Нашрияи Омӯзгор

Бонуи илм

Сана: 2022-01-20        Дида шуд: 84        Шарҳ: 0

 

Ман соли 1966 донишҷӯи факултети таърихи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин  (ҳоло ДМТ) шудам.  Банда, ки ба фанни  таърих шавқу завқи зиёд доштам, дар кулли маҳфилҳои илмии донишҷӯён ширкат меварзидам, фарқ надошт, ки     даъват шудаам ё не. Дар илмомӯзӣ баъзан шилқинӣ  ба нафъи донишҷӯ   аст. Боре  дар маҳфили «Таърихи умумӣ» шоҳиди  маърӯзаи духтари ситорагарме шудам, ки дар бораи яке аз симоҳои инқилобии Фаронса бо номи Максимилян Робеспер маърӯза мекард. Вай бо забони тоҷикӣ ва лаҳни хеле ширин маърӯзаашро мехонд. Ҳам омӯзгорон ва ҳам донишҷӯён суханони ӯро бодиққат гӯш мекарданд. Пасонтар фаҳмидам, ки ин духтари нозукандоми ситорагарм Тамарахон Файзуллоева ном дошта, аз ман  як курс боло мехондааст. Тамарахон  дар шаҳри Киеви Ҷумҳурии Украина ба дунё омада, дар зодгоҳи падар - маркази фарҳангии тоҷикон - шаҳри Самарқанд ба камол расидааст. Тамарахон мактаби миёнаро бо забони русӣ хатм карда бошад ҳам, дар факултаи таърих дар гурӯҳи таҳсил бо забони тоҷикӣ мехонд. Ҳамроҳи Тамарахон   боз тоҷикдухтари дигар -  Ҷаннат Шарифова таҳсил мекард, вай ҳам мактаби миёнаро бо забони русӣ хатм карда буд. Бинед, ки Тамарахон  ва Ҷаннат ҳар ду рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд, мутаассифона, зиндагии Ҷаннат кӯтоҳ будааст, ӯ ҳаётро бармаҳал падруд гуфт. Тамарахон Файзуллоева минбаъд ба дараҷаи яке аз олимони шинохта ва маъруф ба камол расид.

Ман хеле хуб медонам ва шоҳид ҳастам, ки Т.Файзуллоева дар факултет ҳамчун донишҷӯи обрӯманд ва ояндадор маълум буд. Баромадҳояш дар маҳфилҳои фаннӣ саропо илмӣ буданд. Забони русиро хеле хуб медонист, маводи таърихиро аз сарчашмаҳои муътамад гирд меовард, ки ин  на ба ҳама даст медод. Ҳамин буд, ки пас аз хатми факултет  Тамарахон дар   кафедраи таърихи наву навин ба кори омӯзгорӣ пардохт. Ҳангоми таҳсил бо ҷавони  болаёқат Манзар Мунавваров, ки ҳар ду дар як курс таҳсил мекарданд, рӯ ба рӯ шуд.  Якдигарро дӯст дошта, оила барпо карданд. Минбаъд Тамарахон дар зиндагӣ насаби шавҳарро (Тамарахон Мунавварова) интихоб кард. Устодон М. Бобохонов ва А. Слонимский Манзар  Мунавваровро низ ба ҳайси коромӯзи кафедраи таърихи наву навтарин пешбарӣ намуданд. Акнун зану шавҳари ҷавон дар як кафедраи бонуфуз ба фаъолияти педагогӣ ва таҳқиқоти илмӣ пардохтанд.

Инак, зиёда аз 50 сол мешавад, ки  ҳар ду дар як кафедра кор карда, дар баробари дастовардҳои илмӣ ба донишҷӯён сабақ меомӯзонанд. Т. Мунавварова таҳти  роҳбарии  муаррихи шинохта,   профессор Мулло Эркаев рисолаи номзадиро дар ҳамоҳангӣ бо  соҳаи педагогика бомуваффақият ҳимоя кард. Т. Мунавварова се насли омӯзгорони  таърихро барои муассисаҳои таълимии кишвар тарбия намудааст.

Фаъолияти илмии Т. Мунавварова  пурсамар мебошад. Ин бонуи илм дар услуби нигориш бо забони русӣ ва тоҷикӣ  муваффақ аст. Тамоми рисолаҳои илмӣ, номзадӣ, мақолаҳо, дастурҳое, ки бо забони русӣ омода мешаванд, ҳатман аз назари ӯ мегузаранд.  Т. Мунавварова ва М. Мунавваров тайи панҷоҳ соле, ки дар як кафедра заҳмат мекашанд, муаллифи даҳҳо китобу дастурҳои таълимӣ, монографияҳо, мақолаҳо буда, инчунин, соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар ва ҷаҳонро ба риштаи таҳқиқ гирифтаанд.

Т. Мунавварова модари  меҳрубон ва мушфиқу хушбахт аст,  фарзанд ба дунё оварда, ба камол расонд. Албатта, дар  камолоти фарзандон  ҳиссаи   падари хонадон, устод Манзар Мунавваров низ  кам нест. Метавон гуфт, ки оилаи Мунавваровҳо яке аз хонаводаҳои муваффақ ва намунавӣ   ба ҳисоб меравад.

Тамарахон Мунавварова зани хеле хоксору самимист. Аз рӯзгори сипаришуда, кору фаъолияти шоиста баҳри шукуфоии кишвари азизамон -  Тоҷикистон  шоду масрур мебошад.

Амиршоҳ ЁРМУҲАММАДОВ,

номзади илмҳои таърих,  дотсенти факултети таърихи ДМТ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш