Хуб аст, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ олимпиадаҳои фаннии донишомӯзони муассисаҳои таълимӣ баргузор карда мешавад. Баргузории чунин мусобиқаҳои зеҳнӣ имкон медиҳад, то толибилмон донишу лаёқату маҳорати худро нишон диҳанд, қобилиятҳои зеҳнӣ ва эҷодиашонро ошкор карда, минбаъд рушд бахшанд ва роҳи тахассусию касбиашонро дар зиндагӣ муайян намоянд.
Албатта, дар олимпиада бояд онҳое иштирок кунанд, ки донишу маърифати кофӣ (ҳадди ақал дар доираи барномаҳои таълимӣ) доранд, эҷодкоранд ва дараҷаи тафаккурашон баландтар аст, чунонки дар “Низомномаи олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ” (банди 1.3.) омадааст: “Дар олимпиада хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки барномаҳои таълимиро пурра аз худ намудаанд ва берун аз барномаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ аз уҳдаи талаботи супоришҳои олимпиада мебароянд, иштирок менамоянд.”
Мувофиқи ҳамин Низомнома (банди 3.1.) мақсади баргузор намудани олимпиада дарёфт ва рушди истеъдоди хонандагонест, ки инкишофи зеҳнии онҳо ба самти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ нигаронида шудааст. Вобаста ба ин мақсад вазифаҳои олимпиадаро чунин шарҳ додаанд:
муҳайё кардани шароити мусоид барои дастгирӣ ва рушди хонандагон;
бедор намудани шавқу ҳаваси хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои таълимӣ;
дарёфти хонандагони болаёқат, ки ба омӯзиши фанҳои алоҳида шавқ доранд, баланд бардоштани завқи онҳо дар омӯзиши амиқи фанҳо ва ташвиқи онҳо ба корҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва ихтироъкорӣ;
ташаккули тафаккури илмӣ ва мантиқии хонандагон, бедор намудани завқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои ғайриодӣ;
рушди қобилияти истифодаи донишҳои назариявӣ ва татбиқи он дар амалия;
шиносоии бештари хонандагон ба кашфиёти нави илмҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятию гуманитарӣ, тарғиби донишҳои илмӣ дар байни хонандагон;
ошкор намудан ва рушди қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии хонандагони болаёқат;
мусоидат намудан ба хонандагон дар интихоби бошууронаи касб ва давом додани таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот... ва монанди инҳо.
Агар ин вазифаҳо иҷро мегардиданд, ҳар сол чӣ қадар хонандаи болаёқату шавқманди омӯзиш, истеъдодҳои нав дарёфт мешуд ва шояд барои баланд бардоштани завқи онҳо дар омӯзиши амиқи фанҳо ва ташвиқашон ба корҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва ихтироъкорӣ тадбирҳое низ андешида мешуданд. Бо иҷрои ин вазифаҳо олимпиада ҳар сол дар рушди тафаккури илмӣ ва мантиқӣ, дар нумуви қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии чӣ қадар хонандаҳо мусоидат мекард...
Чаро ин вазифаҳо иҷро намешаванд? Натиҷаи дастовардҳои хонандагон дар ин олимпиадаҳо ва баҳсҳои (саҳеҳтар – гиря ва ҷанҷолҳои) онҳову омӯзгорон (ва гоҳо падару модарон)-ашон бо ҳайати бознигарӣ (аъзои комиссияи апеллятсионӣ) дар рӯзи бознигарӣ (истиноф, апеллятсия) нишон медиҳанд, ки мақсад аз баргузории олимпиада на иҷрои ин вазифаҳо, балки гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ (1-ум, 2-юм, 3-юм) ва пас аз он соҳиб шудан ба холҳои имтиёзӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбист.
Мо гуфтанӣ нестем, ки сабқаткунандагони олимпиада ва омӯзгоронашон дар рӯзи бознигарӣ бо аъзои комиссияи апеллятсионӣ баҳс накунанд. Не! Ҳаргиз не! Агар даъвои хонанда (омӯзгораш ҳам) асос дошта бошад, бояд баҳс кунад, исбот созад, ки ӯ ҳақ аст. Мо тарафдори ҳақ ва ҳақталошием, ҷонибдори баҳсҳои созандаем. Вале, афсӯс, баҳсу ҷанҷолҳои аксари озмоишшавандагону омӯзгорон ё волидайнашон бештар ба хотири гирифтани 1 ё 2 холи зиёдатист. Хонандаи бечора гиря мекунад, ҳайати бознигариро хоҳишу илтиҷо мекунад, ки чанд холи дигар ба ӯ диҳанд, вагарна муаллимаш ӯро сарзаниш мекунад. Дар навбати худ, муаллимаш низ (чун мебинад, ки даъвояш беасос аст) илтимос мекунад, ки ба шогирдаш 1 ё 2 холи дигар диҳанд, ки ӯ ҷой гирад, вагарна мудири шуъбаи маорифи шаҳр (ноҳия) ӯро ҷазо медиҳад.
Ниҳояти ин баҳсу кашмакашҳо ҳамин аст, ки ғолибони “иҷрои нақша” хушҳол, вале онҳое, ки “нақша”-ро иҷро накардаанд (соҳиби ҷой нашудаанд) − сархаму малул... Омӯзгорон ва гоҳо падару модари хонандагони ҷойнагирифта дархости бозбинӣ – истиноф (апеллятсия) намуда, то дер бо ҳакамон (аъзои комиссияи апеллятсионӣ) барои ба даст овардани 1 ё 2 холи дигар баҳсҳои оташин мекунанд. Чун баҳсу даъвоҳои беҳудаашон ба ҷое намерасанд, натиҷаи матлубе намебинанд, то ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даъво мебаранд, ки шогирд ё фарзанди ман кори хаттӣ (иншо)-ро нағз навишта буд, аммо кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори ӯ нодурусту ноодилона баҳо гузоштаанд. Ва ин баҳсу ҷанҷолҳо рӯзу ҳафтаҳои дигар дар Маркази миллии тестӣ идома меёбанд...
Зимнан бояд гуфт, ки аз соли 2015 ин ҷониб даври 4-уми олимпиадаи (ҷумҳуриявии) хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумиро Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад. Суолу масъалаҳоро низ барои ин даври олимпиада мутобиқ ба мундариҷаи барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, барномаҳои таълими равиявӣ (ки мураккабтаранд) ва берун аз он мутахассисони ин Марказ таҳия менамоянд.
То ки ин гуфтаҳои моро хонандаи азиз беасос наҳисобад, мехоҳем натиҷаи даври чоруми (ҷумҳуриявии) олимпиадаи хонандагонро аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дар соли 2020-ум мавриди баррасӣ қарор диҳем.
Мувофиқи банди 7.2.-и Низомномаи номбурда даври чоруми (ҷумҳуриявии) олимпиада барои хонандагони ҳамаи муассисаҳои таълимӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик аз рӯйи супоришҳои зерин гузаронида мешавад:
супориши якум – иншо;
супориши дуюм – тест (саволҳои пӯшида бо интихоби як ҷавоби дуруст) ва луғат.
Доир ба натиҷаи дастоварди иштирокдорони олимпиада аз тест ва луғат ҷойи дигар хоҳем гуфт, аммо ин ҷо мехоҳем дар бораи натиҷаи иншо (кори хаттӣ) андешаамонро баён намоем.
Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дар соли 2020-ум 81 нафар хонандаи синфи 11-уми гимназия, литсей, мактабҳои президентӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар даври сеюми (минтақавии) олимпиада соҳиби ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм гардидаанд, иштирок намуданд.
Барои навиштани иншо 6 мавзуъ пешниҳод шуда буд. Мувофиқи талабот хонанда бояд доир ба яке аз ин мавзуъҳо иншо нависад:
- «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ мояи ифтихор ва барангезандаи ғурури миллии мост.
- Худшиносӣ ва дӯстию ҳамдилӣ – ҷавҳари осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ.
- Публитсистикаи Садриддин Айнӣ ва худшиносии миллии тоҷикон.
- Шуҷоату мардонагӣ ва озодихоҳӣ дар романи «Восеъ»-и Сотим Улуғзода.
- Ба бекорию нодонӣ намонем...
- «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст...»
Дар расми 1 нишон дода шудааст, ки аз ин 81 нафар иштирокдори олимпиада мавзуъҳои иншоро чӣ гуна интихоб кардаанд.
Санҷиши иншо ва баҳогузорӣ ба кори хонандагон дар асоси талаботи “Стандарт ва барномаи таълими забони тоҷикӣ”, ки Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп тавсия намудааст (соли 2017), ба роҳ монда шуд. Ба мазмун ва мундариҷаи иншо аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳо гузошта шуд:
мувофиқати баён ба мавзуъ;
шарҳи пурраи мавзуъ;
далелнокии баён;
дурустии маълумот (асолат ва ҳақиқат доштани маълумот/мавод; қалбакӣ набудан ё сирқат надоштанаш);
мураттабии баён.
Аз лиҳози забонӣ меъёрҳои зерин ба назар гирифта шуданд:
рангорангии луғат ва сохти грамматикии нутқ;
ягонагии услуб (сабк)-и баён.
Ба саводнокӣ аз рӯйи шумораи ғалатҳои имлоӣ, грамматикию услубӣ ва аломатҳои китобат баҳо дода шуд.
Натиҷаи тақсимоти иштирокдорон аз рӯйи баҳои иншояшон дар расми 2 нишон дода шудааст.
Чунонки дар расм дида мешавад, ягон нафар аз иншо баҳои 5/5 нагирифтааст. Дар ин маврид фақат 2,47 % (2 нафар)-и озмоишшудагон, ки баҳои 5/4 гирифтаанд, ба талаботи олимпиада нисбатан мутобиқанд. 1,23 %-и хонандагон (1 нафар) баҳои 5/3, 9,88 % (8 нафар) баҳои 4/4, 27,16 % (22 нафар) баҳои 4/3 ва дигарон баҳои қаноатбахш ва ё ғайриқаноатбахш гирифтаанд.
Вобаста ба натиҷаҳо ғалатҳои хонандагонро дар навиштани иншо асосан метавон аз рӯйи чанд масъала баршумурд.
1. Номувофиқатии мазмуни иншо ба мавзуъ. Аслан хонанда – хатмкунандаи синфи 11-ум – санҷишшавандаеро, ки ба ин талабу шарти иншо сарфаҳм намеравад, онро риоя намекунад, ба олимпиада, ба озмуне, ки ҳадафаш полоиш ва интихоб кардани беҳтарини беҳтаринҳост, роҳ додан ҷоиз нест ва аз ҳадди адлу инсоф берун аст. Ба кори он иншонависе, ки ҳадафи мавзуъро дарк намекунад, мавзуъ аз Ироқ асту ӯ аз фироқ мегӯяд, чӣ гуна метавон баҳо гузошт? Чунин кор, чунин “иншо” набояд аслан арзёбӣ карда шавад, зеро агар ин талабу қоидаи иншо риоя нагардида бошад, навиштаи хонанда аҳаммиятеро соҳиб нахоҳад дошт ва ҳоҷати санҷишу ғалатгирии минбаъда низ нест. Масалан, хонандае дар мавзуи “Шуҷоату мардонагӣ ва озодихоҳӣ дар романи “Восеъ”-и Сотим Улуғзода” 8 саҳифа иншо навиштааст, ки аз он 5 саҳифааш ба тарҷумаи ҳол ва асарҳои Улуғзода дахл дорад. Се саҳифаи боқимонда дар бораи шӯриши Восеъ ва кушта шудани ӯст. Доир ба мавзуъ ҳамагӣ 2 ҷумлаи бемантиқ оварда шудаасту бас!
Ва ё иншои хонанда дар мавзуи “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ мояи ифтихор ва барангезандаи ғурури миллии мост”, ки аз 3,5 саҳифа иборат аст, пурра дар бораи тарҷумаи ҳоли Фирдавсӣ, шумораи байтҳо, аз чанд қисм иборат будани “Шоҳнома” ва ба Султон Маҳмуд пешниҳод шудану напазируфтани он навишта шудааст. Хонанда ҳамчун далел як порчаи шеъриро доир ба парокандагии лашкар ва тарғиби донишомӯзию хирадмандӣ овардааст.
Иншо дар мавзуи “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст”, ки дар ҳаҷми 3,5 саҳифа навишта шудааст, умумигӯие дар бораи адибони тоҷик асту бас, на беш аз ин. Фақат бо як ҷумла қайд шудааст, ки Восеъ, Темурмалик, Спитамен, Шерак, Деваштич ифтихори мо ҳастанд.
Иншоҳои навиштаи хонандагон дар дигар мавзуъҳо низ ба ҳамин монанд аст. Як нафар “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро асари публитсистии Садриддин Айнӣ номидааст.
Аҷиб ин аст, ки дар он баҳсу ҷанҷолҳо, ки зикраш рафт, хонандагон зуд иштибоҳашонро мефаҳманд: оре, аз мавзуъ дур рафтааст, мавзуъро пурра накушодааст, вале омӯзгорони онҳо ин масъаларо фаҳмидан намехоҳанд. Даъво мекунанд, ки ана, чанд саҳифа навиштааст-ку! Барои ҳамин қадар навиштааш ягон холи дигар диҳед!...
2. Нодурустии аслу моҳияти маълумот ва далелҳои баён. Бинобар ноогоҳӣ аз мавзуъ ва надонистани адабиёту таърих, хонандагон далелҳои нодуруст меоранд.
2) нодуруст ва ғалат овардани порчаҳои шеърӣ.
3. Адабгуфтории ноҷо. Гоҳо ба назар мерасад, ки чанде аз хонандагон (сабқаткунандагони олимпиада) мехоҳанд адабгуфторӣ кунанд, ҷумлаҳои зебо нависанд ва бо ин роҳ забондониашонро нишон диҳанд. Вале, мутаассифона, бинобар кам будани захираи луғавиашон ва надонистани маънои вожаҳо ин кӯшишашон бенатиҷа мебарояд.
4. Риоя нагардидани меъёрҳои забони адабӣ. Чунонки гуфтем, бинобар костагию маҳдудии захираи луғавӣ, надонистани маънои аслию маҷозии калимаҳо ва ҷойи истифодаи онҳо хонандагон фикрашонро дуруст баён карда наметавонанд. Ҳангоми навиштани иншо меъёрҳои забони адабӣ риоя нагардидаанд. Дар бисёр мавридҳо тарзи баёни фикр нодуруст ва ҷумлаҳо бемаъною пурғалатанд.
Бештари иншоҳо бо чунин услуб ва бо ҳамин гуна ғалатҳои дағалу фоҳиш навишта шудаанд. Дар бораи ғалатҳои имлоӣ ва аломатҳои китобат чизе намегӯем, зеро дар баъзе иншоҳо шумораи ин гуна ғалатҳо то 30 ва аз он бештаранд.
Вақте ин гуна иншоҳо – “муъҷизакорӣ”-и хонандагонро медидем, ҳамон мақоли маъруфи “Хат – ғалат, имло – ғалат, иншо – ғалат, маъно – ғалат” ба ёдамон меомад. Аз худамон мепурсидем, ки чӣ гуна ин хонандагон то ба даври чоруми олимпиада (ҷумҳуриявӣ) омадаанд? Магар ҳаминҳоянд, ки дар шаҳр ё вилояти худ аз беҳтаринҳо будаанд? (Мувофиқи банди 6.12.-и Низомномаи олимпиада дар даври чоруми олимпиада хонандагони синфҳои 11-уми гимназия, литсей, мактабҳои президентӣ (4 нафар) ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (4 нафар), ки ҷойҳои 1, 2 ва 3-юмро (1 ҷойи якум, 1 ҷойи дуюм, 2 ҷойи сеюм) ишғол кардаанд, иштирок менамоянд.). Магар ҳаминҳоянд, ки барномаҳои таълимиро пурра аз худ намудаанд ва берун аз барномаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ аз уҳдаи талаботи супоришҳои олимпиада мебароянд? Магар ҳаминҳоянд хонандагони боистеъдод, ки инкишофи зеҳнии онҳо ба самти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ нигаронида шудааст? Магар ҳаминҳоянд он хонандагоне, ки тафаккури илмӣ ва мантиқиашон ташаккул ёфтааст? Худро чаро бифиребем?
Мо ба ин саволҳо ҷавоб надорем. Шояд масъулони марказҳои вилояту дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ посухе дошта бошанд?
Ҷамшед АЗИМОВ,
сардори раёсати таҳияи маводи имтиҳони
Маркази миллии тестии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Абдулбосит ФАЗЛИДДИНЗОДА,
муҳаррир дар ҳамин муассиса
Иловакунӣ
Иловакунии фикр