Ёдам меояд солҳои ҷанги дохилӣ дар кишвар бо сабаби нарасидани омӯзгорон, набудани шароити мусоиди таълимӣ, мактабҳо ба мушкилӣ дучор шуда буданд. Дар ҳамин вазъи сангин собиқ мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод Ҳасан Зиёев таъкид кард, ки занону духтарони фаъол ба курси кӯтоҳмуддати омӯзгорӣ ҷалб карда шаванд, то ин ки муассисаҳои таълимӣ бе омӯзгор намонанд. Он солҳо, махсусан, дар синфҳои ибтидоӣ омӯзгорон намерасиданд. Бо супориши шуъбаи маорифи ноҳия дар муассисаи таҳсилоти рақами 12 омӯзгорони ҷавон Дилафрӯз Толибова, Гулракат Мирзоева, Шарқия Муҳиддинова ва Муътабар Мирзоева ба таълиму тарбияи хонандагон дар синфҳои ибтидоӣ ҷалб шуданд. Соли 2006 дар шаҳри Ваҳдат филиали коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ кушода шуд. Дилафрӯз Толибова ба ҳамкоронаш ба коллеҷи мазкур имтиҳонҳоро бо муваффақият супорида, донишҷӯ шуданд. Дилафрӯз Толибова пас аз хатми коллеҷи омӯзгории шаҳри Ваҳдат ба муассисаи таҳсилоти умумии рақами 12 ба фаъолияти корӣ шуруъ кард.
Дилафрӯз Толибова 24 сол мешавад, ки ба хонандагони синфҳои поёнӣ дарс мегӯяд. Мавсуф дар давоми фаъолияти омӯзгориаш садҳо нафар шогирдро тарбия ва ба камол расондааст, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар вазифаҳои гуногун фаъолият мекунанд. Айни замон омӯзгор Дилафрӯз Толибова донишҷӯи ғоибонаи курси чоруми Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Дилафрӯз Толибова барои хизматҳои шоистааш дар пешбурди таълиму тарбияи хонандагон борҳо ба ифтихорномаю сипосномаҳои шуъбаи маорифи ноҳия ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Ҳокими САФАР,
ноҳияи Файзобод
Иловакунӣ
Иловакунии фикр