Аз зумраи омӯзгорони эҷодкоре, ки пайваста ба таълифи шеър машғуланду зуд-зуд бо «дастовез»-и хоксоронаи худ (силсилаи ашъор) меҳмони нашрияи «Омӯзгор» мешаванд, яке устод Раҷаб Саидист. Мавсуф зиёда аз 20 сол аст, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и Ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат ба шогирдон аз таърих ва ҳуқуқшиносӣ дарс мегӯяд. Ба маҷмуаи нахустини ашъораш Салимшо Ҳалимшо пешгуфтор навишта, содагию шевоии каломи Саидиро ба гунаи махсус таъкид ва хотиррасон намудааст. Устод Раҷаб Саидӣ дар назму наср муаллифи 15 китоб мебошад. Маҷмуаҳои «Савганди вафо», «Ҷонам фидои модарам», «Дидори дӯст», «Рӯзи маош», «Очаҷон», «Дуои модар» ва амсоли инҳо аз қабили китобҳои ашъори ӯянд. Раҷаб Саидӣ солиёни тӯлонӣ ҳамчун муҳаррири барномаҳои адабӣ дар Радиои Тоҷикистон, ба сифати муҳаррири нашрияи «Мароми пойтахт» ва ба ҳайси хабарнигори «Паёми Душанбе» дар инъикоси масоили иҷтимоию иқтисодӣ ва маориф ҳиссаи босазо гузоштааст. Ин шоири боистеъдод бо нишонҳои «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст. Дар зер аз ашъори ба тозагӣ иншонамудаи ӯ чанд намунаро пешниҳоди хонандагон мегардонем.
Тоҷикистон
Луқмаи нони ҳалолам,
Чашмаи оби зулолам,
Бешикасту безаволам,
Тоҷикистон!
Ифтихору эҳтиромам,
Зиндагии бардавомам,
Маҳзари номусу номам,
Болу паврвози баландам,
Кишвари оламписандам,
Бо ту умре бегазандам,
Дар шаҳомат беназирам,
Дар тароват дилпазирам,
Як нафас бе ту нагирам,
Душанбе
Эй пойтахти тоҷикон,
Эй шаҳри сарсабзу ҷавон.
Бар тақдиру бар бахти мо,
Бошӣ ҳамеша ҷовидон.
Эй маскани бахту нишот,
Умеду орзуи ҳаёт.
Бо фазлу шони Сарварат,
Бошӣ ҳамеша гулфишон.
Эй манзили озодагон,
Эй фахри ҳар пиру ҷавон.
Бин шуҳратат вирди забон,
Бошӣ ҳамеша дар амон.
Зинда бод!
(Барои академик Муҳаммад Лутфуллозода)
То даме ки шуъла афрӯзад чароғи рӯзгор,
То даме ки ҳар нафас осудааст бо нангу ор.
То даме поянда аст ин миллати овозадор,
Пешаи арзандаи омӯзгорон зинда бод!
То даме ки кишварам арзандаи сайёра аст,
То даме ки нури хуршед бар замин ҳамвора аст,
То даме ки ишқи беғаш фахри ҳар наззора аст,
Шаҳсутуни ин ҳаёт устоди инсон зинда бод!
Иловакунӣ
Иловакунии фикр