Нашрияи Омӯзгор

Ифтихори мо

Сана: 2022-01-19        Дида шуд: 46        Шарҳ: 0

 

Боиси сарфарозист, ки имрӯзҳо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон на танҳо дар  дохили кишвар, балки берун аз он фаъолияти пурсамар намуда, дар рушду инкишофи соҳаҳои мухталиф камари ҳиммат бастаанд. Бахтиёр Охунов аз ҷумлаи хатмкардагони  факултети тиббии Донишгоҳи миллӣ мебошад, ки чанд рӯз пеш дар хориҷи кишвар ба вазифаи пурмасъулият, мудири кафедраи урологияи Муассисаи тандурустии шаҳрии №3, шаҳри Ростови  лаби Дони Федератсияи Русия таъйин гардид.

Бояд қайд намуд, ки баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки мавриди таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтаанд. Роҳбари давлат бо мақсади рушди босуботи соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дар самти табодули устодону донишҷӯён ва мутахассисони мухталифи соҳа бо муассисаҳои илмию таълимии хориҷи кишвар ҳамкории судмандро ба роҳ мондаанд.

Бахтиёр Охунов соли 2012 ба факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2018 донишгоҳро бо муваффақият хатм намуда, тибқи озмун ва тариқи квота ба Донишгоҳи давлатии тиббии Ростови Федератсияи Русия аз рӯи ихтисоси уролог ба таҳсил фаро гирифта шуд. Мавсуф дар факултети такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии мутахассисони донишгоҳи мазкур бо курси урологияи кӯдакон — андрология машғул шуда, дар семинарҳо, конференсияҳо, симпозиумҳо, форуми умумирусиягӣ – урологӣ маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмӣ намуда, соҳиби диплому шаҳодатномаҳои сохторҳои мухталиф гаштааст.

Мавсуф бо касби пешанамудааш шавқи зиёд дорад ва соли гузашта дар авҷи бемории ҳамагир – Коронавирус (COVID-19) фаъолияти пурсамар нишон дода, аз ҷониби масъулини ҳукумати шаҳри Ростови Федератсияи Русия бо нишони фахрии «Табиби шоиста» сарфароз гардонида шуд.

Номбурда  соли 2020 Донишгоҳи давлатии тиббии Ростовро бо дипломи аъло хатм намуда, фаъолияти кориро аз 3 августи соли 2020 дар Муассисаи тандурустии буҷети шаҳрии №3, дар шуъбаи урологӣ, шаҳри Ростови  лаби Дон ба ҳайси табиб шуруъ намуд.  Ҳамзамон, ба шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии тиббии Ростов дохил шуда, зери роҳбарии мудири кафедраи урология, доктори илмҳои тиб, профессор Коган Михаил Иосифович дар мавзуи «Оптимизация эндоскопических методов лечения крупных и коралловидных камней почек» тадқиқоти илмӣ анҷом дода истодааст.

Чанде қабл Бахтиёр Охунов бо фармони вазири тандурустии Федератсияи Русия ва пешниҳоди бахши тандурустии шаҳри Ростов ба вазифаи мудири кафедраи урологияи Муассисаи тандурустии буҷети шаҳрии №3, шаҳри Ростови лаби Дон таъйин гардид. Имрӯз Бахтиёр Охунов аз пайи иҷрои ин рисолати бузург аст ва бо маҳорати баланди касбӣ фаъолияти назаррас дорад.

 

Т. Иҳромов

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш