Нашрияи Омӯзгор

Теъдоди нокифояи китобҳои дарсӣ

Сана: 2022-01-19        Дида шуд: 64        Шарҳ: 0

 

Таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо китобҳои дарсӣ яке аз омилҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот маҳсуб меёбад.

Аз таҳлилу мушоҳидаҳо бармеояд,  ки китобҳои дарсии тозанашр сари вақт ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда намешаванд.

Чи тавре ки мушовири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант оид ба кори китобхона ва китобҳои дарсӣ Сафар Қурбонов дар суҳбат иброз дошт,  ҳамаи 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 литсейи давлатӣ ҳанӯз ҳам ба китобҳои дарсии тозанашри иҷоравӣ эҳтиёҷ доранд.

Соли 2021 ба шуъбаи  маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз тарафи Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости муассисаҳои таълимии шаҳр 23781 адад китоби дарсӣ бо маблағи 258 ҳазору 326 сомонӣ ворид гардид. Илова бар ин, боз 899 дона маводи таълимии роҳнамои омӯзгор аз фанҳои забони англисӣ ва таърихи умумӣ бо маблағи 17877, 09 сомонӣ ба шуъбаи маорифи шаҳр ирсол карда шуд.

 Муҳлати истифодаи китобҳои дарсии пештар ирсолшуда 5 сол мебошад. Дар  ин муддат бояд нашри такрории китобҳои дарсии иҷоравии нав сурат гирад. Мутаассифона,  ҳоло дар бисёр муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр китобҳои дарсии “Таърихи халқи тоҷик” (синфи 6),  “Таърихи халқи тоҷик ” ва “Таърихи умумӣ” (барои синфи 8), Физика (синфи8),  “Алифбо ва матни ниёгон” (синфи 7), Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон (синфи 8), “Ҳуқуқи инсон” (синфи 11), ”Адабиёти тоҷик” (синфи 9),  химия (синфи 9),  биология (синфи 9) намерасад.

 То имрӯз муассисаҳои таълимии шаҳри Левакант ба суратҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 370 ҳазору 135 сомонӣ маблағ гузаронидаанд, ки ин аз маблағи иҷораи соли гузашта қариб 3800 сомонӣ зиёд мебошад,  гуфт дар поёни суҳбат Сафар Қурбонов.

 

Аъзам БОБОЕВ,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш