Нашрияи Омӯзгор

Мактаби замони муосир ва идораи он

Сана: 2022-01-19        Дида шуд: 107        Шарҳ: 0

 

Мактаби муосирро, ки муаммоҳои зиёд дорад, касе идора карда метавонад,  ки андешаи миллӣ, дили гарм, нияти соф ва дасти пок дошта бошад.

Моҳият ва мазмуни ҳар гуна мактабро (мактаби умумии муқаррарӣ, литсей, гимназияи давлатӣ, ғайридавлатӣ) на шиорҳо, балки фаъолияти самарабахши ҳайати омӯзгорону хонандагон ташкил медиҳад, ки ин ҷо директори мактаб дар сафи аввал  қарор дорад.

Мактаби муосир чун ба макони воқеии тарбияи насли наврас ва аз ҳама муҳимаш, ба манбаи инкишофу тараққиёт табдил гардад, он гоҳ самара медиҳад.

1. Вазифаи асосии таълим дар мактаб омӯзонидани дониш ва тариқи татбиқи дониш дар амал аст.

2. Усул ва тарзҳои таълим дар сурате арзиш доранд, ки агар майли хонандагонро нисбат ба фаҳмидан, ҷустуҷӯ ва таҳқиқ кардан бедор намуда, шавқи таҳсилро барангезанд, фаъолияти эҷодӣ ва мустақилии хонандагонро фаъол намуда, муносибати онҳоро дар хусуси ҳаёти воқеӣ муайян созанд.

3. Мактаб вазифадор аст,  нисбат ба донишҳои иловагӣ ба шогирдон, ки дар пешрафти онҳо нақши муайян мебозанд, мадад расонад. Азбаски имрӯз дар мактаб самти ахбор   бартарӣ дорад, вазни асосӣ  ба дӯши хотир аст. Мо хотири талабаҳоро  аксаран аз қонуну қоида, таърифот ва далелу рақамҳои  шахшуда пур мекунему татбиқи амалии онҳоро намеандешем. Ҳол он ки каллаи талабаҳоро на чун хум пур бояд кард, балки чун шамъ бояд афрӯхт.

Дониш дар ин сурат на лахчаи хомӯши хокистаргардида, балки шуълазадаро мемонад, ки ҳам гармӣ дорад ва ҳам рӯшноӣ. Ин гуна дониш фикрро такон дода, тафаккурро ба тафаккури  танқидию, гуногунандеш табдил медиҳад.

Дар замони муосир инкишоф ва тарбияи хонандагон, фаъолияти маърифатҷӯӣ ва эҷодии онҳо зимни ҷараёни таълим ҳамчун яке аз вазифаҳои муҳим ба назар гирифта мешавад.

Ин вазифа боиси он мегардад, ки қонуниятҳои тафаккури талабаҳо, дар робита ба психологияи умумӣ омӯхта шуда, тафаккури мантиқӣ, танқидӣ ва миллӣ рушд ёбад. Хонандагон бояд на танҳо фикр карданро омӯзанд, инчунин, фикри худро асоснок намоянд ва ба қарори муайян оянд.

1.    Дар муассисаи таълимӣ танҳо дониш додан ба хонандагон ба дарди касе даво намешавад. Бинобар ин, дониш ҳамеша дар паҳлуи маҳорат ва малака қарор дорад ва ҷараёни таълимро бо ҳамгироӣ ва робитаи устувори ин се  мафҳум – дониш, маҳорат ва малака тасаввур карда метавонад.

2.    Дар раванди таълим  имкониятҳои  хонандагон бояд ба назар гирифта шаванд. Таълим бояд муқаррарӣ нею мутараққӣ бошад, то зеҳну шуури хонандагонро такон диҳад.

3.    Донишандӯзӣ инкишоф ва ба назар гирифтани имкониятҳои фардии хонандагон бе ҳамкории педагогӣ муяссар намешавад.

4.    Вазифаи мактаби муосир инкишоф додани кӯдак мебошад. Кӯдак 11 соли ҳаёти беҳтарини хешро дар мактаб мегузаронад, ки ин раванд ба ҳаёти ӯ бе таъсир намемонад. Инсон ба мактаб ҳамчун кӯдак ворид гардида, тадриҷан ба одами болиғ табдил меёбад. Омӯзгорон ва мактаб ба хонанда бояд эҳтиёткорона муносибат кунанд, зеро ҳар кӯдак шахсият аст, ҳар як кӯдак арзиш дорад.

Омӯзгор бояд рӯҳияи хонандагонро баланд бардошта, рафтори онҳоро ба низом дарорад ва худ мояи такмил ва намунаи ибрат бошад.

5. Суръатнокии ҷараёни таълим. Равоншиносон исбот намуданд, ки ҳар қадар ҷараёни таълим суст, оҳиста давом ёбад, ҳамон қадар ба пешрафт ва инкишофи фикри  талабаҳо таъсири манфӣ мерасонад. Бачаҳо пас аз иҷрои ин ё он супориш интизори супориши дигаранд, вале он ба амал намеояд. Ва ҳамин тавр, байни тарзҳои кор чанд бор лаҳзаҳои таваққуф рӯй медиҳад, ки аз як тараф зоеъи вақт аст, аз тарафи дигар, зарари донишандӯзӣ ва пешрафти талаботҳост. Беш аз ин суръати заифи равиши таълим барои омӯхтан ва иҷрои барномаҳои таълим, ки рукни асосии стандартии давлатии маълумот маҳсуб мешаванд, халал мерасонад. Талабаҳо дар ҳар дарс  ба ҷои он ки 10-12 машқу супориши гуногунро анҷом диҳанд, 2-3 машқ мегузаронанд, ба ҷойи он ки бештар нависанду масъала ҳал намоянд, ба навиштани чанд калимаю ҷумла ва ҳалли мисолу масъала маҳдуд мешаванд. Ба тарзи дигар гӯем, имконият ҳаст, вале аз он истифода намебарем.

Мо ба суръатнокии равиши таълим на аз рӯи суръати тези он баҳо медиҳем, балки аз он ҷиҳат назар мекунем, ки дар рафти таълим дар ҳар дарс талабаҳо чӣ қадар ба корҳои муфид машғул мешаванд, то чӣ андоза меҷӯянд, меандешанд, нисбат ба худ баҳо медиҳанд.

6. Тадриҷан мушкилшавии вазифаи таълимӣ. Ин, албатта, аз пешниҳоди таълими мутараққӣ сар намезанад, балки он мантиқи таълим аст. Таълим дар ҳар сурат бояд зина ба зина, синф ба синф мушкил шудан гирад дар акси ҳол ҳамаи мо, чи муаллим ва чи талабаҳо, дар як ҷо по зада меистем.

Амалишавии ин ҳама талабот маҳз ба таълими салоҳиятнокӣ  нигаронида шудааст. «Салоҳият»-ро таълим намедиҳанд, салоҳият дар натиҷаи азхуд кардани дониш, малака ва маҳоратҳо ташаккул меёбад.

Барои идоракунии самараноки мактаби муосир, аз ҳама муҳимаш, ташкили дурусти назорати дохилимактабӣ мебошад.

Барои ҳар як директори мактаб зарур аст, ки тамоюлҳои рушду инкишоф, раванди таълиму тарбияи мактабро сари вақт дарк намуда, тамоми фаъолияти мактабро мунтазам омӯхта, иттилои дуруст ва амиқро дарёфта, таҳлил намояд ва аз он хулосаи зарурӣ бароварад. Аз ин рӯ, низомнокии идора ва системаи назорати  дохилимактабӣ ниҳоят зарур аст. Назорати ҷараёни таълиму тарбия муайян кардани мақсад, мазмун, намуд ва воситаҳои санҷишро дар бар мегирад. Баъди гузаронидани ин ё он чорабинӣ зуд натиҷаашро таҳлил кардан ба мақсад мувофиқ аст, то ки хато такрор наёбад.

Дар такмил ва самаранокии таълим, баланд бардоштани сифати дониш,  малака ва рушди қобилияти эҷодии инфиродии хонандагон назорат ба ҷараёни таълиму тарбия мавқеи умдатаринро мебозад. Назорати системанок, аз ҳар ҷиҳат пурра ва сари вақт омодашуда ба омӯзгор, ба роҳбари мактаб имконият медиҳад, ки муваффақиятҳои мавҷударо боз ҳам мустаҳкам намуда, камбудиҳои кори худро эҳсос карда, ислоҳ намояд. Назорат барои роҳбари мактаб манбаи асосии иттилоот ва оядабинӣ мебошад.

Назорат бояд ангезандаи баланд бардоштани самаранокии кор ва дониши хонандагон бошад.

Салоҳият натиҷаи амалии дониш, малака ва маҳорат аст.

Бинобар ин дар мактаби муосир маҳз талаботи натиҷаи ниҳоии фаъолияти омӯзгор, дониш, маҳорат ва малакаи хонанда ва дар амал татбиқ кардани он донишҳо зарур аст.

Азизбек БОРОНОВ,

директори МТМУ №8-и

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш