Нашрияи Омӯзгор

Таҳсилоти фарогир - талаби замони муосир

Сана: 2022-01-19        Дида шуд: 96        Шарҳ: 0

 

Таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) ҳарчанд барои кишварҳои ҷаҳон низоми нав нест, аммо дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи беш аз даҳсолаи қабул ва корбурд дорад. Фарқи асосии он аз низоми муқаррарии таълим ҳамин аст, ки бинобар заруратҳои муайян мураббӣ, омӯзгор, таълимдиҳандаро ба истифодаи методологияи барои ҳамаи гурӯҳи кӯдакон таъсирбахш ё ба ибораи дигар, беҳтар аз пештар водор мекунад. Муқаррарот оид ба таҳсилоти фарогир ба Конвенсияи СММ “Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон” 13-уми декабри соли 2006 ва то кунун аз ҷониби зиёда аз 100 кишвари дунё расман эътироф шудааст. Таҳсилоти фарогир, дар умум, аз доғгузорӣ ва табъизи кӯдакони дорои маъюбият пешгирӣ карда, аъзои баробарҳуқуқи ҷамъият будани онҳоро таъмин месозад. Дар ин радиф муаллимон ва падару модарон имкон пайдо мекунанд, ки дар ҷараёни таълими инфиродии кӯдакони қобилияташон гуногун ба таври фаъол ширкат варзанд.

Фаҳмиши дурусти инклюзия

Ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ирина Каримова мегӯяд, инклюзия фақат таҳсил барои кӯдакони дорои маъюбият нест.

-Дар ҳадафи чоруми Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид то 2030 дар мавриди таҳсилоти фарогири босифат гуфта шудааст, ки он барои ҳама аст. Ҳадафи зикршуда моро вазифадор мекунад, ки дар ҷамъият муҳити инклюзивӣ фароҳам оварем, то ҳамаи кӯдакон ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Бо ин мақсад Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 таҳия ва қабул шуда буд. Баъдан ин ҳуҷҷат баҳри татбиқ дар марҳилаи дуюми амал боз барои солҳои минбаъда тасвиб шуд. Дастандаркорон бо ин ҳама тадбирандешӣ чӣ мақсад доранд? Муҳайё кардани фазои мусоиди таълим ва рушд барои кулли кӯдакон, - афзуд И. Каримова.

Тарзҳои фарогирӣ

Дар ин росто Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир дар тасвиби дувум барои солҳои 2016-2020 баҳри ҷалби кӯдакон ба таълим заминаи мусоид фароҳам овард. Ба қавли мутахассиси раёсати маорифи вилояти Хатлон Гулрухсор Авғонова, дар ду муддати амали ин ҳуҷҷат, яъне, дар тӯли 10 сол он кӯдаконе, ки имконияти ба муассисаҳои таълимӣ рафтан доранд, ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

-Атфоле, ки ба муассисаҳои таълимӣ рафта наметавонанд, ба машваратгоҳи педагогӣ-психологӣ роҳнамоӣ шуда, дар асоси хулосаи он тибқи усули “таълим дар хона” фаро гирифта шуданд. Вазифаи ин машваратгоҳ муайянсозии андозаи имкониятҳои кӯдак барои азхуд кардани доираи машғулиятҳои ба ӯ тавсияшаванда аст. Дар хона он гурӯҳи кӯдаконе, ки осеби ҷисмонию равонияшон зиёдтар асту ҳам фалаҷи сутунмуҳра ва дасту пой доранд, таҳсил мегиранд. Дилхоҳ муассисае, ки ба хонаи ин гуна кӯдак наздик аст, дар асоси аризаи падару модари ӯ омӯзгор ҷудо мекунад. Омӯзгор дар як ҳафта ду ё чор соат дарс медиҳад, ки инро ҳам машваратгоҳ муайян мекунад”, - мегӯяд Г. Авғонова.

-Кӯдакон ва волидони онҳо чанд роҳи интихоб доранд, - иброз дошт Ирина Каримова. - Чунончи, барои кӯдакони дорои маъюбият имкони таҳсил бо кӯдакони солим дар як мактаб, дар як синф дода шудааст. Лекин дараҷаи вазнинию сабукии беморӣ ва қобилиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ ва зеҳнии кӯдак ба инобат гирифта мешавад. Роҳи дигар ҳам вуҷуд дорад. Яъне, кӯдакон дар як мактаб, аммо дар синфҳои гуногун таълим гирифта, фақат дар машғулиятҳои тарбиявӣ ба таври омехта иштирок мекунанд. Таъкид мекунам, ки ин ҳам ба дараҷаи вазнинӣ ё сабукии бемории кӯдак алоқаманд аст. Биноан, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи тадбирҳоро ба кор мебарад, то ин кӯдакон ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Дақиқтар гӯем, барои онҳо барномаҳои таҳсилоти зудтатбиқшаванда таҳия шудаанд, ки дар ин замина онҳо аввал фанҳои асосиро азхуд карда, сипас, дар асоси қарори Шӯрои педагогӣ ҳамроҳи ҳамсолони худ таҳсилро идома дода метавонанд.

“Алифбои Брайлро намедонам”

Бо вуҷуди тадбирҳои болозикри Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳанӯз нафароне ҳастанд, ки аз ҳуқуқ ба таҳсил истифода накардаанд. Барои мисол, Наимҷон Олимов, сокини ноҳияи Кӯшониён, ки ҳоло 34 сол дорад, зиёда аз 10 сол боз нобино аст.

-Номи ман дар мактаб-интернати махсуси шаҳри Ҳисор сабт шуда буд. Мутаассифона, бо сабабҳои оилавӣ рафта натавонистам. То биноиямро аз даст додан бо хати кириллӣ хондаву навишта метавонистам, лекин алифбои брайлиро намедонам, - иброз дошт ӯ.

Усули таълими инклюзивӣ

И.Каримова бар ин назар аст, ки методологияи таҳсилоти фарогир ба касбияти омӯзгор ва диди эҷодии ӯ вобаста мебошад.

-Ин ҳам муҳим аст, ки дар синф кадом гурӯҳи хонандагон нишастаанд. Усули таълиму тарбия дар китобҳои педагогика дарҷ шудааст ва тарбиятгар ё муаллим метавонад, ки аз онҳо ба таври васеъ истифода кунад. Як усули муайянро ҳаргиз мисол оварда наметавонем, зеро онҳо ниҳоят зиёданд. Вале усулҳое ҳастанд, ки манфиатовар буданашон аз ҷониби омӯзгорон исбот шудаанд, - мегӯяд ӯ.

Равоншинос-педагог Мазбут Маҳмудов маслиҳат медиҳад, ки дар синфхонаи инклюзивӣ муаллим бояд аввал масъалаи чӣ забонро донистани кӯдаконро фаҳмад, то ин ки аҳли синф баробар хондаву навишта тавонанд.

Флюра Ҷӯраева, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Бохтар 24 сол боз кӯдакони ғайримуқаррариро бо усули таҷрибакардааш тадрис медиҳад. Ӯ ҳоло се синф дорад: аз 1 то 9.

-Дарси ман, - мегӯяд ин омӯзгор, - тибқи усули се дар як ҷараён мегирад. Ҳарчанд ин кӯдакон ношунавоянду забони гӯё надоранд, мо саъй меварзем, ки талаффуз кунем ва сухан гӯем. Ба ҷуз ин ки ҳар як ҳарфро бо ёрии лабу рӯй ва садоҳои махсус баён мекунем, боз ҳар як суханамонро ба забони имову ишора ва бо ёрии ангуштон изҳор медорем. Бигзор, онҳо зуд маро дарк накунанд, чунки ин душвор аст. Ман аз инкишофи нутқ ва талаффуз дарс медиҳам, ки дар ҷараёни он ба ҳар як ҳарф, ба ҳар як садо, ба ҳар як ишораи лабу рӯй ва ангуштон, ба ҳаракатҳои забон, ба лаппиши овоз, ки аз ҳарфи “А” алоҳида, аз “О” ва ғайра алоҳида аст, таваҷҷуҳ мекунам. Баъзе аз кӯдакон ин ҳамаро зуд азхуд мекунанд, бархеи дигар дертар. Се синфи собиқе, ки то нуҳумӣ бурдам, ҳар як суханро аз лаб мехонданд. Ҳоло синфҳои панҷуму шашумро дарс медиҳам. Умедворам, онҳо низ ба рӯю лабҳо нигариста, чӣ гуфтани мусоҳибро зуд мефаҳманд”.

Воқеан, ин гурӯҳи хонандагон дар мактаби №5 фақат то синфи нуҳ таҳсил карда метавонанд. Агар хоҳиши идома додани таҳсилро дошта бошанд, бояд ба мактабҳои махсуси шаҳру навоҳии тобеи марказ муроҷиат кунанд, ки ин як мушкили умда аст. Мушкили дигар дар он аст, ки бинобар нарасидани омӯзгор чандин фанро як кас дарс медиҳад.

-Дар ин ҷо мо ба кӯдакон якбора ду забон: тоҷикӣ ва русиро меомӯзонем. Бар замми ин, ман ба онҳо аз фанҳои математика, хониш, адабиёт, физика, таърих, биология дарс медиҳам, - мегӯяд Ф.Ҷӯраева. - Ва барои он ки ангуштони кӯдакон нармҳаракат бошанд, машқҳои ангуштонро низ иҷро мекунем. Шумо бо даст менависед, онҳо бо ангуштон, яъне, бо ёрии ишораҳои онҳо. Дар синфҳои муқаррарӣ муаллим чизеро фаҳмонад, талабаҳо хуб мешунаванду мебинанд. Мо ба иловаи ин маҷбурем, ки ҳар як дарсро барои ҳар як толибилм ба таври алоҳида чанд бор такрор кунем. Яъне, ба назди ӯ рафта, мефаҳмонем. Бо ҳамин сабаб чунин синфҳо набояд аз панҷ хонанда бештар дошта бошанд.

Бо вуҷуди заҳматҳо на ҳамаи ин кӯда-кон аълохон шуда метавонанд. Манзурам, онҳо ҳам мисли дигар кӯдакон ҳастанд: як касаш хондан мехоҳад, як касаш не. Фанни математика ва таълими меҳнатро зиёд дӯст медоранд. Омӯзиши забони русӣ барояшон душвортар аст. Физика низ. Ана, корҳои дастии онҳоро бинед. Ҳамаашонро худи кӯдакон дар дарсҳои таълими меҳнат сохтаанд: хонача, чароғаки хандонаки роҳнамо, лӯхтак...”.

-Агар ин кӯдакон бо бачаҳои муқаррарӣ дар як синф таҳсил кунанд, чӣ натиҷа ҳосил мешавад? - мепурсам ман аз ӯ.

-Ба андешаи ман, - посух медиҳад Ф.Ҷӯраева, - барои ин гурӯҳи кӯдакон дар як синф бо бачаҳои муқаррарӣ таҳсил кардан каме душвор аст. Чунки инҳо одат кардаанд, ки муаллим ҳамеша ба онҳо таваҷҷуҳ дошта бошад. Аммо дар синфҳои муқаррарӣ муаллим беш аз 30 хонандаро дарс медиҳад ва  ба ҳар яки онҳо ба таври алоҳида таваҷҷуҳ зоҳир карда наметавонад. Ҳамчунин, ба инҳо тарҷумони имову ишора зарур аст”.

Методи классикӣ

- Ҷаннатбиҷон, чӣ хел ҳастӣ?

- Мешавад.

- Дар хона дарс хондӣ?

- Ҳо-о!

- Хола, созед, хубед?...

Ин муколамаро Муниса Гулова, омӯзгори дигари мактаби №5-и шаҳри Бохтар, ҳамзамон, донишҷӯи соли чоруми ихтисоси сурдопедагогикаи ДДБ ба номи Носири Хусрав, бо яке аз шогирдони синфи якуми худ ва модари ӯ анҷом дод.

-Азбаски роҳи аксари ин кӯдакон то мактаб дур аст, падару модар ё дигар хешованд ҳамроҳашон меоянд, дар синф менишинанд ва дарс, ки тамом шуд, дасташонро гирифта мераванд, - нигоҳҳои маро пай бурда, шарҳ медиҳад Гулова. - Омадани калонсолон манфиати дигаре ҳам дорад. Яъне, онҳо алифбои брайлӣ, имову ишора ва дигар паҳлуҳои дарси кӯдаконашонро омӯхта, баъд аз ин ҳамеша бо онҳо дар хона машғулиятҳои таълимӣ гузаронида метавонанд ё худ дар иҷрои вазифаҳои хонагӣ ба онҳо мадад мерасонанд.

Ин омӯзгори ҷавон дар синфҳои махсуси нобиноён дарс медиҳад.

-Ҳоло инҳо алоҳида мехонанд, аммо вақте ки синфи чор шуданд, дар синфҳои инклюзивӣ бо дигар бачаҳо таҳсил хоҳанд кард, - зикр мекунад омӯзгори ҷавон. - Дар синфи 3 ё 4 аллакай хатои худро ислоҳ карда метавонанд. Дарс гузаштан ба кӯдакони махсус камтар душвор аст. Зеро агар онҳо як ҳарфро хато кунанд, аллакай калимаашон хато мешавад. Як калима, ки хато шуд, як ҷумлаашон хато мешавад. Ҳар як омӯзгор роҳу тарзи дарсгузарӣ дорад. Вақте ки мо ба онҳо дарс мегузарем, бо таҳаммул машқҳоро мефаҳмонем. Онҳо ҳам китоби “Алифбо” доранд, ки фақат ҳарфҳояш дигар аст. Ҳамон ҳарфҳоро ба онҳо мефаҳмонем. Масалан, як нуқтае, ки дар боло мемонем, ҳарфи “А” мешавад. Як нуқтаи дигар дар поёнаш илова кунем, ҳарфи “Б” мешавад. Агар дар он лаҳза саломатии ягон нафар хуб набошад, он дарсро бо ӯ такрор мегузарем. Яке дар як рӯз, дигаре дар як ҳафта ёд мегирад. Мушкил аст, аммо бояд ҳарфҳоро ёд гиранд, хондаю навишта тавонанд. Агар синфҳои муқаррарӣ дар як рӯз панҷ соат хонанд, инҳо панҷ соатро бояд дар давоми се соат тамом кунанд. Дарсҳояшон 45 дақиқа тӯл мекашад.

Вақте ки фанҳо мураккабтар шаванд, аз усулҳои иловагӣ истифода мебарем. Масалан, агар дарси математика мегузарем, чӯбчаҳо доранд, бо онҳо ҳисоб мекунанд. Вақте ки мо ду ҷамъи чор гуфтем, ҳангоми навиштани рақамҳо ҳама медонанд, ки ду чандум нуқта асту чор чандум нуқта,-илова мекунад М. Гулова.

Ғайр аз чӯбчаҳо компютерҳои махсус, планшетҳои махсуси суратдор ва планшетҳои хурди бозидор ҳастанд, ки онҳо ҳам азхудкунии машғулиятҳоро осон мекунанд.

Зикри чанд мушкил

-Роҳамон бисёр дур аст, - мегӯяд модари Ҷаннатбӣ Умеда Қарахонова. - Ҳар рӯз аз деҳаи Шӯртеппаи Ҷамоати деҳоти Киров, шуъбаи 1-уми ноҳияи Вахш ба ин мактаб меоем. Дар як рӯз аз 20-30 сомонӣ зиёд харҷ мекунем.

Доир ба нарасидани адабиёти иловагӣ муаллимаҳо Ф. Ҷӯраева ва М. Гулова ҳарф заданд ва намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон ҳам ҷой доштани онро тасдиқ кард.

Ҳарфи муаллиф

Таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки ба роҳ мондани таҳсилоти фарогир ҳарчанд душвориҳои зиёд, хусусан, молиявӣ дорад, аммо барои миллат ва давлат  манфиатбор аст. Биноан, умед ҳаст, ки ин низоми муосири тадрис дар ҷумҳурии мо ба таври боиста ва шоиста роҳандозӣ мешавад.

Муродиён Зокир Ҳасан,

устоди ДДБ ба номи Носири Хусрав


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш