Нашрияи Омӯзгор

Агар…

Сана: 2022-01-19        Дида шуд: 102        Шарҳ: 0

 

Азиз Несин,

адиби Туркия

Дӯсти азизам, Баҳрӣ Филфил!

Аз ту ниҳоят  миннатдорам, ки хат кардӣ. Умедворам, ки мактуби ман, агар дар почта гум нашавад, сензура иҷозат диҳад, агар хаткашон унвони лифофаро дуруст хонда тавонад ва агар то он вақт хонаатро вайрон  карда туро накӯчонанд, агар хӯҷаини хона шуморо пеш накунад, ба дасти ту мерасад.

Бародари меҳрубон, Баҳрӣ Филфил, ту пурсидаӣ, ки ман хонадор мешавам? Агар номзади ман кор ёфта тавонад, агар соҳибкор ба иззати нафсаш сахт нарасаду аз кор пеш накунад, агар мо он қадар пуле ёбем, ки ҳуҷрае ба иҷора гирифта тавонем, агар мо қудрати харидани баъзе ашёи рӯзгор пайдо кунем, агар иқисодиёт, чунон ки сарвазир ваъда дод, дар ҳақиқат ҳам тараққӣ кунад, агар зиндагии мо ки ваъдаи  беҳбудиашро аз рӯзи азал то ҳол мешунавам, аз ростӣ ҳам серу пур шавад, агар моҳонаи маро зиёд кунанд, агар маро ба ихтиёри вазорат ҷег зада, ба ягон гӯшаи дурдаст нафиристонанд, агар маро аз кор наронанд, Худо хоҳад, ба ҳамин наздикиҳо хонадор хоҳам шуд.

Азизам Баҳрӣ Филфил, ту аҳволи холаат хонум Сафияро пурсидаӣ. Агар холаат доруҳое, ки аз рӯи ҳисоб ҳафтумин духтур фармудааст, ёфта тавонад, агар дар касалхона ҷои холие пайдо шавад, ки ӯро ҷарроҳӣ кунанд, агар бахташ тобаду барои Аврупо рафта табобат кардан пули хориҷӣ ёбад, агар киштие, ки ӯ меравад, ғарқ нашавад, насӯзад ва дар бандаре дарнамонад, агар ба ивази қарзҳо молу мулкашро мусодира накунанд, агар хола аз тафтиши сарҳадчиён сиҳат саломат гузарад, агар ӯро барои тавқе, ки ба шавҳараш туҳфа мебарад, савдогар гӯён гунаҳгор накунанд ва агар вай то он вақт зинда монад, Худо хоҳад хола тандурусту бардам мешавад.

Бародарам, Баҳрӣ Филфил, ту аз вазьияти командаи футбол дар соли ҳол пурсидаӣ. Агар то оғози бозиҳо мо дарвозаамонро танг карда тавонем, агар дар вақти бозӣ чашми бозингарон аз офтоб хира нашаваду шамоли мувофиқ хезад, агар довар тарафи командаи моро гирифта, ҳама голҳоро ҳисоб кунад ва ҳаводорон гулӯ даронда фарёд кашанд, ки бозингарони командаи ҳариф «Гованд! Аз майдон дафъ шаванд!» ва ба сари онҳо сӯтаи ҷуворӣ, шиша ва дигар чизҳо партофта рӯҳшикаста карда тавонанд, ман аминам, ки он вақт мо чемпион мешавем.

Худамон бошем, агар телефонҳо бо таъсири боду борон вайрон нашаванд, агар газро набанданд, агар чароғҳо аз набудани қувваи электр намуранд, агар радио вайрон нашавад, агар трубаҳои обгузар накафанд ва бо ин сабаб роҳҳо баста нашаванд, агар нон қимат нашавад, он гоҳ хушбахт мешавем.

Ту аҳволи амакамро пурсидаӣ, Баҳрӣ Филфил, ки ҷавоб медиҳам... Агар амакам ба Анқара равад ва дар он ҷо воситаи пора, ҷӯрабозӣ ё ягон илоҷ дигар салоҳи корашро ёбад, агар одаме, ки худро ҳамсабақи ӯ мегӯяд, чунин вонамуд накунад, ки ӯро намешиносад ва ба коре тавсия диҳад, агар ӯ барои қарз гирифтан аз банк рухсатнома гирифта тавонаду ба савдо машғул шавад, агар ӯ то он вақг тоқат карда тавонаду ба дараҷаи  девонагӣ нарасад, иншоолоҳ, хуб мешаванд.

Бародарам, Баҳрӣ Фифил, агар Ҷонгизи хурдакак дар ҳамон синфе, ки порсол хонда буд ва он синф навад талаба дошт, нахонад, агар дар мактабҳо хондан дар се баст набошад, агар дарсҳо бо баҳонаи нарасидани муаллим нагузашта намонанд, агар Ҷонгиз дубораву себора имтиҳон насупорад, умед аст, ки имсол дар синфаш намемонад.

Бародарам, Баҳрӣ Филфил, ба он саволе, ки ту дар хатат дода будӣ, ба ман муяссар шуд, ки ҷавоб ёбам. Натиҷаашро менависам: агар моҳӣ ба сафедор барояд, агар сари кал мӯ барорад, агар барзагов дар шохи бед хона монад, агар зангӣ сафед шавад, агар офтобро бо домон пӯшанд, агар гурбаҳо ҷомашӯӣ кунанд, агар ба осмон нордбон гузоранд, ҳамон вақт мақсадҳои ту ҷомаи амал мепӯшанд.

Бародари азизам, Баҳрӣ Филфил, мактуби туро бо ҷон интизорам. Мебӯсам.

Тарҷумаи  Ӯрун Кӯҳзод

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш