Нашрияи Омӯзгор

Кӣ ғолиби озмун мешавад?

Сана: 2022-01-19        Дида шуд: 107        Шарҳ: 0

 

Дар шаҳри Исфара барои хонандагони болаёқат шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Фаъолияти босамари 9 литсей, муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академия Контакт Интернэшнл» ва “Мактаби зеҳнии Торуан”, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва таъсиси маркази таълимии Repetitor. tj дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара гувоҳи ин гуфтаҳоянд.

Аз ҳамин сабаб, ғолибияти шогирдони мо дар озмунҳои фаннӣ ва қабул ба мактаби олӣ сол аз сол беҳтар мегардад. Шогирдони мо соли гузашта дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳо ба гирифтани 101 ҷойи ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Дар даври чоруми озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” ғолиб омадани шогирдони литсейҳои №1 ва 5 Шодмон Эргашев ва Дамир Амонов ифтихори мост.

Таҷрибаи МҒД “Мактаби зеҳнии ТОРУАН-Маҳмудова” ва дигар муассисаҳои таълимии шаҳри Исфара нишон медиҳад, ки барномаҳои таълимии мо ҳамаи заминаҳоеро доранд, ки шогирдонро ба ҳадди кофӣ ба донишҳои зеҳнию маънавӣ мусаллаҳ созанд. Ғолибони озмунҳо аз тарафи маъмурият ва волидон бо туҳфаҳои арзанда мукофотонида шуда, расми онҳо дар лавҳаи фахрӣ гузошта мешавад. Дар байни хонандагон озмун-шоу-и “Истеъдоди ман” маҳбубияти зиёд дорад, ки он дар арафаи соли нав гузаронида мешавад.

 Мо дар фаъолияти худ дараҷаи қобилиятнокии хонандагонро бо ёрии тестҳои махсуси математикӣ ва психологӣ, суҳбат ва корҳои санҷишӣ муайян менамоем, ки дар ин раванд аз асарҳои математикон, академик Абдуҳамид Ҷӯраев, профессорон Мирзоғафур Бобоеву Разиюлло Атохонов ва омӯзгорони зиндаёд Абдурасул Ҷӯраев, Абдуллохӯҷа Махсумов истифода мекунем. Дар дарс муаллим бояд хонандагони болаёқатро бо маводҳои иловагӣ таъмин намояду бо онҳо кори гурӯҳӣ ташкил намояд. Онҳоро ба машғулиятҳои факултативӣ ва маҳфилҳои фаннӣ ҷалб намуда, барои иштирок дар озмунҳо ва олимпиадаҳо роҳнамоӣ намояд. Иштирок дар озмуну олимпиадаҳо барои хонандагони боистеъдод аҳамияти калон дорад. Мехоҳам оид ба ташкил ва гузаронидани даври мактабии олимпиада аз фанни математика баъзе андешаҳои худро баён намоям. Интихоби масъалаҳо аз тарафи доварон барои олимпиада, яке аз шартҳои муҳими кори озмун ба хисоб меравад. Агар ҳамин шарт одилона ва холисона ба ҷо оварда нашавад, байни устодон ё байни шогирдон норозигӣ ва дилсардӣ ба вуҷуд оварданаш мумкин аст. Машқҳое, ки барои гузаронидани олимпиадаҳо ба синфҳои параллелӣ пешниҳод карда мешавад, набояд аз доираи барномаи мактабӣ берун бошад. Ҳалли масъалаҳо аз хонандагон дониши пурра, зиракӣ, машқи зеҳнӣ, тасаввуроти фазоӣ ва ҳозирҷавобиро талаб мекунад. Таҷрибаи корӣ нишон медиҳад, ки барои озмун мисол ё масъалаҳоеро интихоб намудан лозим нест, ки ҳисобкуниҳои зиёдеро талаб мекарда бошад. Барои он ки иштирокчиёни озмун рӯҳафтода нашаванд, бояд як ё ду мисолу масъалаеро интихоб кард, ки ҳалли он қариб ба ҳамаи хонандагон дастрас бошад. Ин гуна мисолҳо дар аввали шарти озмун бояд пешниҳод гардад. Ғайр аз ин, дигар машқҳоеро интихоб намудан зарур аст, ки он аз хонандагон дониши амиқ ва тафаккури мустақилонаро талаб намояд. Ҳангоми баҳогузорӣ ба иҷрои корҳо, ҳайати доварон бояд ба роҳҳои ратсионалии ҳалли масъалаҳо ва эҷодкории хонандагон эътибори ҷиддӣ диҳанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки барои тайёр кардани ғолибони олимпиадаҳо омӯзгор меҳнати зиёд намуда, қувваю ғайрати худро бояд дареғ надорад. Пеш аз ҳама, ӯ фанни худро бояд дӯст дорад ва ба кори таълиму тарбия шавқу завқ ва меҳр дошта бошад. Дар ҳар синф хонандагоне ҳастанд, ки ба фанни математика бештар ҳавас доранд. Агар хонанда бо китоб кор карданро ёд гираду омӯзгор ӯро бо адабиёти иловагӣ таъмин карда, ба рафти донишомӯзии ӯ оқилона роҳбарӣ намояд, натиҷаҳои хуб ба даст оварданаш мумкин аст. Хуб мешуд, ки ин корро омӯзгор аз хонандагони синфҳои 5-6 оғоз менамуд ва шогирдони ӯ аллакай дар синфҳои 8-9 метавонистанд муваффақият ба даст оваранд. Хушбахтона, дар китобҳои нави математика мисолу масъалаҳои зиёде барои хонандагони болаёқат ҷой дода шудааст, ки мо онро дар дарсҳои иловагӣ ва маҳфилҳо васеъ истифода мебарем.

Агар, пеш аз оғози олимпиадаҳо, намоиши корҳои эҷодии хонандагон оид ба фанни математика ба монанди: моделҳо, шаклҳои геометрӣ, асбобҳои аёнӣ, гузоришу рефератҳо ва корҳои лоиҳавӣ доир ба ин ё он мавзуъ гузаронида шуда, ғолибон мукофотонида шаванд, шавқу ҳаваси хонандагон ба ин фан зиёд мешавад.

Бобохон ҚАЮМОВ,

омӯзгори МҒД “Мактаби зеҳнии ТОРУАН - Маҳмудова“-и

шаҳри Исфара


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш