Нашрияи Омӯзгор

Шеър дар бистари беморӣ

Сана: 2022-01-19        Дида шуд: 115        Шарҳ: 0

 

Бинолад Анвари маҳзун, намуда ашк ҷӯйи хун,

Ки ту, эй Холиқи якто, шаби ӯро саҳар созӣ.

Ин байт бо қалами шоири бемор Анварбеки Абунаср тааллуқ дорад, ки чанд соли охир дар бистари беморӣ умр ба сар мебарад. Дарди ҷонсӯзи қанд ӯро нобино кардааст.

Анварбек аз камшумор касонест, ки аз шаҳри Панҷакент соҳиби ордени «Шараф» (дараҷаи аввал) гардидааст. Ӯ ин орденро аз дасти Пешвои миллат гирифтааст, ки ин шараф на насиби ҳар кас мешавад.

Анварбек аз наберагони Ниёзи Кончист, ки дар водӣ шуҳрати зиёд дошту аз тарафи гурӯҳе номардона ба қатл расонда шуда буд. Ин шоири иродатманд 15 январи соли 2022 ба синни мубораки 75 расид.

Анварбек соли 1969 Донишкадаи омӯзгории Хуҷандро бо ихтисоси омӯзгори забону адабиёти тоҷик хатм намуд. Дар мактаби зодгоҳаш деҳаи Варзиканда ба омӯзгорӣ машғул шуд. Дар муддати сиву нӯҳ сол садҳо шогирдро тарбия намуд.

Аз давраи дар омӯзишгоҳ таҳсил намуданаш ҳам барои кӯдакон шеър менависаду ҳам барои калонсолон.

Аз соли 2005 ба Донишкадаи Панҷакент ба кор гузашт ва дар рӯзномаи ин таълимгоҳ - «Махзани илм» сармуҳаррир таъйин шуд.

Соли 1991 аввалин маҷмуаи ӯ бо номи «Расид айёми тобистон» барои хурдсолон нашр гардид. Ин китоби шоир мақбули хонандагон шуд.

Соли 1994 китоби дигари ӯ барои калонсолон тариқи нашриёти «Адиб» бо теъдоди бузург ба табъ расид.

Дар муддати ҳаждаҳ сол (аз соли 1991 то соли 2009) 17 маҷмуаи шоир ба табъ расид, ки бозгӯи ҳунари баланди шоирии ӯст.

«Гулафшони хаёл» (2007), «Рӯдакӣ ва Лоиқ», «Гулбоғи ғазал» (ҳарду 2008), «Ғазалиёт» (дар панҷ ҷилд) аз асарҳои муҳими шоир мебошанд.

Асари калонҳаҷми ӯ, ки фарогири сесад адад мухаммас аст, «Дар пайроҳаи бузургон» ном дорад.

Яке аз китобҳои охирини ӯ «Дафтари ишқ» ном гирифта, ки онро шоири нобино дар бистари беморӣ эҷод намудааст. Шоир барои ин китоби худ, ки фарогири 3612 дубайтист, сазовори Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ шудааст.

Анварбеки Абунаср сазовори нишонҳои «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишони «Нишони сухан» гардидааст.

 Дар зер ду ғазали шоирро пешиҳоди хонандагон мегардонем.

 

Дар либоси дӯст бинӣ душманон, бовар макун,

Гарчи резад шаккар аз нӯги забон, бовар макун.

 

Дур соз аз қалби худ ту кинаю бухлу ҳасад,

Бар табассумҳои ҳар як бадгумон бовар макун.

 

Мушти мардӣ мезанад бар синаи худ нокасе,

Бар чунин лофу гизофи нокасон бовар макун.

 

З-ишқи пирӣ ғайри расвоӣ набошад ҳосиле,

Гарчи гӯяд пираму ман дилҷавон, бовар макун.

 

Мехӯрад дар зиндагӣ аз содагӣ кас пешпой,

Медиҳад ширин фиребат ин замон, бовар макун.

 

Пурталотум шуд равон селоби дарёи ҳаёт,

Ҳар кӣ гӯяд мекунам ин сӯ равон, бовар макун.

 

Роҳат Анвар, ибтидо гирад зи меҳри дӯстон,

Гуфт адӯ по монд ӯ берун аз он, бовар макун.

***

Эй он, ки дӯст хоҳию хуш эҳтироми дӯст,

Бояд бирезӣ ҳар замон шарбат ба коми дӯст.

 

Маҳбуб номи мо шавад аз сидқу аз вафо,

Дилҷӯйтар чӣ бошадат ғайри каломи дӯст.

 

Нури саҳар, ки оламе равшан ҳамекунад,

Эъҷоз дорад он магар ҳамчун паёми дӯст.

 

Гар ҷоми зиндагӣ диҳад заҳре барои мо,

Шаҳде бирезад он замон моро зи ҷоми дӯст.

 

Азбаски раҳ гирифтаӣ бо меҳр сӯи дӯст,

Анвар, бикун фидо ту ҷон акнун ба номи дӯст.

Исмоил ЗАРИФӢ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш