Нашрияи Омӯзгор

Мушкилоти кадрӣ: чӣ бояд кард?

Сана: 2022-01-19        Дида шуд: 114        Шарҳ: 0

 

Омода сохтани кадрҳои соҳибихтисос, диққати зарурӣ ва доимӣ бахшидан ба тақвияти неруҳои ақлонӣ, бардоштани ҳама гуна садду монеаҳои воқеии сунъию эҳтимолӣ, роҳи васеъ кушодан ба ҳар гуна ихтирооту кашфиёти ҷадид, аз арзишҳои маъмулии миқдорӣ ба арзишҳои сифатӣ гузаштан вазифаҳои ногузири ҳар як миллат ба шумор меравад.  

Рисолати аслии кадрҳои соҳибихтисос, рушд бахшидани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва дар олам муаррифӣ намудани он аст. “Мактаб- гаҳвораи тамаддун” ва “фарҳанг ҳастии миллат аст” гуфтани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам бесабаб нест. Кулли дастовардҳои дирӯзу имрӯзу фардои инсоният аз ҳамин ду сарчашмаи пок падид омадаас-ту меояд. Ин сарчашмаҳои зояндаро ҳамеша пок бояд дошт. Онҳоро нодида гирифтан, дар ҳифзашон саҳлангорӣ намудан, дар роҳи рушдашон монеаҳои сунъӣ эҷод намудан ҳамеша бар зарари рушду нумӯи ҷомеа аст.

Алҳол дар ҷомеаи мо қариб дар аксарияти соҳаҳо зуҳуроти норасоии кадрӣ, хусусан, кадрҳои босаводи ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ба мушоҳида мерасад. Байни кадрҳои соҳибихтисоси замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва кадрҳои имрӯза гӯё як фазои холӣ ҳукмфармост. Силсилазанҷири идомаи анъанаҳои нек гусаста гардида, таҷрибаивазкунию худомӯзӣ, худтанқидкунӣ барин мафҳумҳо тамоман аз байн рафтаанд.. Бо ин тарзи муносибату рафтор то куҷо мерасем?!

Баъзан насли ҷавонро таъна мезанему пайваста коҳиш менамоем, ки ин қадар волаю шайдо ва ташнаю ҳариси филмҳои истеҳсоли туркианд. Охир, худ қазоват намоед, ки овони ҷавонӣ мавсими ҷӯшу хурӯши умр асту ҷавонон талаботи пуртуғёни ҳиссиёти ботинии худро бояд бо воситае фурӯ нишонанд. Адабиёту таърихи ҳазорсола дорем. Дар саҳифаҳои онҳо ҳазорон қиссаю ривоят, асарҳо ва воқеаҳои ҷолиб мавҷуданд, вале ҳунари мисли туркон офаридан надорем. Халқҳое, ки дирӯзакак соҳиби адабиёту фарҳанг шуданд, моро мафтуну машғули худ сохтаанд. Қиссаи “ Юсуф ва Зулайхо” ҳазор сол аст, ки дар адабиёти мо сайр дорад. Вай моли ҳалоли мост. Чаро мо оид ба ин асар ва қиссаҳои амсоли он чизе офарида наметавонем? Як филми ҳунарии эронии “Юсуф ва Зулайхо” қариб як соли дароз, аз кӯдаки гаҳвора сар карда, то пиру кампири ҳаштодсолаи моро ба пояҳои оинаи нилгун баста монд. Филмҳои ба мисли “Қисмати шоир”, “Рустам ва Сӯҳроб”, “Достони Сиёвуш”, “Коваи оҳангар”, “Ашк ва шамшер”, ”Ҳеҷбудагон”, ”Марги судхӯр” боз оё падид меомада бошанд?!

Чунин ҳолат дар ҳамаи ҷабҳаю соҳаҳо ҳукмфармост. Вақте мураббӣ, муаллим, устод, олим, ҳунарманд, адиб, рӯзноманигор барои саришта намудани рӯзгораш ба ҷуз шуғли вазифавии худ ба мардикорӣ, муҳоҷират, киштукор, мевачинию мевахушкунӣ, устогӣ ва тиҷорат машғул мешавад, дигар чӣ ҳоҷати гап.

Мушкилоти кадрӣ дар ҳақиқат, нуктаи заъфи мост. Дар аксарияти мактабҳои деҳот омӯзгорони соҳибихтисос намерасанд. Натиҷаи ҳисоботи дурӯғини тамаллуқкорона, фишору тазйиқи бемавриду ноҷо, поймол намудани ҳуқуқи омӯзгор моро оқибат ба ин варта андохтааст. Хуллас, ҳар кӣ аз остонаи муқаддаси мактаб баъди “хараш аз лой гузаштан” берун пой мондаву паррончак шуд, ба намакдони ин даргоҳу заҳмати устодонаш туф кард...

Чун соли 2014 ММТ-и назди Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ҳама онро ба хушнудӣ пазируфтанд. Ҳаводоронаш низ ниҳоят бисёр буд. Ҳар як хатмкунанда вобаста ба имконият, дониш ва истеъдодаш ба кластерҳои дилхоҳаш ҳуҷҷат месупорид. Дар таърихи навини тоҷикон ин як такони ҷиддие буд барои гирифтани маълумоти дилхоҳ. Вале тадриҷан, бо гузашти 4-5 сол ба осиёби ин маърака оби хунук ворид шуд.

Истеъдодҳо, кадрҳои соҳи-бихтисос гулҳо сари сабади ҳар як ҷомеа ва муаррифгари миллатанд. Истеъдодҳоро бояд дарёфт намуд, сипас тарбия карда, ҳунару малакаи худододашонро бо оби меҳру ғамхорӣ суфтаю сайқал бояд дод. Ҳама дар ҷамъият соҳибистеъдоду соҳибихтисос будаю шуда наметавонанд. Баҳогузории яксон ва нодида гирифтани баъзе нуктаҳои нозуки рушди миллӣ, баъди даҳсолаҳо хатои маҳз будани худро бармало ошкор месозанд. Вале баъди кор аз кор гузаштан, ҳазор мушти пушаймонӣ ба сар занед ҳам, заррае фоида надорад.

Бино ба иттилоъ ва таҳлили расонаҳои хабарӣ ва муттахассисон, мебоист мактабҳои олии кишвар тибқи ММТ имсол 86 ҳазор донишҷӯйро ба таҳсил фаро мегирифтанд. Гарчи маъракаи ташвиқу таблиғ дар тамоми муассисаҳои миёнаи умумии кишвар, литсейю гимназияҳо хеле хубу самаранок ба роҳ монда шуда буд, вале ҳамагӣ ба ММТ 65 ҳазор нафар довталаб ҳуҷҷат супориданду халос, ки ин нақшаи қабулро 61,4 дарсад таъмин сохт. Ин нишондиҳанда назар ба як соли қаблӣ 16,4 дарсад кам аст. Бар замми ин, аз 65 ҳазор нафар довталаби ҳуҷҷатсупорида ва аз имтиҳонҳо гузаштаю ба унвони донишҷӯ соҳибшуда боз 12 ҳазор нафари дигар дар оғози соли таҳсил ба дарс ҳозир нашуданд.

Сабаби ин адами муносибат ба омӯзиши илм, ки сарчашмаи нуру зиё ва хушбахтист, дар куҷост?! Ҷавоби онро нахуст дар шароити иқтисодии хонаводагии довталабон бояд ҷустуҷӯ намуд. Маблағи гарони шартномаҳои таҳсил, ҳар сол рӯ ба коҳиш нею ба инкишоф аст. Ин мушкилот ҷавононро намегузорад, ба орзуҳои деринаи худ дастрасӣ дошта бошанд. Пайдо намудани ҷойҳои корӣ низ пас аз хатми донишгоҳу донишкадаҳо худ як муаммои дигар аст. Ҷорӣ гаштани хизмати яксолаи ҳатмӣ баъди хатми донишгоҳҳо ҳам ба алангаи ғайрати бисёриҳо оби сард рехт. Аз ин сабабҳо ҷавонон роҳи пурхатару осони ба саодат расидан, яъне муҳоҷирати меҳнатиро аз роҳи душвортару бошарафи ба саодат расидан, яъне таҳсил ва хизмат ба Ватани маҳбуб авло дониста, ба номи пурифтихори донишҷӯй соҳиб шуда бошанд ҳам, аз баҳри таҳсил баромада, роҳи мулки бегонаро пеш гирифтанд.

Дар қатори донишҷӯён имсол теъдоди қабули магистранту докторантҳо низ ба таври хеле нигаронкунанда коҳиш ёфтааст. Танҳо Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон 30 дарсади нақшаи қабули магистрантҳоро иҷро намуду халос. Ба ҷои 194 нафари дар нақша буда, ҳамагӣ 57 нафар довталаб имсол ба докторантураи ДМТ ҳуҷҷат супорид.

Барои пиёда намудани ормонҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ баъзан қонуну қоидаҳое мавҷуданд, ки онҳо ҳанӯз ба рӯйи коғаз наомадаанд. Онҳо дар лавҳи дили инсонҳои соҳибдил, худогоҳ, бонангу номус наққошию ҳаккокӣ гардидаанд. Риояи онҳо ба суди миллат аст. Риояи онҳоро аз инсонҳои бузургу ватанхоҳу ояндабин интизор шудан мумкин аст.

Барои андешаронӣ мисолеро пешкаши аҳли хираду фаҳм месозам. Муддати адои шартномаи гарони таҳсил дар макотиби олӣ барои як соли хониш аст. Маънояш ҳамин, ки  донишҷӯй ҳақ дорад, то охири соли таҳсил онро пурра ё вобаста ба шароити иқтисодиаш қисм- қисм пардохт намояд. Вале ҳақиқати воқеӣ ин тавр нест. Ҳоло донишҷӯй паси мизи мактаби олӣ нанишаста, даъвою талабу пардохти маблағи шартнома оғоз меёбад. Ҳамин шева ҳам як сабаби аслии дилсардии довталабон аз идомаи таҳсил аст... 

Дар Паёми охирини хеш Пешвои миллат аз минбари баланд зикр намуданд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ 11 ҳазору 500 нафар духтарони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон тибқи квотаи Президентӣ таҳсил намуда, маълумоти олӣ гирифтанд. Ҳамаи онҳо соҳиби тахассус гардида, ба халқу миллат бедареғ хизмат намуда истодаанд.

Ба ҷойи бунёди садҳои сунъӣ, монеаҳои бебунёд, ки ба дурнамои нақшаи тайёр намудани кадрҳои соҳибихтисос зарба мезананд, чун Пешвои муаззам дар ин самт ташуббускору ғамхор мебояд буд. Тибқи квотаи Президентӣ хондани хатмкунандагони ноҳияҳои дурдасти кишвар, хусусан, духтарон, дар ягон асру замони таърихи тоҷикон набуд. Агар ҳар як фарди худогоҳу дилсӯзи миллат ватанхоҳияшро дар суханҳои пучу болохонадор не, балки дар амал собит карда метавонист, ақаллан ҳар сол ё дар 3-5 сол як маротиба мисли Пешвои миллат нафареро аз фарзандони оилаҳои камбизоат ба мактабҳои олӣ дохил карда, дар таҳсилаш маблағгузорӣ менамуд, нуран алонур мешуд.

Афсӯс, ки барои аксарияти қишри ҷомеа пул, молу сарват маънои аслии зиндагӣ гардидааст. Арзишҳои миллӣ, анъанаҳои суннатӣ, тайёр намудани кадрҳои ба меъёрҳои байналхалқӣ рақобатпазир, ояндаи миллат барои бисёриҳо қиммате надорад.  Оҳанро бояд дар гармиаш кӯфт, чун  сарду сахт мегардад, бо ҳазорон заҳмати оҳангару зарбаи путк аз он чизе ҳосил намешавад...

 

Исматуллоҳи Абдуллоҳ,

узви ИЖТ,

директори МТМУ №25,

шаҳри Исфара


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш