонӣ чораҳои амалӣ андешанд. Илова бар ин, бо дарназардошти фароҳамсозии омилҳои ҳавасмандгардонӣ дар корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, аз ҷумла, корхонаҳои нассоҷии дар ихтиёри давлат қарордошта, низоми идоракунии корпоративӣ роҳандозӣ ва бо ҷалби бахши хусусӣ фаъолияти самараноки онҳо ҳарчи зудтар таъмин карда шавад.
Дар самти рушди соҳаҳои мухталифи саноат зарур аст, ки гузариш ба технологияҳои инноватсионӣ, хусусан, таҷҳизоти каммасрафи барқӣ таъмин гардида, дар ин замина истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок бо истифода аз «энергияи сабз» васеъ ҷорӣ карда шавад.
Вобаста ба талаботи соҳаи саноат зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили нақшаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва тайёр кардани мутахассисони касбҳои нав эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Вобаста ба талаботи иқтисоди миллӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат дар самтҳои ҷустуҷӯ ва иктишофи канданиҳои фоиданок ва рушди саноати маъдан олимони мо бояд корҳои таҳқиқотиро вусъат диҳанд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр