Нашрияи Омӯзгор

Тасодуфи нишотбахш

Сана: 2022-01-19        Дида шуд: 75        Шарҳ: 0

 

Дар ҳаёту фаъолияти ҳар шахс тасодуфҳо зиёд рух медиҳанд; баъзе тасодуфҳо нишотоваранд, баъзеи дигар нохушоянд…

Он субҳ тасодуфе азми моро тағйир дод. Ният доштаем, ки ба шаҳри Бӯстон биравем аз пайи коре. Дар дохили мусофиркаш беихтиёр шоҳиди суҳбати ду зани миёнсол шудем. Занҳо самимона таълимгоҳеву роҳбару устодони онро таъриф мекарданд, мегуфтанд, ки аз беҳтарин таълимгоҳҳост ин таълимгоҳ, низому тартиботаш устувор, шогирдонаш боинтизому босавод, мактаб тозаю озода, ҳама бо якдигар, бо волидон хушмуомила. Хуб шуд, ки пайвандонамонро барои таҳсил ба ҳамин мактаб супоридем…

Ростӣ, шунидани ин гуна суханони меҳрбор барои мо, ки алоқамандони соҳаи маорифи кишварем, басо хушоянд буду субҳамонро мусаффотар месохт. Чун аз идомаи суҳбати ин ду зан дарёфтем, ки сухан дар бораи гимназияи рақами 4-и шаҳри Хуҷанд меравад, зуд азм кардем, ки  сафари шаҳри Бӯстонро ба дигар рӯз гузошта, озими гимназияи мазкур шавем…

Саҳни калони гимназия тозаю озода буду ҳар ҷо – ҳар ҷо якчанд нафар (яқин, омӯзгорон) байни ҳам гарм суҳбат доштанд Чанд зан дар тан либосҳои махсус (маълум, ки кормандони хоҷагидории таълимгоҳанд) ин тарафу он тараф равуо мекарданд. Шиору овозаҳои хуштарҳ саҳни гимназияро шукӯҳи бештаре мебахшиданд. Лаҳзае чанд банди тамошои ин манзара будем, ки  марде миёнақади кушодачеҳра ва хушлибос ба истиқболамон омад: -Хуш омадед, хуш омадед! Ин чӣ рӯзи нек будааст, ки қаламкашон ёди мо кардаанд (мо дар бораи худ ба дарбони таълимгоҳ маълумот дода будем).

Пас аз самимона ҳолу аҳволпурсӣ кардан сарвари гимназия изҳор дошт; аз ду якеро интихоб кунед: ё аввал синфхонаву ҳуҷраҳои таълигоҳамонро тамошо мекунему пасон суҳбат меороем, ё баръакс: аввал суҳбату баъд гуфтугӯ.

Мо пешниҳоди аввалро пазируфтем…

Гимназияи рақами 4 дар маркази шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст ва яке аз таълимгоҳҳои   муваффақи шаҳр эътироф гардидааст. Ин ҷо як гурӯҳ омӯзгорони фаъолу тозакор ва ғамхори насли наврас гирд омадаанд. Аҳли гимназия ҳамасола ба комёбиҳои шоиста ноил  мегарданд ва ба шуҳраташон шуҳрат зам мекунанд. Соли гузашта дар даври шаҳрии олимпиадаи фаннии хонандагон 16 нафар ба пирӯзӣ расиданд, ду нафар дар даври вилоятӣ ғолиб омаданд. Шогирди фаъоли гимназия Фарангис Атохӯҷаева дар даври  ҷумҳуриявӣ комёб ва соҳиби медал гашт. Хонандаи дигари гимназия Фариза Мирзохоҷаева таълигоҳро бо медали тилло хатм кард. Муҳаррамхон Баротова, яке аз шогирдони эҷодкори гимназия, бо эҷоди лоиҳаи «Интернет – раҳнамои шаҳри Хуҷанд» дар даври ҷумҳуриявии сессияи Академияи хурди илмҳо дастболо ва соҳибҷоиза гашт.

Дар гимназия анъанаҳои дерини таълиму тарбия риоя мешаванд ва натиҷаоваранд: ҳамаи хонандагони сустхон ба хонандагони пешқадам ва омӯзгорони алоҳида вобаста карда шудаанд, бо хоҳишмандон дарсҳои илова баргузор мешаванд, мусобиқаи байни синфҳо ҳамешагист, тамоми тадбирҳову ҳамоишҳо бо ширкати волидон ва ҳамбаста ба пешниҳоду мулоҳизаҳои онҳо ҷараён меёбанд…

Барои  баргузор кардани аксар тадбирҳо, амсоли рӯзҳои фаннӣ (рӯзи забони тоҷикӣ, рӯзи забони русӣ…), ҷашнвораҳо, ҳамоишҳои тантанавӣ, ташкили саёҳатҳо… бо ҳадафи ҳар чӣ бештар рангину муҳтавоманд гаштани онҳо байни аҳли таълимгоҳ (устодону шогирдон, низ волидон) озмуни лоиҳаи барномаҳо эълон мешавад.

Дар гимназия Маркази илмӣ фаъолият дорад, ки як самти муҳими кори он ташкили конфронсҳо ва тренингҳо бо иштироки намояндагони хориҷӣ мебошад. Аз ҷониби маъмурияти гимназия ва гурӯҳи идораи сифати таҳсилот сатҳи дониш ва саводнокии хонандагон тавассути  корҳои хаттӣ, рейдҳо, суҳбатҳо, тестҳо мунтазам санҷида, натиҷаҳо дар шӯрои омӯзгорон баррасӣ мешаванд.

Гурӯҳи калони хонандагон бо роҳбарии омӯзгорон ба корҳои эҷодӣ (навиштани хабару мақола, осори бадеӣ, рисолаҳои хурд, лоиҳаҳо…) машғуланд. Онҳо дар ороиши гимназия, такмили кабинетҳои фаннӣ, таҳияи рӯзномаҳои деворӣ… ҳиссаи сазовор мегузоранд. Ин гурӯҳро метавон «хазинаи тиллоии гимназия» номид. Дар тадбирҳои гуногуни шаҳрию вилоятӣ низ аъзои гурӯҳи мазкур фаъоланд ва гимназияро ба таври шоиста муаррифӣ мекунанд. Дар ин таълимгоҳ масъалаи китоб ва китобхонӣ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дорад. Китобхонаи гимназия дорои хазинаи пуразиши маънавист ва мунтазам баҳри тарғиби китобхонӣ маҳфилҳо баргузор менамояд. Муаррифии китобҳои тозанашр, озмуни «Китобхони  фаъолтарин», маҳфилҳо бахшида ба солгарди адибон, мусоҳиба- суҳбатҳои «Китоби дӯстдоштаи ман», вохӯриҳо бо муаллифони китобҳои адабию дарсӣ аз ҷумлаи он тадбирҳои судманданд, ки китобхона дар давоми ҳар як  чоряки соли  таҳсил созмон мебахшад.

Албатта, пешрафту комёбиҳои ҳар таълимгоҳ ба сатҳи корбарӣ ва донишу истеъдоди раҳбари  он вобастагии ҷиддӣ дорад. Роҳбари  гимназия Анварҷон Шарифов беш аз бист сол боз дар соҳаи маориф фаъолият дорад. Ба шарофати солҳои пешин ҳамчун роҳбар дар мактабҳои дигари шаҳр (№№5,9,10,26) кор карданаш таҷрибаи кофӣ ба даст овардааст ва муҳимтарин хислати ҳар сарварро муносибати хуб бо кормандон ва пайваста омӯхтан медонад. Эҷодкор низ ҳаст ва дар заминаи андӯхтаву таҷрибаю мулоҳизаҳояш чанд дастури таълимӣ, аз ҷумла, рисолаҳое бо номҳои «Дастурҳои методӣ оид ба баргузории дарси намунавӣ аз забони русӣ дар синфи 9», «Ҷумлаҳои дорои нутқи айнан нақлшуда», «Тоҷикистон – кишвари маҳбуби ман» таълиф бинмудааст. Анварҷон Шарифов соли дуюм аст, ки вазифаи масъулиятбори сарварии гимназияи рақами чорро ба зимма дорад. Ӯро  ҳамчун варзидатарин сарвари мактаб ба ин вазифа сазовор донистанд. Охир, саҳлу сода коре нест ба муассисаи таълимие, ки 3117 хонанда, 89 синф ва 129 омӯзгор (!) дорад, роҳбарӣ кардан. Як омили муҳими фаъолияташро ин сарвари муваффақ дар дуруст тақсим карда тавонистани вақт медонад; ин амал баракати корро таъмин месозад, омили комёбӣ мешавад, ҳар рӯзи таълимгоҳро бафайз мегардонад. Баракату самараи кор боз ҳам бештар мешавад, агар ҳар як шахси масъул ва ҳар як омӯзгори  мактаб вазифаи худро нағз донаду бо камоли масъулият иҷро намояд. «Омӯзгорони хуб доштан пурарзиштарин сарвати ҳар таълимгоҳ аст», - мегӯяд А.Шарифов ва аз ин суханони басо воқеъбинонаи Пешвои миллат ёдовар мешавад: «Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим, омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд».

…Мо аз гимназия бо хотири болида ва бо қаноатмандӣ берун шудем. Ба ҳукми тасодуф ин ҷо омада будем. Ин тасодуф, хушбахтона, бароямон хеле фараҳбахшу нишотовар буд; бо таълимгоҳе шинос шудем, ки ҳамқадами замон аст, бо гурӯҳе аз омӯзгороне суҳбат оростем, ки фаъолу тозакоранд ва бо сарваре  гуфтугӯ кардем, ки таҷрибаи судманд дораду хеле хоксорона, вале бомуваффақият кор мекунад.

 

А.МУРОДӢ,

Н.РАҶАБЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш