Нашрияи Омӯзгор

Илми педагогика - раҳнамои тарбия

Сана: 2018-08-09        Дида шуд: 761        Шарҳ: 0

Бояд зикр кард, ки бе тарбияи шахсияти инсон пешравиҳои ҷомеа имконнопазир мебошад. Аз ин лиҳоз, илми педагогика ҳамчун равияи таълимию методӣ эътироф шудааст. Дар назар бояд дошт, ки тарбияи инсон аз рӯзи таваллуд то дами (рӯзи) марг идома меёбад. 

Педагогика ҳамчун илм дорои методика, методология, принсип, усул, услуб, барномаҳои таълимӣ китобҳои дарсӣ ва адабиёти хосе мебошад. Технологияҳои нави таълим, маълумот ва тарбия ҳамчун таъсирбахши методикаҳо тавлид меёбанд. Вобаста ба ин, таъкид бояд кард, ки донишҳои педагогӣ, ки имрӯз ташаккул ва инкишоф ёфтааст, барои инсон басо зарур аст.

Мақсад ва вазифаҳои педагогика дар раванди таълиму тарбия чунин аст:

Омӯзгор (роҳбалад) касеро тарбия мекунад, ки тибқи талаботи давру замон аз ҷиҳати маънавӣ донишманд, меҳнатдӯст, дорои ахлоқи ҳамида, ватандӯст, инсонпарвар ва поквиҷдон бошад.

Мусаллам аст, ки дар ҷамъияти ғуломдорӣ педагогика (тарбия) хусусияти синфӣ дорад, тарбия ба дасти синфи ҳукмрон мегузарад. Синфи ҳукмрон ҳуқуқ пайдо кард, ки фарзандони камбизоатро дар бозорҳо фурӯшад ва бихарад, яъне онҳоро мулки хусусӣ меҳисобиданд. Бо мурури замон ин сохтори давлатдорӣ (ғуломдорӣ) давра ба давра барҳам хӯрд. Байни ғуломдорҳою ғуломон норизогӣ, задухӯрдҳо ва дигар омилҳои нохуш пайдо шуданд.

Тахминан дар ин давраҳо (асрҳои IV – I то милод) дар Спартаи қадим сохти назарияи тарбия ташаккул ёфт, ки ин сифатҳои тарбияи сабру тоқат, итоати бечуну чаро, ғолибият ва пирӯзӣ дар амал маҳсуб меёфтанд.

Мазмун ва методикаи тарбияи рӯҳониён бо дониши динӣ мусаллаҳ намудани одамон буд. Мазмун ва методикаи тарбияи дворянинҳо бошад, ба меҳнати ҷисмонӣ ва кишоварзӣ равона шуда буд. Инҳо зидди системаи таълиму тарбияи меҳнаткашон, камбизоатҳо ва дигар шаҳрвандон буданд ва байни ҳамдигар алоқаи узвӣ доштанд.

Дар шароити феодалӣ таъсири масҷиду мадрасаҳо дар Осиёи Миёна, аз ҷумла, дар Тоҷикистон ҳам зиёд буд. На ҳама табақаҳои иҷтимоӣ ба гирифтани маълумот ва таълиму тарбия имконият доштанд. Асосан духтарон, занҳо имконияти ҳуқуқи таҳсил намуданро надоштанд. Дар давраи феодалӣ 95% духтарон ва 60% писарон тамоман бесавод буданд.

Бинобар ин, дар давраҳои ҷамъияти капиталистӣ системаи маорифи халқ рӯ ба беҳбудӣ овард. Ду системаи маълумотгирӣ ҷорӣ шуд: барои фарзандони заҳматкаш мактаби маълумоти умумӣ ва касбӣ, мактабҳои ибтидоӣ ва барои қисми аҳолии имтиёзманд мактабҳои миёна, мактабҳои олӣ (донишгоҳу донишкадаҳо, гимназияҳо ва ғ.). Тавре ки аён гардид, мақсад, мазмун, шакл ва методҳои тарбия дар ҳар давру замон ба худ хусусияти хоси синфӣ дорад. Бояд тазаккур дод, ки дар ин замон бисёр олимон, файласуфон, адибон, мутафаккирони классики форсу тоҷик дар асарҳои илмии худ ҷиҳати нобаробариҳо зидди ҷабру зулм ва беадолатии синфҳои ҳукмрон баромада, барои масъалаҳои марбути илм, таълиму тарбияи замонавӣ фикрҳои муфид ҷорӣ намуданд. Мутафаккирони форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Абӯшакури Балхӣ ва дигарон ба масъалаҳои одаму одамгарӣ, адолату накукорӣ, илму маърифат, фазлу адаб, мардию ҷавонмардӣ, донишу амал, фазилатҳои неку бади инсонӣ дахолат намуда, масъалаҳои мавзӯъҳои таълиму тарбияро дар асарҳои худ ҷой доданд. Ин аст, ки адабиёти классикии форсу тоҷик шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Аз ҷумла, Абӯалӣ ибни Сино тарафдори таълими тафриқа буд, яъне ӯ дар хусуси таълим омӯхтан чунин ақида дошт: «Бояд ба ҳар кас муносиби завқу истеъдодаш касб омӯхт». Машғулиятҳо (дарс) бояд бо шакли инфиродӣ ва гурӯҳӣ гузаранд. Алалхусус, дар боби илми педагогика, дар хусуси тарбияи насли наврас дар Машриқзамин қариб се ҳазор сол пеш фикру андешаҳо вуҷуд доштанд. Чунончи, дар китоби «Авесто» ибораҳои хуб навишта шудааст: «пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек», ки ин ҳикмати волою безавол асрҳои зиёдест, ки чун дастуру раҳнамои тарбияи ахлоқӣ хидмат мекунад. Дар ҳақиқат, «пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек» дастурест, ки ҳар бандаш дар ҳукми як китоб аст, аз инсон талаб мекунад, ки дар зиндагӣ чун инсон ва шаҳрванд ба наздикон ва дигар атрофиён нек сухан гӯяд, бадандеш набошад, балки нек биандешад ва нек амал намояд.

Методология омили муҳими коркард ва назарияи педагогӣ мебошад. Роҷеъ ба назарияи педагогӣ аз аввали пайдоиши тарбия ва таълим ду фаҳмиши назариявӣ (диалектикӣ ва материалистӣ) то ҳанӯз вуҷуд дорад, ки байни ҳамдигар мубориза мебаранд. Яке аз инҳо назарияи идеалистӣ мебошад, ки тарафдорони ин назария инкишофи инсонро ба ирсият мансуб медиҳанд. Назарияи материалистон бошад, ташаккулёбии инсонро ба таъсири муайяни дохилӣ ва берунӣ, шароити зиндагӣ вобаста медонанд.

Бинобар ин, педагогикаи ҳозира бо методҳои илмию тадқиқотии худ амал мекунад. Методҳои тадқиқоти илмӣ инҳо мебошанд: мушоҳида, суҳбат ва мусоҳиба, озмунҳо, тадқиқоти назариявӣ, омӯхтани ҳуҷҷатҳои архивӣ, омӯхтан ва ҷамъбаст кардани таҷрибаи пешқадам, методҳои сотсиологии тадқиқот (анкета, саволнома, супориш ва ғ.), ҳисоби математикӣ ва ҳоказо, ки дар фаъолияти худ роҳбарони идораҳо, хоҷагии қишлоқ, фермерҳо, сармоягузорҳо, инвесторҳо ва ғайра истифода мебаранд.

 

Сабоҳат Мирзораҳимова,

омӯзгори мактаби №13,

ноҳияи Исмоили Сомонӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш