Омӯзгор аз Испания Вероника Дуке дар яке аз дарсҳо аз усули аҷиб кор гирифт. Либосе пӯшид, ки дар он мушакҳо, узвҳои ковокии шикам ва қафаси сина тасвир шудаанд. Ҳамкасбони омӯзгор ва хонандагон ин шеваи омӯзишро шавқовар ва муассир хонданд.
Ҳар боре ки ин омӯзгор дар бораи ягон чеҳраи таърихӣ дарс мегузарад, либосҳои яке аз қаҳрамононро мепӯшад ва худро ба ӯ монанд мекунад.
Хонум Дуке таҷрибаи 15-солаи омӯзгорӣ дорад. Аз фанҳои санъат, забонҳои англисӣ ва испанӣ дарс медиҳад. Ба унвони ифтихории «Омӯзгори сол» ҳам мушарраф шудааст.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр