Нашрияи Омӯзгор

Руҷӯе ба олами табиати пурасрор

Сана: 2022-01-19        Дида шуд: 91        Шарҳ: 0

 

Ҳанӯз миёнаи солҳои 70-ум ва  солҳои 80-уми асри гузашта дар оинаи нилгун барномаи махсус - баргузор намудани машғулияти таълимӣ  намоиш дода мешуд, ки хеле ҷолиб, пурмуҳтавою сермухлис буд. Аксари машғулиятҳои таълимиро аз фанни физика дар ин барнома устоди ДДОТ ба номи С.Айнӣ, физикдони шинохта Барот Мирзоев баргузор менамуд. Ин омӯзгору олими варзида дар тӯли 45 дақиқае, ки барои ин барнома ҷудо гардида буд, ин ё он мавзуи дарсиро аз фанни  физика содаву фаҳмо, бо истифода аз таҷҳизоту асбобҳои озмоишгоҳӣ рангину шавқовар мегузаронд. Дар тахта формулаҳои физикии мансуб ба мавзуи пешниҳодшударо навиштаву исбот намуда, моҳияту ҳадафи ҳодисаҳои физикиро дақиқу сареҳ шарҳу тавзеҳ медод. Аз тарзи баёну гуфтори устоди заҳматкаш равшан ҳувайдо мегардид, ки ӯ қобилияту дониши баланд дошта, доираи омӯзишаш фарох ва соҳиби таҷрибаи ғании педагогӣ аст. Хароина, бегоҳиҳо мо – толибилмони мактаби деҳа,  бесаброна барномаи таълимии телевизиони кишварро бо иштироки омӯзгори соҳибфазилат  Барот Мирзоев интизорӣ мекашидем ва рӯзи дигар дар таълимгоҳ атрофи машғулияти навбатии баргузорнамудаи муаллим Б.Мирзоев баҳс ороста, мулоҳизаҳои худро иброз медоштем… Солҳо тирвор гузоштанду дигар аз муаллиму тақдири барномааш огаҳӣ пайдо накардем. Аммо дар нашрияҳои даврӣ зуд-зуд бо мақолаҳои методию илмии Б.Мирзоев дучор мешудем. Устоди ҷӯёву кӯшо ҳамвора саъй менамуд, то дар бораи асрори ҳодисаҳои физикӣ маълумоти наву диққатҷалбкунандаи илмиро бо истифода аз маъхазу сарчашмаҳои муътамад пешкаши омӯзгорону хонандагони таълимгоҳҳо гардонад. Ва ба ин ҳадафи неки хеш ноил гардида, китобе ҳам дар ин хусус ба табъ расонд. Инак, китоби олими зиндаёд, собиқ мудири кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи  Садриддин Айнӣ, шодравон Барот Мирзоев бо номи «Салом, физика!» бо иқдоми сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф С.Эгамбердиев аз тариқи чопхонаи «Делта Принт» бо теъдоди 3000 нусха ба табъ расид. Дар сарсухани китоб муаллиф аҳамияти илми физикаро дар ҳаёти ҷомеа ва  истеҳсолот бо мисолҳои воқеӣ хотирнишон соҳта, аз ҷумла, менигорад: «Агар китобро бо диққат мутолиа карда, супоришҳо, таҷрибаҳои шавқовар, чистону муаммоҳоро иҷро намоед, дар бораи бисёр ҳодисаҳои шавқовари табиат донишҳои ибтидоӣ пайдо хоҳед кард… Маводи китобчаро муаллимони физика дар машғулиятҳои беруназсинфӣ, даҳа ва ҳафтаҳои физикӣ дар мактаб, рӯзномаҳои деворӣ ва маҳфили «Физикони ҷавон» истифода карда метавонанд». Воқеан, вақте ба мутолиа ва омӯзиши маводи китоб, ки ба масоилу мавзуоти гуногуни физика ва ҳодисаҳои шавқовару аҷиби табиат бахшида шудаанд, шуруъ мекунед, ба олами пурасрору муъҷизаосои замину кайҳон ворид гардида, маълумоту андешаҳои наву ҷолибро дарёфт менамояд. Дар китоб муаллиф ба масоили аҷиби физикӣ, диқкати бештар зоҳир намуда дар хусуси театри электрикӣ, гурбаи электрикӣ, раъду барқ (оташак), физика ва рӯзгор (физика ва муҳандиси бинокор, физика ва футболбоз, физика ва духтур, физика ва соҳибхоназан, физика ва ронанда…) маълумот медиҳад. Дар китоб, ҳамчунин, таҷрибаҳои шавқовари физикӣ, чистону муаммоҳо ва саволу супоришҳои баргирифта аз ҳаёти ҳаррӯза ҷой дода шудаанд.

 

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш