Нашрияи Омӯзгор

Иқболу ифтихори сарбози марзбон

Сана: 2022-01-19        Дида шуд: 79        Шарҳ: 0

 

Яке аз омилҳои асосии ифодакунандаи истиқлолияти миллӣ, ҳифзи марзҳои Ватан аз ҷониби сарҳадбонони тоҷик аст. Ҳар кишвари соҳибихтиёр нахуст соҳиби марзу бум аст, ки шаҳодати тамомияти арзии он маҳсуб меёбад.

Агар ба гузаштаи таърихӣ рӯ оварем, дар як муддати кӯтоҳ ташаккул ва неру ёфтани Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон рӯзи муродро наздик сохт. Кишвари соҳибистиқлол муҳофизати марзҳои давлатиашро ба дасти фарзандони худ супурд. Калиди рамзии мармарини сарҳадоти муштараки мо бо Чину Афғонистон дар ихтиёри афсарону сарбозони марзбони тоҷик қарор гирифт.

Ташаббус ва иродатмандии комили Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси дар як марҳилаи кӯтоҳ соҳиби заминаи ташкилӣ ва омодагии ҳарбӣ гирифтани қӯшунҳои сарҳадии кишвар гардид. Ҳанӯз дар оғози солҳои 90-ум равшан буд, ки ҳифзи марзу буми ватани худ аз ҷониби фарзандони Тоҷикистон зарурати таърихист. Ин гардиши куллии таърихӣ – ҳимояи сарҳади мамлакати худ аз тарафи марзбонони тоҷик як ҷузъи муҳими пурракунандаи эътибори сиёсии Тоҷикистон ва шинохти он ба ҳайси субъекти арзанда ва комилҳуқуқи саҳнаи робитаҳои байналхалқӣ гардид. Ҷомеаи Тоҷикистон бояд ин дигаргунӣ ва масъулияти нави таърихиро дар назди ормонҳои ҷовидонии ҳифзи Ватан ва пойдории истиқлолияти давлатӣ ҳамчун рухдоди муҳим ва ҳақиқати нодир қабул кунад.

Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон ба дарки сиёсӣ ва омодагии низомии марзбонони тоҷик барои муҳофизати марзу буми Ватан эътимоди комил дорад. Шаклгирии нави геополитикӣ ва таҳдиди хатарҳои глобалии замон матонати хидматӣ ва ҷасорату шуҷоати сарҳадбононро талаб менамояд.

Роҳбарияти олии кишвар аз дидгоҳи махсус ба масъалаҳои фаъолияти ҳамарӯзаи марзбонон менигарад ва дар ин самт иқдомҳои азими Ҳукуматро метавон интизорӣ дошт.

Дар як рӯз сарҳадчӣ шудан ғайриимкон аст. Сабру таҳаммул лозим меояд. Ҳиссиёти баланди ватанхоҳиву ватандӯстӣ зарурат дорад. Агар Ватанро дӯст надорӣ, ба қадри муқаддасоти он нарасӣ, дар шароити вазнин наметавон масъулияти ҳифзи сарҳади давлатиро ба зимма гирифт. Сарҳадбон дар хатти аввал қарор дорад ва нахустин шуда зарбаи душманро қабул мекунад.

Ватандӯст фардест, ки барои Ватани худ ҳатто ҷони худро дареғ намедорад. Сарбози марзбон бояд ҳушёру далер буда, ҳама сахтиву машаққатҳоро пурсаброна ва мардонавор паси сар намояд.

Ҳамасола ҳангоми мавсими даъват таваҷҷуҳи асосӣ ба он равона карда мешавад, ки қӯшунҳои сарҳадӣ дар навбати аввал бо сарбозони ҳушёру обутобдида пурра карда шаванд. Чунки сарбози сарҳадбон дар хати аввали муҳофизати  марзи давлатӣ, дар дарвозаи Ватан меистад. Аз ин хотир, бисёр муҳим аст, ки ӯ чеҳраи зебои миллӣ, қомати баланд, либоси озода ва муносибати лоиқ дошта бошад.

Пайванди миёни ҷомеа ва артиш бешубҳа танҳо ба манфиати боло рафтани эътибори хизмати ҳарбӣ ва таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар хоҳад буд. Бо назардошти ин нукта, дар қисмҳои ҳарбии сарҳадӣ ба масъалаи дидорбинии падару модарон аз ҳаёти аскарии фарзандони худ масъулона муносибат намуда, шароити лозимаро ба ин мақсад фароҳам сохтаанд. Ҷавонони синни тодаъватии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии маҳалҳои аҳолинишини наздик ба қисмҳои ҳарбии сарҳадӣ ҳамроҳ бо муаллимони фанни омодагии дифои ҳарбии худ омада, бо ҳаёти аскарӣ ва шароитҳои  будубош ошно мегарданд.

Зеро  таълими дурусти фанни омодагии дифои ҳарбӣ дар мактабҳои миёнаи умумӣ таҳкурсии асосии ба артиш ҷалб гардидани сарбозони обутобёфта ва озмудашуда мебошад.

Дуруст ва дар сатҳи зарурӣ  таълим додани фанни омодагии дифои ҳарбӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва тақвият бахшидани ҷараёни тарбияи тодаъватии ҷавонон, заминасози асосии риояи интизоми ҳарбӣ дар ҳамаи қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ  ба шумор меравад.

Мустаҳкам намудани иқтидору тавоноии қӯшунҳои сарҳадӣ  ба дараҷаи  малакаи касбӣ, донишҳои ихтисосӣ ва маърифати ватандориву худшиносии миллӣ ва шуурнокии сиёсиву ҳуқуқии хизматчиёнӣ ҳарбии ҳомии марзҳои Ватан иртиботи ногусастанӣ дорад. Аз ин ҷост, ки ҳангоми амалисозии чораандешиҳои тарбиявӣ,  ташаккули ҷаҳонбинии пурвусъати афсарон, дар вуҷуди он тақвият додани эҳсоси посдории арзишҳои фарҳангиву маънавии ниёгон  ҳамеша дар авлавияти кор қарор дорад. Зеро дар баробари обутоби ҷисмонӣ ва сатҳи баланди омодагии ҷангӣ бо неъмати хирад, дониш, фарҳанг ва маърифат ғановат бахшидани зеҳну замири афсару сарбози сарҳадбон  рукни бунёдии устувории рӯҳу равон ва садоқату посдории муқаддасоти милливу давлатӣ  пазируфта шудааст.

Афзудани сафи ихтиёриён барои шомил шудан ба Артиши миллӣ нишони он аст, ки ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун озодагони асил бо эҳсоси саршори мардонагӣ ва ватанхоҳӣ барои адои қарзи фарзандии худ дар назди Ватан ва қарзи шаҳрвандии хеш дар назди давлат барои хизмати ҳарбӣ изҳори омодагӣ намуда, намунаи беҳтарини ватандӯсторӣ ва нангу номусдории миллиро ба намоиш мегузоранд.

 

Абдурақиб ҚОДИРОВ,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш