Нашрияи Омӯзгор

Афсона – тарбиятгари  кӯдакон

Сана: 2022-01-19        Дида шуд: 124        Шарҳ: 0

 

Афсона яке аз жанрҳои маъмул ва дастраси адабиёти бадеии бачагона мебошад. Дар раванди шунидан, эҷод ва муҳокима кардани афсонаҳо кӯдак тахайюлот ва қобилияти эҷодии худро инкишоф медиҳад. Дар рафти шунидан ва дарки афсонаҳо кӯдакон ҳикматҳои мардумӣ, некию бадӣ, ҳамдардӣ ва муоширатро меомӯзанд. Кӯдакон афсонаро чунон дӯст медоранд, ки борҳо хоҳиш мекунанд, ки як афсонаро ба онҳо нақл кунанд.

Мақоми афсонаҳо, махсусан, дар тарбияи ахлоқии кӯдакони синни томактабӣ басо бузург аст. Симои маънавии кӯдак, пеш аз ҳама, дар рафти фаъолияти ҳархела: таълим, меҳнат, бозӣ, дар корҳои фоиданоки  ҷамъиятӣ ва дар раванди муошират бо одамони гирду атроф ташаккул меёбад. Илова бар ин, таълими афсона кӯдаконро ба донишманду хушахлоқ шудан талқин менамояд. Инчунин, хонандагони хурдсол дар рафти шунидан ва хондани афсонаҳо меъёрҳои ахлоқиро аз худ менамоянд.

Бинобар ин,  ин паҳлӯҳоро ба инобат гирифта, мураббия бояд дар рафти машғулият ҳатман афсонаеро ҳамроҳи тамоми гурӯҳ  хонда,  амали  қаҳрамонҳои ҳам манфӣ ва ҳам мусбати онро таҳлил намояд. Ҳангоми чунин баҳсҳо кӯдакон ба рафтори қаҳрамонони манфӣ эрод гирифта, онҳоро рафиқони бад меноманд.  

Дар натиҷаи хондани китобҳои бадеӣ, аз ҷумла, китобчаҳои афсона шавқу ҳавси кӯдакон нисбат ба ҳунаромӯзӣ низ зиёд мегардад, ҳамчунин, ба ин восита мустақилона мутолиа намудани китобҳоро ёд мегиранд.

Вақте дар кӯдакистон мураббия ба тарбиятгирандагон афсона нақл карданӣ мешавад, вай бояд аввал бо кӯдакон суҳбати муқаддимавӣ гузаронда, дар бораи мавзуи афсона каме маълумот диҳад. 

Афсонаро бояд оромона ва бо эҳсосот мутолиа кард. Пас аз хондани як порчаи афсона ба бачаҳо, маънои калимаву ибораҳои нофаҳморо фаҳмондан, расмҳоро бодиққат аз назар гузаронидан, персонажҳои афсонаро номбар карда, хислатҳои қаҳрамононро муҳокима намудан лозим аст.

Баъд аз ба анҷом расидани афсона мувофиқи пайдарпайии сюжети он ба кӯдакон савол додан даркор. Дар рафти ҷавоб додан ба саволҳо кӯдак доир ба матни гӯшкардааш тасаввуроти бештар мегирад ва ҳамзамон, дар вай қобилияти иброз намудани фикр пайдо мешавад, нутқаш бурро ва захираи луғавиаш бештар мегардад.

                                                                                

Сокина Бобоева,

мураббияи кӯдакистони №133, ноҳияи Сино

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш