Нашрияи Омӯзгор

Дастури муфид

Сана: 2022-01-20        Дида шуд: 77        Шарҳ: 0

 

«Забони тоҷикӣ» (дастури таълимӣ-тахассусӣ барои донишҷӯёни равияи табиӣ ва риёзӣ) - чунин ном дорад китоби нави мудири кафедраи забони тоҷикии ДДОТ ба номи С.Айнӣ доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод.

Китоб аз чаҳор боб иборат мебошад. Дар боби аввал оид ба “Мақоми забон дар ҷомеа, талаффуз ва имло” маълумоти мукаммал фароҳам омада, дар пешниҳоди мавзуъ ва пурсишу супоришҳо дидгоҳи нав мушоҳида мегардад. Қоидаҳои имло тарзи дурусти навишторро нишон медиҳанд, матнҳои тахассусӣ сатҳи дониши хонандаро боло мебаранд, супоришҳо ҷаҳони маънавии толибилмро ғанӣ мегардонанд, пораҳои шеърӣ савияи фикрро тақвият мебахшанд. Аксари матнҳо дастнахӯрдаанд, усули нави ифодаи маънои пораҳои шеърӣ ба ҷумлаҳо салиқаи баёни фикр бо матнро ташаккул ва нутқи хаттии донишҷӯро мураттаб мегардонанд.

Боби дуюм фарогири “Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” аст. Бо назардошти он ки дар қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ аломатҳои китобат бо мисолҳои мушаххас асоснок шудаанд, айнан овардани онҳо зарур дониста шудааст.

Ҳоло дар тамоми корхонаву муассисаҳо коргузорӣ ба забони давлатӣ роҳандозӣ шудааст. Ба ин хотир, боби сеюм “Санаднигорӣ” ном дошта, хонандаро бо тарзи дурусти навишти ҳуҷҷатҳо шинос менамояд.

“Маводи ёрирасони дидактикӣ” унвони боби чаҳоруми китоб буда, матнҳои тахассусиро дар бар мегирад. Бахши “Луғат” чанде аз вожаву истилоҳоти соҳавиро фарогир аст, ки дар раванди тадрис коромад хоҳанд буд.

Китоб барои устодон, донишҷӯён, хизматчиёни давлатӣ, коргузорон, пажӯҳишгарон, муаррихон ва ҳаводорони забони тоҷикӣ ба ҳайси маъхази муътамад ва дастури муфид хидмат мекунад.

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш