Ба ҷойи муаррифӣ
Раванди таълими муосир аз омӯзгор шеваҳои нави таълиму тарбияро тақозо дорад. Ба ин хотир, устодон, мураббияҳо ва устоҳои таълими истеҳсолиро зарур аст, ки машғулиятҳои худро бо истифода аз дастгоҳу технологияҳои замони муосир дар заминаи сабку методҳои навину пешрафта ба таври судманду муассир гузаронанд.
Самаранок истифода бурдани воситаҳои техникӣ дар дарсҳо яке аз роҳҳои ба ин ҳадаф расидан ба шумор меравад. Агар аз як тараф ин масъала талаботи рӯз бошад, аз сӯйи дигар ба саводнокшавии донишҷӯёну хонандагон мусоидат мекунад.
Аз дирӯз то имрӯз
Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе таърихи тӯлонӣ дорад. Аз таъсиси он 77 сол сипарӣ мешавад. Литсей аввал бо номҳои омӯзишгоҳи рақами 4, баъд омӯзишгоҳи касбӣ – техникии рақамҳои 8, 63 ва аз соли 2014 ба ин тараф бо номи ҳозирааш фаъолият дорад. Литсейи номбурда дар ҷумҳурӣ ягона муассисаест, ки барои Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мутахассис тайёр менамояд. Айни замон дар ин ҷо баъд аз хатми синфҳои 9 ва 11 ба муддати як ва ду сол аз рӯйи ҳашт ихтисос – ҳисобдор бо тавонистани кор дар компютер, роҳбалади вагонҳои мусофиркаш, навбатдории стансияи роҳи оҳан, ёрдамчии мошинисти локомотив, хазиначӣ - чиптафурӯш, назоратчии таъмиргари вагонҳо, мантёри барқ ва алоқа, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил мутахассисон тайёр карда мешаванд. Дар баробари ин, вобаста ба талаботи замон ҳафт курси кӯтоҳмуддат низ ташкил гардидааст, ки дар онҳо ихтисосҳои ронандаи автомобили дараҷаи В, ҳисобчӣ – хазинадор, асосҳои омӯзиши компютер, санъати сартарошӣ ва косметикаи ороишӣ, дӯзанда, омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Таҳсил дар ин гурӯҳҳо ба таври шартномавӣ буда, муддати омӯзиш се моҳро дар бар мегирад.
Фаъолияти густурдаи литсей
Ба масъалаи китобу китобдорӣ дар литсей диққати ҷиддӣ дода мешавад. Теъдоди умумии китобҳо 15 775 ададро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 1234 адад китоб аз фанҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 10699 адад китоби фаннии тахассусӣ, 3797 адад китоби бадеӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ва 45 асари Роҳбари давлат мебошанд. Аз аввали соли ҷорӣ аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ 600 адад китоби таълимӣ харидорӣ шудааст.
Роҳбарияти муассиса бо мақсади пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин намудани хонандагон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашриёти «Маориф» тибқи мактуби расмӣ муроҷиат намуд, аммо бинобар набудани баъзе китобҳои дарсӣ, аз қабили «Забони тоҷикӣ», «Адабиёти тоҷик», «Технологияи информатсионӣ», «Биология», «Химия» ва «Забони русӣ» барои синфҳои 10 – 11, «Физика» барои синфи 10 ворид намудани онҳо ба соли хониши 2019 гузошта шуд.
Таълиму тарбия тавъаманд
Директори муассиса Х. Маҳмудова ба он назар аст, ки ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ бе иштироки падару модарон на ҳамеша натиҷаи дилхоҳ медиҳанд. Бинобар ин, дар ҳамкорӣ бо волидон ва бо дарназардошти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади самаранок истифода бурдани вақт, ҳавасманд кардани фарзандон ба китобхонӣ, донистан ва доштани маълумоти васеъ дар бораи мавзеъҳои сайёҳии кишвар, ҳунарҳои мардумӣ, роҳ надодан ба харҷи беҳуда корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
Таҷрибаомӯзии истеҳсолии шогирдон дар асоси шартномаҳои дуҷониба бо корхонаву ташкилотҳо вобаста ба ихтисосҳои омӯхташаванда ташкил карда шудаанд. Вале хонандагон аслан таҷрибаомӯзиро дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мегузаронанд. Баъзе дарсҳо низ аз тарафи шаш нафар омӯзгори ин корхона бевосита дар ин ҷо гузаронида шуда, ҳамчунин, корҳои амалӣ низ ин ҷо сурат мегиранд. Дар соли 2018 барои ташкили самараноки таҷрибаомӯзии хонандагони литсей бо корхонаи мошинасозии «Текстилмаш», КВД «Обу корези шаҳри Душанбе», КДММ «Автомотосервис» ва Маркази хизматрасонии автомобилии №8 – и шаҳри Душанбе шартномаҳо ба имзо расонида шуда, хонандагон баҳри таҷрибаомӯзӣ ба ин муассисаҳо сафарбар шудаанд.
Мушкилот
Барои литсей набудани хобгоҳ мушкилоти рақами як аст. Бояд гуфт, тибқи «Барномаи давлатии рушд ва ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 – юми апрели соли 2012, №200 тасдиқ шудааст, дар бораи сохтмони биноҳои таълимӣ, лабораторияҳо, устохонаҳои таълимӣ ва биноҳои ёрирасон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ сохтмони хобгоҳи литсей барои 100 ҷой ба маблағи 1 млн. сомонӣ дар соли 2018 ба нақша гирифта шудааст. Муроҷиатҳо оид ба ҳалли масъалаи мазкур то имрӯз натиҷаи дилхоҳ надода, маблағгузории сохтмони хобгоҳи муассиса ҳамчун иншооти дуюмдараҷа ба нақшаи иншооти сохташавандаи вазорат ворид карда нашудааст. Аммо сохтмони хобгоҳ ногузир аст. Бинобар ин, боварӣ ҳаст, ки ҳар чи зудтар ин масъалаи роҳи ҳалли худро меёбад.
Ҳотами Ҳомид,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр