Нашрияи Омӯзгор

Машғулиятҳои амалӣ муассиранд

Сана: 2022-01-19        Дида шуд: 76        Шарҳ: 0

 

Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  сол ба сол сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар мегардад. Натиҷаи дастгириҳои  Сарвари давлат аст, ки  ҳамасола тариқи квотаи Президентӣ  хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ба макотиби олии кишвар дохил шуда, барои кор ба зодгоҳашон фиристода мешаванд, то норасоии мутахассисон дар маҳал ҳалли худро  ёбад.  Аз ҷумла, дар ноҳияи мо тариқи квотаи Президентӣ дохил шудани духтарон имкон фароҳам овард,ки  сафи маълумотдорон ва мутахассисон аз шумори духтарони маҳаллӣ хеле зиёд гардад.

Афрӯза Матулова аз шумори чунин духтарони хушбахт  мебошад, ки тавассути  квотаи Президентӣ ба  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дохил  шуда, онро соли 2007 ҳамчун омӯзгори фанҳои химия ва биология  хатм  намудааст.

- Мушоҳидаҳо  нишон медиҳанд, ки хонандагон дар машғулиятҳои амалӣ мавзуъҳоро хеле хуб аз худ менамоянд,- мегӯяд омӯзгори соҳибтаҷрибаи фанҳои химия ва биологияи Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод  Афрӯза  Матулова.    

Мавҷуд Саттор,

ноҳияи  Нуробод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш