Нашрияи Омӯзгор

Муносибати босалоҳият ва тарбияи омӯзгорони ҷавон

Сана: 2022-01-19        Дида шуд: 80        Шарҳ: 0

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ  ба Маҷлиси Олӣ (21. 12. 2021) вобаста ба соҳаи маориф иброз доштанд:  «Мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат, аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободии давлат ва Ватан мебошад».

Аҳли маорифи кишвар, аз як тараф, фахр намоянд, ки онҳо бунёдгузорони миллатанд, аз тарафи дигар, масъулияти баланд ҳис карда, салоҳиятҳоеро бар дӯш бардоранд, ки дар миллатсозӣ парчаманд, сазовори замонанд.

Ва аммо замони муосир дархост менамояд, ки чи муаллимону устодон ва чи хонандагону донишҷӯён бояд соҳибсалоҳият бошанд.

Пас салоҳияти муаллим дар чиҳо ифода меёбад? Дар:

- дониши касбӣ ва ҷаҳонбинӣ (айни замон доираи назари васеъ ва фарогир);

- донишҳои педагогӣ, психологӣ ва усули тадрис;

- технологияи таълими фан (тарзу воситаҳо, ҳаракатҳои муаллим…);

- сифатҳои касбӣ ва фарҳанги омӯзгорӣ;

- маънавиёти волои инсонӣ.

Аз ин талабот се дархости умда (асосӣ) бармеояд, ки аз донишҷӯи муқаррарӣ муаллими босалоҳият, омӯзгори сазовор, бунёдгузори миллат месозад: а) дониши касбӣ, доираи назар; б) омӯхтани психология, педагогика ва технологияи таълим; в) сифатҳои шахсӣ ва маънавиёти инсонӣ.

Дониши касбӣ унсури асосии салоҳияти муаллимро ташкил медиҳад. Беҳуда ниёкони боору номус ва хирадмандони мо борҳо таъкид накардаанд:

Дониш андар дил чароғи равшан  аст,

В –аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

***

Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад.

Биёед, азизон, ба ҷойи «ҳар кӣ» муаллимро гузорем. Ҳамон муаллиме тавоност, ки доност. Доно дар кадом самт? Самти касби худ, фаъолияти худ. Барои ҳамин донишҳои касбӣ мегӯем. Дигар ин ки, ҳамин «тавону тавонистан» як паҳлуи холигии салоҳиятро пурра намуда, ба маҳорат мепайвандад. Ғалат намешавад, агар гӯем: «Маҳорат дар паҳлуи салоҳият қарор мегирад. «Ба ибораи дигар, донишу маҳорат бо ҳам омада ду паҳлуи асосии салоҳияти муаллимро ташкил медиҳанд. Паҳлуҳои дигари салоҳияти муаллим марбут ба донистани асосҳои умумии педагогика, психология, методҳо ва технологияи таълим мебошад.

Вале, бо вуҷуди ҳамаи ин, салоҳияти омӯзгор, ки шарафу обрӯи ӯст, ҳанӯз мукаммал нагардидааст. Муаллим инсони хокист. Барои ин гуна инсон сифатҳои одамӣ ва маънавиёти шахсӣ хос аст. Муаллим ё устод танҳо дарсдиҳандаи соатбайъ нест. Ӯ, пеш аз ҳама, мураббӣ, падар ё модари шогирдон, маслиҳатгари хонавода, муаллими халқ аст. Бинобар он, муаллим дар фаъолияти ҳаррӯза ва ҳарсоатаи худ мекӯшад, ки аз маҷмуи донишҳо, қобилиятҳо, кордониҳо, муомилаю муносибатҳо, тавону тавонистанҳо, лоиқу шоистагиҳо ва ғайра истифода барад. Ҳамаи ин сифатҳо, ки хоси муаллимони босалоҳиятанд, моро водор менамоянд, ки ба салоҳиятмандии омӯзгор равшанӣ андозем. Салоҳиятмандии муаллим ҷабидаи дониш, маҳорату малака, таҷрибаи амалӣ, технологияи педагогӣ, маънавиёт ва фарҳанги ӯст, ки дар мустақилият, иҷтимоӣ – коммуникативӣ, ахбор, тафаккури эҷодӣ, интиқодӣ ва таҳқиқотӣ, эҳсос, арҷгузорӣ ифода меёбад. Ин таъриф моро водор менамояд, ки ду хулосаи зерин барорем: салоҳиятро ба муаллим пас аз хатми коллеҷ ё донишгоҳи омӯзгорӣ сазовор медонанд. Вале салоҳиятмандӣ ё муносибати босалоҳиятро худаш ба каф меорад, ки бе заҳмату саъю кӯшиш муяссар намегардад.

Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём роҳбарони муассисаҳои таълимиро огоҳ сохтанд, ки «…ба масъалаи тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд». Ин масъала паҳлу ва самтҳои гуногун дорад, ки мо перомуни яке аз онҳо мулоҳизаҳоямонро иброз медорем. Ин самти таҷрибаомӯзӣ ё таҷрибаи педагогӣ мебошад, ки дар тарбияи омӯзгорони ҷавони оянда нақши муҳим мебозад.

Таҷрибаомӯзӣ, ки бештар аз 90 сол боз дар ҳамин тарз сурат мегирад, ҷавобгӯи рӯз нест. Барои беҳтар шудани сифати он Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро лозим аст, ки чанд мактаби шаҳр ва аз рӯи имконият 1 – 2 мактаби ноҳияҳои наздикро на аз ҷиҳати пояи (базаи) моддӣ – техникӣ ва кадрӣ, балки аз ҷиҳати педагогӣ, илмию методӣ таҳти роҳбарӣ ва назорати коллеҷ ё донишгоҳ гузорад, ки тахминан мо онҳоро «мактабҳои наздидонишгоҳӣ» меномем. Роҳбар ё директори мактаб узви шӯрои олимони донишгоҳ, муаллимони фанҳои алоҳида, ки таҷрибаи педагогӣ дар синфи онҳо мегузарад, узви шӯрои олимони факулта ё кафедраи методикаи таълим мегарданд. Онҳо соле 2 – 3 бор дар ҷамъомадҳои илмӣ – методӣ, маҷлиси шӯрои олимон, ки ба масъалаи таҷрибаомӯзӣ бахшида мешавад, иштирок мекунанд, фикру мулоҳизаҳояшонро оид ба дониши илмию ҷаҳонбинии донишҷӯён баён менамоянд. Дар ин маврид на алоқаи ё робитаи донишгоҳ ба мактаб, ки дар рӯи коғаз аст ба амал меояд, балки ҳамгироӣ ё ҳамкории мактабу донишгоҳ сурат мегирад. Мактабҳои назди донишгоҳ зинаи поёнии донишгоҳ ҳисоб мешаванд. Донишҷӯ, ки оянда муаллим хоҳад шуд, баробари устодони донишгоҳ устоди мактабӣ дорад, омаду рафти донишҷӯён низ осон мешавад: касе, чизе халал намерасонад. Донишҷӯ имконият пайдо мекунад, рӯзҳо, моҳҳо назди устоди мактабиаш равад, дарсҳои ӯро мушоҳида намояд, дар кори дипломӣ ё курсӣ истифода барад, мақолае дар ҳафтаномаи донишгоҳ ба нашр расонад.

Мактабҳои наздидо-нишгоҳӣ таҷрибаи судбахшест, ки солҳо боз дар донишгоҳҳои омӯзгории кишварҳои пешрафтаи Аврупо, Осиё ва Амрико истифода мешавад. Корбасти ин гуна таҷриба дар коллеҷу донишгоҳҳои омӯзгорӣ ва дигар донишкадаю донишгоҳҳо, ки тарбияи муаллимони ояндаро ба уҳда доранд, танҳо ба манфиати кор аст.

 

Муҳаммад Лутфуллозода,

академики Академияи

таҳсилоти Тоҷикистон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш