Нашрияи Омӯзгор

Эҳтироми падар

Сана: 2022-01-19        Дида шуд: 81        Шарҳ: 0

 

Ва овардаанд, ки  дар  қуруни   мозия   дар  Миср  одат  будӣ, ки  ҳар  подшоҳе, ки ба ҷиҳати эҳтироми касе бархостӣ,  гуфтанд:  ӯ  аз  мулк  бархост, ӯро аз салтанат азл  кардандӣ. Чун Яъқуб, алайҳиссалом, ба  дидани Юсуф, алайҳиссалом, омад, Юсуф, алайҳиссалом, хост ки  бархезад, нагузоштанд. Гуфтанд: Дар ин бархостан хатари мулк аст. Юсуф, алайҳиссалом, барнахост. Ҳақ, ҷалла ва ало, ба Юсуф, алайҳиссалом, ваҳй фармуд, ки: Эй Юсуф, ба ҷиҳати маслаҳати мулки фонӣ ҳурмати падар фурӯ гузоштӣ, ба иззат ва ҷалоли мо, ки баъд аз ин аз пушти ту ҳеҷ пайғамбаре берун наёрем.

Шарҳ: Дар ҳикояи мазкур сухан дар бораи он меравад, ки одати пешини мисриён ин буд, ки ҳар касе, ки ба қасри подшоҳӣ ворид мешуд, подшоҳ ва нафарони дар тахту курсӣ нишаста аз ҷойяшон барнамехостанд. Юсуф, ки азизи Миср буд, баъди ворид гаштани падараш Ёқуби Пайғамбар аз ҷой барнахост. Ва ин амалаш беэҳтиромӣ ба мақому манзалати падар дониста шуда, аз фарзандони ӯ дигар касе мақоми пайғамбарӣ наёфтанд.

Манбаъ:  Мир Сайид Алии ҳамадонӣ. Захират-ул-мулук. Таҳиягарон Ҳ. Асозода ва Қ. Турдиев. Душанбе, 2008. саҳ. 200.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш